Нашрияи Омӯзгор

«Лола»-и шукуфта

Сана: 2021-09-15        Дида шуд: 794        Шарҳ: 0

 

 

Аҳли кўдакистони №17 - «Лола»-и ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе мекўшанд, ки дар муассиса беҳтарин шароитро фароҳам оварда, кўдаконро дар рўҳияи меҳрубонию зебоипарастӣ, дўстию рафоқат, эҳтиром гузоштан ба муқаддасоти миллӣ ва бузургону ҳамсолон ба камол расонанд.

Мудири кўдакистон Ҳусния Кўчарзода иброз дошт, ки муассиса фаъолияти пурбор дошта, ба дастовардҳои зиёде ноил гардидааст. Соли гузашта  мураббии гурўҳи дуюми хурд Фарангис Шарифова дар даврҳои дохилимуассисавӣ, ноҳиявӣ ва шаҳрии озмуни «Мураббии соли Тоҷикистон-2020» ширкат варзида, пирўзӣ ба даст овард. Ҳамчунин, соли 2018 тарбиятгоҳ дар озмуни «Беҳтарин кўдакистони сол» сазовори ҷойи аввал дониста шуд. Ҷиҳати баланд бардоштани савияи дониш ва сатҳи касбии мураббиён рўзҳои шанбеи ҳар ҳафта «Рўзи методӣ» таъйин гардидааст, ки дар он мураббиён А. Холиқова, А. Абдуллоева, Ф. Бобоҷонова бо маърўзаҳои пурмуҳтаво баромад мекунанд. Самти назорати дохилимуассисавӣ хеле хуб ба роҳ монда шуда, ҳамарўза нақшаҳои кории мураббиён ва ҷараёни машғулиятҳояшон санҷида мешаванд.

Кўдакистони аз ду бинои дуошёна иборат буда, тамоми толорҳои машғулиятгузаронӣ бо таҷҳизоти муосири таълимӣ ва технологияи иттилоотӣ, аз қабили мизу курсӣ, бозичаҳои гуногунгшакл, васоити аёнӣ, комютер, проектор, тахтаҳои электронӣ (4 адад) пурра таъминанд. Айни замон 253 тарбиятгиранда дар 7 гурўҳ ба таълиму тарбия фаро гирифта шудаанд. Мураббиҳои бомаҳорати кўдакистон дар рафти машғулиятҳо аз усулҳои фаъоли таълим васеъ истифода бурда, дар такмилу тақвияти тафаккури зеҳнию ҷисмонӣ, инкишофи нутқ, баланд бардоштани ҳисси зебоипарастии кўдакон саҳми назаррас мегузоранд.

Кўдакистон бо муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи умумӣ ва мактабҳои типпи нав робитаи хуб  ба роҳ мондааст. Мураббиёни гурўҳҳои калон бо литсейи №3 ва мактаби №11-и пойтахт ҳамкории зич доранд. Корҳои беруназдарсӣ ва тарбиявӣ низ дар тарбиятгоҳ хуб ба роҳ монда шуда, ба муносибати иду ҷашнҳо ва санаҳои таърихӣ маҳфилу чорабиниҳои фарҳангию адабӣ гузаронида мешаванд.

Тавре Ҳ. Кўчарзода иттилоъ дод, вобаста ба ҳолати паҳншавии бемории ҳамагири Ковид-19 дар муассисаи таълимӣ тамоми чораҳои бехатарӣ ва безараргардонӣ амалӣ карда шудаанд. Аз моҳи марти соли гузашта беш аз 10 маротиба корҳои безараргардонӣ гузаронида шуд. Ҳолати саломатии кўдаконро мураббиён ва ҳамшираи тиббӣ тамоми рўз ҷиддӣ назорат мекунанд.

Базаи хоҷагидорӣ ва моддиву техникии муассиса ба талабот ҷавобгў буда, дохил ва беруни биноҳо аз таъмири ҷорӣ бароварда шуданд ва ҳуҷраву роҳравҳо бо лавҳаю овезаҳо оро ёфтаанд. Чанде пеш аз ҳисоби маблағҳои кўдакистон тахтаи электронӣ, яхдон, компютер, принтер, телевизор (1 ададӣ), 4 адад кондитсионер, 2 адад қолин, 4 адад термекс, мизу курсӣ барои 100 кўдак, 2 адад ҷевони китоб, 2 адад ҷевони либос, инчунин, 260 рахти хоб ва барои 2 гурўҳ матрасҳои тиббӣ харидорӣ шуданд.

Мудири кўдакистон Ҳусния Кўчарзода афзуд, ки ба пешвози 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳои ободониро вусъат бахшидаем. Ҳар ҳафта рўзҳои шанбе дар муассиса ва гирду атрофи он шанбегии дастаҷамъӣ гузаронида, ҷўйборҳоро аз партовҳо тоза намуда, бехи ниҳолу дарахтонро нарм мекунем ва гулу дарахтони нав мешинонем.  Миёни муассисаҳои таълимии ноҳия ҳар сол озмуни «Беҳтарин муассисаи таълимӣ дар самти корҳои ободонӣ» гузаронида мешавад. Хушбахтона, соли 2020 кўдакистон №17-«Лола» дар ин озмун ғолиб омада, сазовори ҷои якум гардид.

Дилафрўз Қурбонӣ,

«Омўзгор»     


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Дар табиат мавҷуде ваҳшитару дурушттар аз инсони бекор нест.
Ҳессе

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш