Нашрияи Омӯзгор

Оғози сохтмони бинои иловагии коллеҷ

Сана: 2021-09-15        Дида шуд: 797        Шарҳ: 0

 

Дар шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд  ба сохтмони бинои иловагии коллеҷи тиббии ба номи профессор Ю. Исҳоқӣ санги асос гузошта шуд.

Дар маросими оғози корҳои сохтмонӣ муовини якуми Сарвазири мамлакат Давлаталӣ Саид,  раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода,  вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Ҷамолиддин Абдуллозода, ҳайати меҳмонон аз вилояти Фарғонаи Ҷумҳурии Ўзбекистон иштирок карданд.

Давлаталӣ Саид ва Раҷаббой Аҳмадзода зимни суҳбат бо устодону донишҷўёни коллеҷи мазкур ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро табрик гуфта, бунёди бинои иловагии таълимиро муҳиму саривақтӣ арзёбӣ карданд.

Тибқи лоиҳа, бино 4095,40 м2 масоҳат дошта, аз 4 ошёна ва 1 таҳхона иборат мебошад, ки барои сохтмони он тибқи харҷнома, сенздаҳ миллион сомонӣ сарф мегардад.

Дар бино 5 адад утоқи корӣ, 17 адад синфхонаи таълимӣ барои 510 нафар донишҷў ба нақша гирифта шудаанд.

Инчунин, дар таҳхона ошхона, 1 адад утоқи кории бойгонӣ, 1 адад синфхонаи компютерӣ ва китобхонаи электронӣ барои 100 нафар донишҷў ва 1 адад утоқи корӣ ба истифода дода мешавад.

President.tj

 


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Дар оғози корҳоят ҳақро риоя кун, идомаи корҳо хуб мешаванд.
Гёте

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш