Нашрияи Омӯзгор

Озодамард аз нигоҳи устод Рўдакӣ – инсоне шоиста

Сана: 2021-09-23        Дида шуд: 831        Шарҳ: 0

 

Ин ки  замони ҳукумати  Сомониён  даврони тақвияти ифтихори миллӣ  ва эҳёи рўҳи эронӣ  буд, амрест, ки  на танҳо барои пажўҳишгарон маълум аст. Амирони сомонӣ, вазирони донишманди эшон, нухбагони сиёсӣ ва фарҳангии Хуросони бузург раванди умумӣ ва омилҳои  муассири онро, ки дар замони ҳукумати  гузаштагонашон – Тоҳириён ва махсусан, оли Саффор  дар ин замина  оғоз шуда буд, таъмиқ бахшиданд  ва густариш доданд.   Хидмати адабиёт, бахусус, шеър  дар ин росто хеле бузург аст.

Шуарои даврони сомонӣ, ки  роҳнамою сарварашон устод Абуабдуллоҳи Рўдакӣ буд,  бо кори  ба назм овардани ривоятҳои пешазисломии ақвоми эронӣ (Масъуди Марвазӣ, Дақиқӣ, Фирдавсӣ ва шояд ҳам Рўдакӣ, ки абёти парокандае аз маснавӣ дар  баҳри мутақориб аз ў боқӣ мондааст),   ақоиди  фалсафию иҷтимоӣ, русуму одоб (Рўдакӣ, Фирдавсӣ) ва  ахлоқии пешазисломӣ (Рўдакӣ, Абушакури Балхӣ, Фирдавсӣ, Ибни Сино)   дар амри  шаклгирии этникии   навини эрониён, ки аз ҳамон замон ба номи умумии  тоҷик ёд мешаванд,   саҳми бузург доштанд. Сиёсати оқилонаи мардони  сиёсӣ – аъам аз амиру  вазир аз сўйе  ва офаридаҳои бадеъи аҳли адабу фарҳанг  аз сўйи дигар боис гардид, ки ақвоми  бузургу деринаи эронӣ, чунончи бо мисриёну суриёнию алҷазоириҳо  рух дод, дар қавми араб мунҳал нашуданд, балки бо он ки дини нав –  исломро пазируфтанд,  забони худ– муҳимтарин рукни ҳувияти миллиро нигоҳ дошта  ва  ақоиди сиёсӣ, фалсафӣ ахлоқӣ  ва фарҳанги худро ҷойе  бо андаке тағаййуру таҳаввул ва ҷойе  айнан  бо   ақоиди исломӣ омезиш доданд  ва аз ин  кимиё  зари холис – андешаҳои бикру жарф  ва осори бадеъи муассир   офариданд, ки ниҳоятан саҳми бузург ва шоистае дар фарҳанги ҷаҳонӣ гардид.     

Зимнан, ин марҳалаи навини торихӣ ба мардони комилан ҷадид ниёз дошт, то ба таҳаввулоти комилан навини иҷтимоӣ, сиёсӣ, фарҳангии   ҷомиа посухгў бошанд ва ин таҳаввулу тағаййурро тақвият бахшанду таҳаққуқ бахшанд. Эроншиноси рус   И. С. Брагинский мукарраран таъкид кардааст, ки Рўдакӣ аввалин шоири порсигўй буд, ки Инсонро  дар меҳвари эҷодиёти худ қарор дод . Ҳамчунин, Рўдакӣ эҳтимолан нахустин касе буд (дастикам дар миёни шоирон), ки дар марҳалаи пасазисломии торихи мо ба  тавсифи ин Инсони навин пардохт  ва ҳам   барои тавсифу тамҷиди  ин Инсон   истилоҳи роиҷи тоисломиро  ба доираи  истифода кашид.  Истилоҳе, ки  Рўдакӣ аз торихи пешазисломии ақвоми эронӣ ахз кард,    «Озода» ва ё арабии  он – «ҳур»  (ва   ба гунаи ҷамъ «озодагон»;  ва низ  гунаи дигари он ки исми  арабӣ- форсии  «ҳурон») аст,  ки ҳамчунин гоҳе дар ашъори устод ба номҳои Озодамард ва  Озоданижод низ омадааст. Ин истилоҳ баъдан низ барои ифодаи гурўҳи хоси этникӣ–иҷтимоии ашрофи эронӣ  ба кор гирифта шуд  ва  ба суннати адабие  бадал гардид,  ки баъдан  дар сурудаҳои Дақиқӣ,  Фирдавсӣ, Носири Хусрав идома меёбад. Бояд гуфт, ин номро ҳам, ки  Рўдакӣ аз торих ва сунани қабл аз исломии мардуми эронӣ иқтибос кард,  барои тақвияти ифтихор ва ҳувияти  миллӣ ва низ барои офариниши тимсоли Марди «идеалӣ» истифода кардааст. Абдулаҳмади Ҷовид – муҳаққиқи тоҷики афғонистонӣ навиштааст, ки  дар замони шоҳи сосонӣ Хусрави Анушервон ҳабашиҳо бар Яман тасаллут ёфтанд. Амири Яман  аз шоҳи сосонӣ ёрӣ хост ва «Анушервон панҷоҳ ҳазор аскарро бо ў гусел кард ва ҳабашиҳорро аз хоки Яман ронд. Арабҳо ин лашкарро, ки солҳо зимоми умурро дар он ҷо дар даст доштанд, бан-ул-аҳрор ё абно-ул-аҳрор ва ё аҳрор  ва ҳатто абно хонданд ва сипас ин калима лақаби тамоми форсизабонҳо гашт. Дар адаби мо ҳар ҷо, ки аҳрор ё тарҷумаи онро – озода ва озодагӣ мегўянд, мурод даризабонҳо ва тоҷикҳост» . Ба фармудаи устод С. Нафисӣ «озода»-ву «аҳрор» пас аз истилои араб ба нуҷабои бозмонда аз  замони Сосониён мегуфтаанд, ки ба назари мо, каме маҳдуд аст, зеро ин истилоҳ   дар давраи навини торихи мардуми мо фаротар аз муҳити давлати Сосониён корбурд доштааст,  чунончи   эҳё ва аз нав ба истифода гирифтани он  дар Бухоро – дар шаҳре сурат пазируфт, ки аз маҳдудаи ҳукумати  Сосониён берун буд. Ва дигар, корбурди  ин истилоҳ дар бархе аз абёти Рўдакӣ гувоҳ аст, ки дар замони ў ва ё худ аз нигоҳи ў  «озода» вусъати бештари иҷтимоӣ пайдо карда, зоҳиран  ба ҷуз табақаи боло ва мунъими ҷомеа, ҳамчунин, табақаи поёнӣ ва нодору муҳтоҷро фаро мегирифтааст. Дар акси ҳол, байтҳои зайлро намтевон ба дурустӣ шарҳ дод:

Мудхилонро рикоб зарогин,

Пойи озодагон наёбад сур.

Замона панде озодвор дод маро,

Замонаро, чу наку бингарӣ, ҳама панд аст.

Замона гуфт маро, хашми хеш дор нигоҳ,

Киро забон на ба банд аст, пой дар банд аст.

Ҳарчи ҳам бошад, ин нукта бебаҳс аст, ки Рўдакӣ ба унвони аввалин шоири бузурги миллии мо  ин  истилоҳро бо ҳадафҳои худ ва давлати Сомониён, ки дарёфти ҳарчи бештари  истиқлоли сиёсӣ  буд, муносиб дид ва онро барои тақвияти ҳувийят ва ифтихори миллӣ ба  истифода гирифт. Басомади болои ин ном дар андак ашъори бозмонда аз Одамушшуаро худ таъйиди ин маънӣ аст. Ба ҷуз ду порае, ки дар боло иқтибос кардем, ин истилоҳ ва гунаҳои онро боз дар абёти зерини устод  мебинем:     

Май орад шарафи мард мепадид,

Озоданижод аз дирамхарид.

Доим бар ҷони ў биларзам зеро-к

Модари озодагон кам орад фарзанд.

Як саф мирону Балъамӣ биншаста,

Як саф ҳуррону Пирсолеҳи деҳқон. 

Чаҳор чиз мар озодаро зи ғам бихарад:

Тани дурусту хўйи неку номи некухирад.

Ҳар он ки Эзадаш ин ҳар чаҳор рўзӣ кард,

Сазад, ки шод зияд ҷовидону ғам нах(в)арад.

Қитъаи  охир барои шарҳу басти мавзуи мавриди баҳси мо  – Марди озода  ва ё инсони шоистаю боиста аз назари Рўдакӣ хеле муҳим аст.  Ба ақидаи устод,  барои зиндагии саодатманди фарди озода чаҳор сифат ё хислат муҳим аст:  1) тани дурусту солим, яъне  бадане бидуни беморию нуқсони ҷисмонӣ; 2) хўй (хислати) нек доштан, ки ҳамон ахлоқи ҳамида аст; 3) хирадмандӣ, ки умдатан бо дониш якҷо меояд ва бо ду роҳи  касби дониш ва таҷрибаи рўзгор ҳосил мегардад;  4) номи нек. Аммо сифати охир– номи нек маънои хеле густарда дорад ва  метавонад ҳам ҳосили ахлоқи ҳамидаю хирамандӣ бошад, ҳам родию саховат ва ҳам  адолати соҳибном. Ва ин гуфтаи моро  баррасии ашъори бозмонда аз Рўдакӣ  низ таъйид мекунад.  Инак,  метавон гуфт, ки Озода ва ё Инсони нексиришт, инсоне,  ки вуҷуди ў  ва  куниши ў  боиси саодати дигарон  ва фаротар аз он ҷаҳон мешавад (ҷаҳоне, ки ҳукми ин Инсон дар он равон аст),  асосан   мавсуф ба  панҷ   сифат бояд бошад:  ахлоқи  ҳамида, донишу хирадмандӣ, саховат,  шуҷоат ва адолат.  Ҳар яке аз ин авсоф боз сифатҳои дигареро дар худ ҷамъ овардаанд, ки  ҳама бо ҳам тимсоли  Инсони комил  ва Марди тамомро пеши назар муҷассам месозанд…  Ҳоло барои таъйиди ин гуфтаҳо ва шарҳу басти мавзуъ ба симои зоҳирӣ ва ботинии  яке аз чунин мардони тамом –Абуҷаъфар Аҳмад ибни Муҳаммад – шаҳриёри Систон – мамдуҳи шоир  дар  танҳо қасидаи мадҳияи ба гунаи комил бозмондаи  Рўдакӣ  – «Модари май»   менигарем.  Ва зимнан барои тақвият аз соири ашъори шоир намунаҳо меоварем.

Хирадмандию донишмандӣ.

Абуҷаъфар марде хирадманд  ва донишманду донишпарвар аст;  дар ҳикмати назарию амалӣ ба Суқроту Афлотун ва Луқмон монанд аст ва  дар фиқҳу  илми шариат  мушобеҳи  Абуҳанифаю Шофеӣ ва Абусуфён:

В-ар ту ҳакимиву роҳи ҳикмат ҷўйӣ,

Сирати ў гиру хуб мазҳаби ў дон.

Он ки ба ў бингарӣ, ба ҳикмат гўйӣ:

Инак, Суқроту ҳам Фалотуни Юнон!

В-ар ту фақеҳиву суйи шаръ гиройӣ,

Шофеъӣ, инак-ту Бўҳанифаву Суфён!

Гар бикушояд зуфон ба илму ба ҳикмат,

Гўш кун, инак, ба илму ҳикмати Луқмон!

Абуҷаъфар азбас худ адаб (дониш, фарҳанг) ва хирад дорад, ҳам боиси афзоиши хираду адабу имону донишмандону хирадмандон мешавад ва ҳам қадри ононро  медонад ва ҳимояти хешро аз онон дареғ намедорад:

Марди адабро хирад фазояду ҳикмат,

Марди хирадро адаб фазояду имон.

Дигар аз фазоили мамдуҳ сухандонии ўст, ки албатта, натиҷаи донишу хираду ўст ва  ин аст, ки суханро дуруст мешиносад ва сухандонро подош  медиҳад:

Мадҳ расул аст, узри ман  бирасонад,

То бишиносад дуруст мири сухандон…

Марди суханро аз ў навохтану бирр,

Марди адабро аз ў вазифаи девон.

Сухандонӣ дар назарияи Инсони шоиста ва ё Озодамарди Рўдакӣ мавқеъи хосса дорад ва ин аст, ки дар қасидае дигаре низ, ки порае аз он ба мо расидааст, дар радифи авсофи дигар: родӣ (саховат), шермардӣ (шуҷоат), хирадмандӣ   бар сухандонии мамдуҳаш  низ таъкид мекунад. 

Бояд гуфт, тавсифи илму дониш ва хирад аз мавзуъҳои меҳварии ашъори Рўдакӣ ва дигар шоирони замони Сомонӣ аст  ва муҳаққиқони зиёд, аз ҷумла С. Нафисӣ, А.Мирзоев, А. Афсаҳзод, М. Муллоаҳмадов ин мавзуъро  дар ашъори бозмондаи устод Рўдакӣ ба таври густарда таҳқиқ кардаанд, ки дар ин ҷо  зарурати такрори он ҳамаро намебинам. Фақат ин нуктаро мехоҳам таъкид бикунам, ки дар назарияи Инсони шоистаи шоир низ донишмандию хирамандӣ  бар дигар сифатҳои чунин инсон  авлавият ва руҷҳон  дорад.

Адолат. Адолати амири Систон ба ҳадде густарда аст, ки ба офтоб мемонад, чунонки офтоб бидуни тафовут ба ҳама ҷову ҳама кас метобад,  адли Абуҷъфар низ чунин фарогир ва ҳамагонӣ аст:

Он малики адлу офтоби замона,

Зинда бад-ў доду рўшнойии Геҳон..

Фар бад-ў ёфт мулки тираву торӣ,

Адн бад-ў гашт пиргетии вайрон.

Ин аст, ки кишвар, ки қаблан макони зулмонӣ ва торик будааст, ба юмни  анвори адолати Абуҷаъфар   рўшаноӣ пайдо кард ва ҷаҳон, ки бар асари пирӣ вайрону шикаста шуда буд,  аз баракати  адли ў монанди биҳишт гашт. Ин маънӣ – яъне адли ҳоким ва умуман, ашроф  барои  Рўдакӣ хеле муҳим аст, ин аст, ки онро дар  қасидаи дигаре, ки дар мадҳи  яке аз муқаррабони дарбори Амир Насри Сомонӣ гуфтааст, низ меоварад:

Геҳон ба адли хоҷаи Аднонӣ,

Адн асту корҳо ҳама б-андомо!

Нуктаи муҳимми дигар ин аст, ки  адолати амир Абуҷаъфар танҳо барои баргузидагон (муқаррабон, ашроф, сарватмандон)  нест, балки ҳамаи раъиятро шомил мешавад, заифон (бечорагону мискинон)  низ аз адли ў баҳраваранд, чунонки қавиён (ашрофзодагон) :

Боз ба ҳангоми доду адл бари халқ,

Нест ба гетӣ чу ў набилу мусалмон!

Дод биёбад заиф ҳамчу қавӣ з-ўй,

Ҷавр набинӣ ба назди ўву на удвон.

Ахлоқи ҳамида. Дар асл адолат ҳам  ҳосилу натиҷаи ахлоқи  ҳамида аст,  аммо чун адл  дар низоми иҷтимоӣ ва кишвардорӣ  аҳаммияти фавқулода бузург дорад ва  азбаски Рўдакӣ дар мадҳияҳои худ  ба ин мақула  таваҷҷуҳи хос дорад, мо  он мавзуъро  ба гунаи ҷудогона ёд кардем. Акнун ба нукоти дигари марбут ба  ахлоқи ҳамида  мепардозем. Он чи ки  аз назари Рўдакӣ  барои ашроф ва бахусус, амирону вазирон, ки тасмимҳояшон ба зиндагонии садҳо ҳазор  нафар дахолат мекунад, муҳим аст, хўйи нек аст, ки машмул бар хештандорӣ, ҳилм, пўзиши хатокоронро пазируфтан ва аз гуноҳи онон гузаштану афв кардан , хашми хешро фурў бурдан ва ғ. аст:   

Гарчи ба ҳангоми ҳилм кўҳи тани ўй

Кўҳи Сиём аст, ки кас набинад ҷунбон!

Бо расани авфи он муборак хусрав

Ҳалқаи танг аст ҳар-ч дашту биёбон.

Пўзиш бипзираду гуноҳ бибахшад,

Хашм наронад, ба афв кўшаду ғуфрон.

Рўдакӣ бар ин аст, ки накукорӣ ва гироиш ба сулҳ  низ марбут ба сатҳи донишу  хиради инсон аст ва аз ин тариқ накукориро низ ҳосили хирадмандию донишмандӣ медонад. Дар қасидае, ки танҳо байте то замони мо расидааст, мегўяд:

Ҳама ниюшаи хоҷа ба некуиву ба сулҳ,

Ҳама ниюшаи нодон ба ҷангу кори  ниғом.

Саховат. Амири Систон родмарду сахист.  Саховати ў мисли абри баҳорист, ки бидуни тафовут ба ҳамаю ҳар чиз меборад.  Вай на фақат ба шоири  модеҳи «фақиру тиҳидаст»-и худ зари бисёр ва шутури пурбор (ҳумлон) мебахшад, балки  ба сабаби неъмати ў ҳеч касе дар ҷаҳон урён нест, «бастаи гетӣ»  (он ки дар қайди зиндагонии сахту душвор аст)  аз ў роҳат  меёбад ва  «хастаи  гетӣ» (он ки бар асари  азобу азиятҳои зиндагонӣ  маҷрўҳу шикаста шудааст)  дармон:

Боз бад-он гаҳ, ки май ба даст бигирад,

Абри баҳорӣ чу ў наборад борон!

Абри баҳорӣ ҷуз оби тира наборад,

Ў ҳама дебо ба тахту зарр ба анбон.

Бо ду кафи ў зи бас ато, ки бибахшад,

Хор намояд ҳадису қиссаи тўфон!

Лоҷарам аз ҷуду аз саховати ўяст

Нарх гирифта мадеҳу сомит арзон!

Шоир зӣ ў равад фақиру таҳидаст,

Бо зари бисёр бозгардаду ҳумлон!...

Неъмати ў густарида бар ҳама гетӣ,

Он чи кас аз неъматаш набинӣ урён.

Бастаи гетӣ аз ў биёбад роҳат,

Хастаи гетӣ аз ў биёбад дармон. 

Шуҷоат. Амре бадеҳист, ки шоҳу амир, ба вежа, агар озодамард аст, бояд шуҷоъу далеру ҷасур ҳам бошад, дар акси ҳол, наметавонад мулкро аз душманони хориҷию дохилӣ дифоъ бикунад.  Ва амир Абуҷаъфар низ мавсуф ба ин  сифатҳо аст. Ў саворест, ки то ҷаҳон боқист, аспе чунин саворро нахоҳад дид, жандапил дар ҷанги ў хор аст, Исфандиёр  ҳарифи синони ў нест, ҳатто ситораи Баҳром (ки рамзи ҷанговарӣ аст)  дар осмон низ туъмаи шашери ўст:

Соми суворе, ки то ситора битобад,

Асп набинад чун ў сувор ба майдон!

Боз ба рўзи набарду кину ҳамият,

Гар-ш бибинӣ миёни миғфару хафтон,

Хор намояд-т жандапил бад-он гоҳ,

В-арчи бувад масту шергаштаву ғуррон!

В-ар-ш бидидӣ Сифандиёр  гаҳи разм,

Пеши синонаш ҷаҳон давидию ларзон!…

Душман агар аждаҳост, пеши синонаш

Гардад чун мум пеши оташи сўзон!

В-ар ба набард оядаш ситораи Баҳром,

Тўшаи шамшери ў шавад ба гаразмон!

Дар пораҳои бозмондаи қасоиди  дигари Рўдакӣ низ пайваста  тавсифи шуҷоату далерии  мамдуҳ дида мешавад.   Разму базм, ки дар шеъри замони сомонӣ, махсусан, дар қасоиди мадҳияе, ки мамдуҳаш шоҳон бошанд ва ё расои давлатмардон  ва ҳамчунин, дар достонҳои «Шоҳнома»  пайваста канори  ҳам омадаанд ва баъдан ба шеъри шоирони адвори баъд мунтақил шудаанд,  арсае гардида, ки ба шоирон имкон фароҳам овардааст, то аз ҷасорату қаҳрамониҳои мамдуҳонашон (бахши разм) ва саховати онҳо (бахши базм)  паҳлуи ҳам доди сухан бидиҳанд.  Аввалин чунин пораҳои бозмондаи разму базми шоҳон низ аз ашъори Рўдакӣ ба мо расидааст:

Ҳотами Тойӣ туӣ андар сахо,

Рустам Дастон туйӣ андар набард.

Не, ки Ҳотам  нест бо ҷуди ту род,

Не, ки Рустам нест дар ҷанги ту мард. 

Ё дар марсияи  марде олимақом мегўяд:

Ай дареғ, он ҳури ҳангоми  сахо Ҳотамфаш,

Ай дареғ, он гави ҳангоми вағо Сомгироҳ.

Муаллифи «Торихи Систон», ки ин қасидаи ғарро ба воситаи ин китоби нафис то замони  мо расида, дар мавриди суруда шудани қасида ва шахси Абуҷаъфар чунин овардааст: «ва мо ин шеър бад-он ёд кардем, то ҳар ки ин шеър бихонад, амир Боҷаъфарро дида бошад, ки ҳама чунин буд, ки вай гуфтаст. Ва ин шеър андар маҷлиси амири Хуросон ва содот Рўдакӣ бихондаст, ҳеч кас як байту як маънӣ аз ин, ки дар ў гуфта буд, мункар нашуд, илло, ҳама ба як забон гуфтанд, ки андар ў ҳарчи мадеҳ гўйӣ,  муқассир бошӣ, ки марди тамом аст ».  

Бо ин ҳол ва агарчи баъид нест, дар воқеъ, Абуҷаъфар марде мавсуф ба ин ҳама сифатҳо буда бошад, ки Рўдакӣ бо каме муболиғаи шоирона мадҳаш кардааст, метавон то ҷойе бо гуфтаи академик Абдулғанӣ Мирзоев мувофиқ буд, ки ин қасидаро намунаи равшани «тарғиб намудани ҳукмрони идеалӣ» меномад , ки дар он сурату сирати амири Систон хусусияти тарбиявӣ дорад. 

Бояд гуфт, А.  Мирзоев, ки   низ ин  қасидаро аз  назари тавсифи сифатҳои амир Абуҷаъфар  аз ҷониби Рўдакӣ мавриди таҳлили муфассал қарор дода буд,  суханони муаллифи «Торихи Систон» дар мавриди мутобиқати тавсифоти Рўдакӣ бо симои аслии Абуҷаъфарро рад мекунад ва бар ин назар аст, ки  дар ҳеч ҷомеаи синфӣ ҳукмроне бо чунин сифот наметавонад буда бошад. Дар қазовати устод А. Мирзоев таъсири идеологияи ҳоким бар ҷомеа дар замони  ў – идеологияи коммунистии мабнӣ бар ҷомеаи  бидуни синфҳои бо ҳам мухолиф машҳуд аст ва дар ин ҳол, ў худ  ба эътибор намегирад, ки Рўдакӣ низ фарзанди замони худ буд ва фаҳмиши ў аз сифоти ҳасанаи одамӣ, аз ҷумла, адолат, ки хўрдагирии Мирзоев бештар ба ҳамин сифати амири Систон аст, аз сўйе мутобиқ  бо дарки замонаи худаш ва аз ҷонибе барои ташвиқу тарғиби сифоти ҳасанаи инсонист. Ҳамчунин, бояд таъкид кард, ки тавсифоти Рўдакӣ аз амир Абуҷаъфар тавсифҳои шоирона аст, ки дар он, аз ҷумла,  муболиға аз василаҳо ва абзорҳои халлоқияти сувари хаёл мебошад. Мадҳу ҳаҷв ду самти бо ҳам мухолифи шеър ҳастанд, ки бештар аз дигар анвоъи шеър бар муболиға асос ёфтаанд ва муболиғаи шоиронаро бо дурўғ яке донистан  ва бо ин далел ба сухани шоир бо назари инкору мазаммат нигаристан ба ҳеч рўй дуруст нест.   Далели дигари А. Мирзоев бар номутобиқатии сифатҳои барҷастаи инсонӣ ба як нафар  ин аст, ки «дар ашъори боқимондаи Рўдакӣ сифатҳои дар боло зикршуда ҳатто ба Наср бинни Аҳмади Сомонӣ низ нисбат дода нашудаанд».  Аммо асли   сухан ҳам ин  аст, ки аз Рўдакӣ  ашъори ночизе (шояд аз ҳазор як ҳисса, агар гуфтаи Рашидии Самарқандиро ба назар бигирем) то замони мо расидааст, аз ҷумла,  аз қасоиди ў ки эҳтимолан қисми аъзами офаридаҳои ўро ташкил медод, танҳо ду қасидаи комил бозмондааст, ки аз ин ду низ танҳо яке – ҳамин  «Модари май»   қасидаи маҳдӣ аст. Аз пораҳои бозмондаи  қасидаҳои  дигари шоир низ мамдуҳи  фақат  ду  пораи дубайтӣ, ба яқин,  Наср ибни Аҳмади Сомонӣ аст. Ва дар ин ҳол ҳукм бар ин, ки Рудакӣ ҳатто амири сомониро  чунин тавсиф накарда, ки Абуҷаъфарро аслан дуруст нест.  Афзун бар,  ин маъонӣ ва мазмуни абёти қасидаи «Модари май»  ва гоҳе таркибҳои тавсифшудаи Абуҷаъфар дар ин қасидаро дар пораҳои парокандаи бозмондаи дигар аз Рўдакӣ низ пайдо мекунем. Чанд намуна аз ин пораҳоро дар боло иқтибос кардем. Ҳоло таваҷҷуҳ кунед ба абёти бозмонда аз дигар  устод. Дар қасидае, ки мамдуҳаш маълум нест ва бо қаринаҳое метавон мамдуҳи онро Насри ибни Аҳмади Сомонӣ ва ё падари ў Аҳмад ибни Исмоил донист, Рўдакӣ боз ҳам   саховат, шуҷоат, хирадмандӣ ва сухандонии  мамдуҳашро васф мекунад:     

Аз маликон кас чу ў  набуд ҷувоне,

Роду сухандону шермарду хирадманд.

Кас нашиносад ҳаме, ки кушиши ў чун,

Халқ надонад ҳаме, ки бахшиши ў чанд.

Дасту забон зарру дурр пароканд ўро

Ном ба гетӣ на аз гизоф пароканд. 

Мавзуи  дигаре, ки дар иртибот  бо  тавсифи Инсони шоиста ва ё озодамард  дар ашъори устод Рўдакӣ гуфтанист ва то ҳадде метавон онро ба саховат низ марбут донист, дар баробари худ хўрдан ба дигарон низ бахш  кардани ғизо аст.  Ин мазмун дар андаке ашъори бозмонда аз Рўдакӣ он қадар фаровон аст, ки  бидуни тардид онро метавон аз мавзуъоти меҳварии устод донист.   Барои он ки сухан дароз нашавад, танҳо ду намуна меоварам:

Некбахт он касе, ки доду бихўрд,

Шўрбахт он, ки ў нахўрду надод.

Худ хуру худ деҳ, куҷо набуд пашемон,

Ҳар ки бихўрду бидод аз он чи биялфахт.

Бояд гуфт, ин маъниро Фидрдавсӣ низ дар «Шоҳнома» фаровон истифода кардааст, ки аз он ҷо низ чун мисдоқи «мушт намунаи харвор» ду намуна меоварам:

Зи хўрду зи бахшиш маёсой ҳеч,

Ҳама донишу дод додан бисеч.

Биё, то ба шодӣ хўрему диҳем,

Чу гоҳи гузашта бувад, бигзарем.

Нуктаи ҷолиб ин аст, ки чунончи истилоҳи «озода» аз даврони пешазисломии ақвоми эронӣ иқтибос шудааст, андешаи муборак  будани ба дигарон додани хўрданӣ дар баробари худ хўрдан   низ аз сунани эрониёни қадим будааст. Фаридуни Ҷунайдӣ  – муҳаққиқи рўзгори эрониёни бостон дар ин бора гуфтааст: «Хўрдан ва бахшидан аз анхустин пояҳои андешаи эронӣ аст; чунончи дар ҳама ойинҳои дин ва ойинҳои даргузашти касон, наухстин кор пухтан ва пахш кардан ва хўронидан ва ба вежа, сер кардани дарвешон ва корвониён буда ва ҳаст ».

Хулоса, Рўдакӣ ба воситаи тимсоли Озода ва ё Озодамард талош кардааст  консепсияи Инсони шоистаро эҷод бикунад ва чунонки пораҳои бозмонда аз ашъори мадҳияи ў гувоҳӣ медиҳанд, дар ин амр мувафақ ҳам шудааст. Озодамард ва ё Инсони шоистаи Рўдакӣ дорои беҳтарин сифатҳои як марди табақаи ашроф аст, ки фаъъолияти ў метавонад боиси саодату хушрўзии  дигарон бишавад.    Албатта, ин  Инсон то ҳадде  инсони ормонист ва ҳадафи шоир низ  таблиғу ташвиқи давлатмардони замонаш аст, то ба ин васила рўҳияи миллӣ  ва ҳувияти миллиро дар қалбу мағзи онон парвариш бидиҳад ва Растохези дар ҳоли рушдро бештар густариш ва умқ бибахшад. Шеъри Рўдакӣ аз ин назар ва дар ин замина аҳаммияти бузурги тарбиявиро молик буд ва имрўз низ бешак, ин вазифаро ифо мекунад.

Қодири Рустам

 

 


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Бузургон ҳеҷ гоҳ носипос набудаанд.
Гёте

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш