Нашрияи Омӯзгор

Дарси муосир ва ҷанбаҳои он

Сана: 2021-09-23        Дида шуд: 820        Шарҳ: 0

 

Дарси хуб назокат ва хусусияти ба худ хосро дорад, ки бо сабки фардӣ ва хислатҳои шахсии омўзгор ба роҳ монда мешавад. Арзиши воқеии дарс натиҷаи он, яъне, дараҷаи азхудкунии мавод аз ҷониби хонандагон мебошад. Сарфи назар аз он ки омўзгор усулҳои самараноки таълимиро истифода мебарад, агар шогирдон мавзуи дарсиро аз худ накунанд, пас наметавон ин дарсро натиҷабахш номид. Хонандагон бояд ҳаҷми пешакӣ муайян шудаи донишро аз худ кунанд, малакаву маҳорати заруриро коркард намоянд, дар машғулиятҳои мустақилона донишҳояшонро васеъ, амиқ, мустаҳкам гардонанд.

Чӣ бояд кард, то ба натиҷаи дилхоҳ ноил шавем? Барои ин, ба мо зарур аст, ки ҳар як дарси худро мавриди таҳлил ва худтаҳлилкунӣ қарор диҳем. Таҳлили батафсили дарс ҷонибҳои зеринро бояд дар бар бигирад:

1. Қисми ташкилии дарс. Иштироккунанда муайян мекунад, ки оё омўзгор сари вақт ба дарс ҳозир шуд, лексия, таҷҳизоти зарурии дарс, тахтаи синфӣ, бўр омода карда шудааст, шогирдон ба дарс омодаанд, ҳолати санитарии синфхона чӣ гуна аст, навбатдорӣ ва тартиботи умумӣ ҷорӣ аст?

2. Мазмуну мундариҷаи дарс. Амиқӣ ва илмияти фаҳмондадиҳии омўзгор арзёбӣ мегардад. Оё назария бо амалия пайваст мегардад, маводи дарс хусусияти тарбиявиро доро мебошад, омўзгор зимни баёни мавзуи нав аз сарчашмаҳои иловагӣ ва воситаҳои аёнӣ истифода намудааст ё не? Муҳтавои ҷавоби хонандагон, дониши онҳо, сатҳи мустақилият, маданияти суханрониашон чӣ гуна аст?

3. Нақши тарбиявии дарс. Оё омўзгор муҳтавои маводи дарсиро бо мақсади тарбиявӣ истифода менамояд? Оё шогирдон барои меҳнат, кори мустақилона омода карда шудаанд, қоидаҳои рафторро риоя менамоянд?

4. Ҷанбаи методии дарс: а) омўзгор ба методҳои пурсиш, усулҳои фаъол гардондани гурўҳҳо, амиқ кардани дониши хонандагон зимни пурсиш таваҷҷуҳ зоҳир менамояд?; б) омўзгорро бодиққат гўш мекунанд, бо кадом усулҳо ў тафаккури хонандагон, мустақилият ва қобилияти фардиашонро рушду сайқал медиҳад? Омўзгор барои азхудкунии мавод аз ҷониби шогирдон кадом корҳоро анҷом медиҳад ва аз кадом методҳои муосири таълим истифода менамояд?; в) воситаҳои аёнӣ ва техникии омўзишӣ чӣ тавр истифода мегарданд, таҷрибаҳо ва корҳои амалӣ чӣ гуна ташкил карда шудаанд?; г) тарзҳои мустаҳкамкунии дониш, ҳалли масъалаҳо, иҷроиши корҳои мустақилона; д) тарзи додани вазифаҳои хонагӣ ва санҷиши онҳо; е) кор бо дафтарҳои хонандагон, санҷиши дафтарҳо ва ғайра.

5. Хусусиятҳои рафтори омўзгор зимни дарс. Нақши омўзгор зимни дарс, аз ҷумла, суханронӣ, одоби муошират, тарзи рафтор, муносибат бо хонандагон аҳамияти хоса дорад.

Ҳамин тариқ, мувофиқи мақсад аст, ки ба дилхоҳ машғулияти дарсӣ муносибати системавӣ карда шавад. Омўзгор ҳамчун субъекти фаъолият, омили муҳими машғулиятҳои дарсӣ, яъне, меҳвар ба ҳисоб меравад. Шахсияти педагог, дар маҷмўъ, аз рўи чунин зуҳурот таҳлил ва арзёбӣ карда мешавад: донистани фанни таълимӣ аз ҷониби омўзгор; муҳаббати ў ба касби омўзгорӣ; сатҳи ҳунари педагогӣ ва методии омўзгор; сифати нутқи ў: суръат, тарзи талаффуз, шиддатнокӣ, фасоҳат (хушобурангӣ) ва ҳамчунин, саводнокии умумӣ ва махсус; мавқеи омўзгор дар муносибат бо шогирдон (ҳавасмандӣ ё бепарвоӣ) ва мувофиқати сабки интихобкардаи ў, яъне, дараҷаи боодобӣ ва муносибати демократӣ бо шунавандагон; намуди зоҳирии омўзгор, имову ишора ва фарҳанги рафтор.

Фарангис САМАДОВА,

омўзгори МТМУ №35-и

ноҳияи Б. Ғафуров


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Доштани дӯстони ҳақиқӣ замони зиёде металабад.
Бернард Шоу

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш