Нашрияи Омӯзгор

Дар рушди сайёҳӣ саҳм гузорем

Сана: 2021-09-23        Дида шуд: 786        Шарҳ: 0

 

Сарчашмаи ҳастии ҳамаи мавҷудоти рўйи олам об мебошад ва хушбахтона, ин неъмати табиат дар Тоҷикистони азизи мо фаровон аст.

Дар натиҷаи омўзишу тадқиқот олимони тоҷик ба хулосае омаданд, ки дар назди чашмаҳои табиӣ бунёди шифохона, табобатгоҳ, хонаҳои истироҳативу санаторияҳо мувофиқи мақсад аст. Алҳол истироҳатгоҳҳои Хоҷа Оби гарм, Шоҳамбарӣ, Гармчашма, Явроз, Оби Гарм, Зонг, Ҳавотоғ ва Зумрад на танҳо дар ҷумҳурӣ, балки берун аз ҳудуди он маълуму машҳур мебошанд. Онҳо барои барқарор кардани саломатӣ манфиати зиёде доранд. Аксари чашмаҳои Тоҷикистон ҳарорати баланд дошта, ин омил хосияти табобатии онҳоро зиёд мекунад. 

Тайи  чанд соли охир Ҳукума-ти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои рушди бахши сайёҳӣ кўшиши зиёде ба харҷ дода истодааст. Ба ин хотир барномаҳои зиёдеро рўйи даст гирифтааст. Солҳои 2019-2021 «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» эълон шуданд, ки иқдоми шоистаест. Воқеан, бо андаке саъю кўшиш метавон дар рушду равнақи соҳаи сайёҳӣ ба комёбиҳои зиёд ноил шуд, зеро кўҳҳои осмонбўсу обҳои зулол, чашмаҳои шифобахшу табиати биҳиштосои Тоҷикистони азизамон диққати тамоми сайёҳони дохиливу хориҷиро ба худ ҷалб менамояд. Бешубҳа, Тоҷикистон метавонад дар самти сайёҳӣ ба комёбиҳои бузург муваффақ шавад, чунки сарватҳои табиии зиёд дорад. Яке аз сарватҳои гаронбаҳои сарзамини мо чашмаҳои шифобахш ба шумор меравад, ки қариб дар ҳамаи шаҳру ноҳияҳои кишвари мо вобаста ба сохти геологӣ мавҷуданд. Дар мавзеъҳои гуногуни диёрамон, ки чашмаҳои шифобахш доранд, барои сохтани санатория ё хонаҳои истироҳатӣ шароити мусоид фароҳам аст. Таркиби обҳои ин чашмаҳо аз элементҳои химиявӣ ниҳоят ғанӣ буда, дармони садҳо бемориҳо мебошанд. Ҳамчунин, метавон дар назди аксари чашмаҳо корхонаҳои коркарди оби минералӣ сохта, бозори дохилиро бо обҳои шифобахши тозаи истеҳсоли худӣ таъмин намуд. Инчунин, метавонем онро ба мамлакатҳои хориҷ содир намуда, сатҳи иқтисодиёти ҷумҳуриамонро баланд бардорем.

Замони он расидааст, ки Тоҷикистонро бо чунин табиати нотакрораш боз ҳам беҳтару бештар ба ҷаҳониён муаррифӣ намуда, дар рушди иқтисодиёт ва сайёҳии кишвар саҳми босазо гузорем.

Нигина Баротова,

омўзгори синфҳои ибтидоии МТМУ № 88-и шаҳри Душанбе


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Дар табиат мавҷуде ваҳшитару дурушттар аз инсони бекор нест.
Ҳессе

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш