Нашрияи Омӯзгор

Тарбияро саҳл напиндоред

Сана: 2021-09-23        Дида шуд: 795        Шарҳ: 0

 

Имрўз тарбияи ахлоқии насли наврас аз ҳамагон таваҷҷуҳи ҷиддиро тақозо мекунад. Зеро каме саҳлангорию бепарвоӣ аз ҷониби падару модарон ё устодону омўзгорон ба он сабаб шуда метавонад, ки хонандаи мактаб ба ҳар гуна амалҳои ношоиста даст зада, боиси шармсорию ҳиҷолати наздикон гардад. Мусаллам аст, ки вазифаю рисолати падару модар, омўзгорон, аҳли ҷомеа ва дигар ниҳодҳои давлатӣ дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон – «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» ҳамаҷониба инъикос ва таҳлили худро ёфтааст. Мутаассифона, дар самти иҷрои бобҳову моддаҳои қонуни мазкур ҳанўз бемасъулиятӣ ва бепарвоии қисме аз волидон ба чашм мерасад. Тавре мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, баъзе наврасон  ва ҷавонон  ба масъалаи омўзишу мутолиа муносибати сатҳӣ намуда, вақти зиёди худро ба беҳудагардӣ, истифодаи телефонҳои мобилӣ, бозиҳои автоматӣ ва ғайра сарф карда, суханони падару модарашонро ба «як пули пучак» намегиранд. Баъзе волидон ба масъалаи вақтгузаронии фарзандон умуман аҳамияти ҷиддӣ намедиҳанд, қисме дар муҳоҷирати меҳнатӣ қарор доранду масъалаи тарбияро ба ҳоли худ гузоштаанд. Ҳосили ин бесарусомонӣ он гардидааст, ки фарзандони ин қабил одамон ба амалҳои номатлуб – тамокую носкашӣ машғул шуда, иддае  ба амалҳои майдаавбошӣ даст мезананд. Имрўз аз ҷониби Ҳукумат ва давлат  ба хонандагони муассисаҳои таълимӣ тамоми шароитҳо барои илмомўзию донишазхудкунӣ фароҳам оварда шудааст. Тавре маълум аст, бо дастури Пешвои миллат, Президенти ҷумҳурӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли сеюм аст, ки дар кишвар озмуни «Фурўғи субҳи доноӣ китоб аст» баргузор ва беҳтаринҳо дар ин озмун ғолиб ва соҳиби мукофотҳои пулию ифтихорномаҳо мегарданд.

Ҷиҳати ба озмуни мазкур ҷалб намудани хонандагон ва бедор кардани шавқи онҳо ба мутолиа, омўзгоронро зарур аст, ки рўйхати асарҳои пешниҳодшударо ба шогирдон супурда, ба онҳо кумак намоянд, ки ин осорро аз китобхонаи мактаб дарёфт ва мутолиа кунанд. Ба ин хотир, гузарондани ҳафтаҳои фаннӣ, маҳфилҳои адабӣ ва чорабиниҳои берун аз синфӣ аз ҷониби омўзгорон ба мақсад мувофиқ буда, ин омил ба тарбияи маърифати хонандагон мусоидат хоҳад кард.

Ҳокими Сафар,

ноҳияи Файзобод


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Ҳеҷ инсоне он қадар сарватманд нест, ки гузаштаашро бихарад.
Оруэлл

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш