Нашрияи Омӯзгор

Лоиҳаи пурбору судманд

Сана: 2021-09-23        Дида шуд: 796        Шарҳ: 0

 

Оид ба фаъолияти панҷсолаи лоиҳаи USAID “Ҳамроҳ бихонем”

Лоиҳаи “Ҳамроҳ бихонем”, ки аз ҷониби Оҷонсии рушди байналмилалии ИМА аз моҳи октябри соли 2016 татбиқ карда мешавад, бо Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мақсади беҳтар кардани натиҷаҳои хониши хонандагони синфҳои ибтидоӣ роҳандозӣ шудааст. Тибқи нақша лоиҳа тўли панҷ соли фаъолият бояд 75% муассисаҳои таълимашон ба забони тоҷикӣ ва русиро дар 68 шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ҳамчун муассисаҳои такягоҳӣ фаро гирад.

Таҳия ва дастрас гардондани китобҳои бачагона

Яке аз мақсадҳои асосии лоиҳа дар самти баланд бардоштани завқу ҳаваси хонандагони синфҳои ибтидоӣ, ба хондан, таъмин намудани муассисаҳои таълимии такягоҳӣ бо китобҳои бадеии бачагона буд. Бинобар ин, аз рўзҳои аввали фаъолият, аз соли 2017 оид ба хариди китобҳои бадеии бачагонаи дорои мазмуну муҳтавои баланди ахлоқию тарбиявидошта ва ҷавобгў ба меъёрҳои байналмилалӣ дар ҳамкорӣ бо Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳои назаррас анҷом дода шуданд. Бо дархости лоиҳа муаллифон 85 номгўйи китобҳои тозаэҷодро пешниҳод намуданд, ки баъд аз тасдиқи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба теъдоди зарурӣ чоп ва ба тариқи ройгон ба муассисаҳои таълимии такягоҳӣ, ба раёсат ва шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳо, китобхонаҳои бачагонаи шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ дастрас гардонида шуд. Ба ин тариқа, лоиҳа 1,3 миллион нусха китоби бадеии бачагонаро ба тариқи ройгон тақсим кард, ки қисми зиёди онҳо дар минтақаҳои дурдасти кўҳистон қарор доранд. Бар замми ин, лоиҳа зиёда аз 15 000 нусха воситаи аёнии марбут ба стратегияҳои хониш ва луғатомўзиро бо забонҳои тоҷикӣ ва русӣ тақрибан ба теъдоди 5 000 бастаи варақаҳои хониш ва луғати расмдор бо забони тоҷикӣ, инчунин, бозии фонетикӣ барои синфҳои 1 ва 2 бо забони тоҷикӣ ва русӣ ва тақвими хониш бо забони русӣ, овозҳо (алифбои тоҷикӣ ва русӣ) чоп ва дастраси муассисаҳои таълимӣ гардонид. Лоиҳа 96 видеофилми методӣ таҳия кард. Маводи иловагии мазкур ба омўзгорон имкон фароҳам меорад, ки онҳоро дар раванди таълим мувофиқи сатҳи рушди хонандагон истифода баранд. Ҳамчунин, лоиҳаи USAID “Ҳамроҳ бихонем” бо шарикони маҳаллӣ ҳамкорӣ намуда, 18 номгўй китоби бачагонаро бо теъдоди зиёда аз 1000 нусха бо ҳуруфи Брайлӣ (барои нобиноён) нашру дастраси муассисаҳои махсус ва ташкилотҳои мувофиқ гардонид. Лоиҳа ҳамзамон, 16 номгўй китоби бачагонаро бо ҳуруфи калонҳаҷм барои фароҳам овардани дастрасии хонандагони сустбин омодаву нашр ва 5 760 нусхаи чунин китобҳоро дар саросари ҷумҳурӣ тақсим кард. Бартарии кор ин буд, ки чунин маводи иловагии хониш, аз ҷумла, китобҳо, барои хонандагони дорои нуқсони биноӣ имконияти дастрасӣ ба маводи хониши тозаэҷоди баландсифатро дар раванди таълим зиёд кард.

Омўзиши омўзгорон, директорон ва китобдорони муассисаҳои таълимӣ

 Лоиҳаи USAID “Ҳамроҳ бихонем” дар ҳамкорӣ бо Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомўзии кормандони соҳаи маориф ва филиалҳои он барномаи омўзишии омўзгорони синфҳои ибтидоиро оид ба тақвияти малакаҳои хониши хонандагони синфҳои ибтидоӣ таҳия ва мавриди истифода қарор дод. Омўзиши омўзгорони синфҳои ибтидоии 3001 муассисаи таълимӣ дар чор марҳила, дар давоми солҳои 2018-2020 ба роҳ монда шуда, 28,415 омўзгор ва 665,830 хонандаро дар саросари мамлакат дастгирӣ намуд. Илова ба омўзиши омўзгорон, лоиҳа дар ҳамкорӣ бо Вазорати маориф ва илм барои директорони муассисаҳои таълимии такягоҳӣ оид ба татбиқи самараноки такмили малакаҳои касбии омўзгорон ва таъсис додани шароити мувофиқ барои ба даст овардани натиҷаҳои беҳтари хониш омўзиш гузаронд. Инчунин, дар доираи фаъолияти лоиҳа китобдорони муассисаҳои таълимии мазкур оид ба таври самаранок ба роҳ мондани фаъолияти китобхонаҳои муассисаҳои таълимӣ ба омўзиш фаро гирифта шуданд. Соли 2020 Шўрои миллиии таҳсилоти назди Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Мушовараи Вазорат маҷмуи барнома ва маводи омўзишии омўзгоронро тасдиқ карданд. Ин маҷмуа аз модулҳои таълимӣ барои омўзгорон, роҳнамои тренерон ва дастури ёрирасон барои омўзгорон; модулҳои таълимӣ барои директорони муассисаҳои таълимӣ, роҳнамо барои тренерон ва дастур барои директорон; модулҳои таълимӣ барои китобдорони муассисаҳои таълимӣ, роҳнамо барои тренерон, дастур барои китобдорон ва дафтари китобдор; роҳнамои роҳбалад ва дафтари мушоҳидаҳои дарс иборат аст. Маводи мазкур ҳамчун маводи методии таълим ба омўзгорон дар баланд бардоштани сатҳу сифати хониши хонандагони синфҳоии ибтидоӣ мусоидат менамояд.

 Ба мақсади тақвияти барномаи такмили ихтисоси омўзгорон ва фароҳам овардани имконияти такмили ихтисоси фосилавӣ дар айёми бемории фарогири КОВИД-19, соли гузашта лоиҳа платформаи рақамиро барои омўзгорон ва роҳбаладон бо унвони “Бозомўзии дастрас” таҳия намуд. Платформаи рақамии мазкурро ба таври онлайн ва оффлайн истифода бурда, маълумот оид ба рушди касбии омўзгорон ба таври фаврӣ ҷамъ оварда шуда, мушоҳидаҳои дарс ва роҳбаладӣ ба таври мустақим сурат мегирифтанд. Ба мақсади арзёбии таъсири барномаи омўзишӣ ва маводи таълимӣ, ки аз ҷониби лоиҳаи USAID “Ҳамроҳ бихонем” дар ҳамкорӣ бо Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия ва истифода шудаанд, лоиҳаи арзёбии хониш дар синфҳои ибтидоиро дар се марҳала – арзёбии аввалия соли 2018, арзёбии миёнамуҳлат соли 2019 ва арзёбии ниҳоӣ соли 2021-ро гузаронд. Ҷамъбасти марҳилаи ниҳоии ин арзёбӣ баъд аз муаррифӣ ба Вазорати маориф ва илм пешкаш мегардад.

Таҳияи барномаи таълими муосири хониш барои донишгоҳҳои омўзгорӣ

 Албатта, дар пешрафти таълим нақши омўзгор хеле муҳим аст. Ва омўзгор бояд баъд аз хатми муассисаи таҳсилоти олӣ ё миёнаи касбӣ ба даргоҳи муассисаи таълимӣ бо омодагии комил ва дили пур ворид гардад, то ки ба хонанда аз оғози фаъолияташ тавонад чизи заруриро пешниҳод намояд. Ба ин хотир, дар асоси модулҳои таълимии лоиҳа барномаи таълимӣ барои муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбии омўзгорӣ таҳия гардид. Лоиҳа соли 2020 барномаи мазкурро дар панҷ донишгоҳ ва коллеҷи омўзгории Ҷумҳурии Тоҷикистон аз озмоиш гузаронд. Дар ин озмоиш 10 омўзгор ва 230 донишҷў ширкат варзиданд. Дар асоси натиҷаҳои бадастомада Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба ҳамроҳ кардани барномаи мазкур ба нақшаи таълимии донишкадаю донишгоҳҳо ва коллеҷҳои омўзгорӣ барои солҳои таҳсили 2020-2021 фармоиш имзо кард. Айни замон, 22 донишкадаю донишгоҳ ва коллеҷҳои омўзгорӣ барномаи мазкурро ба нақшаи таълимии худ илова кардаанд.

Эҷоди технология ва навовариҳо дар таълим

 Лоиҳаи USAID “Ҳамроҳ бихонем” дар марказҳои 68 шаҳру ноҳияи ҷумҳурӣ як муассисаи таълимиро интихоб карда, Маркази захиравии методӣ таъсис дод. Ин марказҳо аз тарафи лоиҳа бо таҷҳизоти технологияи иттилоотӣ, аз ҷумла, тахтаи электронӣ, проектор, компютери рўйимизӣ ва камера барои намоиши матнҳо таъмин карда шуданд. Ба мақсади фароҳам овардани шароити мувофиқ ҷиҳати истифодаи технологияи иттилоотӣ дар раванди таълими хониш ва такмили маҳорати касбии омўзгорон дар 15 муассисаи таҳсилоти миёна ва олии касбии омўзгорӣ ва ДҶТИБКСМ ва 5 филиали он ҳам Маркази захиравии методӣ таъсис дода шуданд, ки онҳо низ бо таҷҳизоти техникии дар боло зикргардида таъмин гардиданд.

 Ба мақсади баланд бардоштани шавқи хонандагон ба хониши бадеӣ ва ҷалби онҳо ба китобхона, лоиҳа дар байни муассисаҳои таълимии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ дар асоси талаботи Низомномаи Озмуни “Аниси кунҷи танҳоӣ китоб аст” дар байни муассисаҳои таълимии такягоҳӣ дар ду марҳила озмун гузаронид. Талаботи асосии озмун дар муассисаҳои таълимӣ ташкил намудани “Гўшаи хониш” барои хонандагони синфҳои ибтидоӣ буд. Дар марҳилаи якум дар байни муассисаҳои таълимии такягоҳӣ 54 муассиса соҳиби 4 ҷойи муайян гашта, бо туҳфаҳои хотиравӣ, аз ҷумла, тахтаи электронӣ, пардаи экран барои проектор, компютер, проектор ва телевизор сарфароз гардонида шуданд. Дар марҳилаи дуюм, ки моҳи августи соли ҷорӣ ҷамъбаст гардид, 150 муасисаи таълимии такягоҳӣ сазовори ҷойҳои ифтихорӣ гаштанд ва онҳоро низ лоиҳа бо туҳфаҳои зикргардида сарфароз мегардонад.

Ҳамкорӣ бо шарикони маҳаллӣ ва созмонҳои байналмилалӣ

Ба мақсади муқовимат ба пандемияи КОВИД-19 ва фароҳам овардани дастрасии хонандагон ба таълими хондан дар хона, соли 2020 лоиҳаи USAID “Ҳамроҳ бихонем” дар ҳамкорӣ бо Вазорати маориф ва илм ва шарикони маҳаллӣ барномаҳои таълимӣ таҳия карданд. Дар ҳамкорӣ бо ТВ “Баҳористон” ва Театри лўхтаки шаҳри Душанбе бошад, ду силсилаи барномаҳоро таҳия ва ба маъраз гузоштанд. Барномаи аввал “Бурро, бурро мехонем” бонавбат 36 ҳарфи алифбои забони тоҷикиро ба кўдакон тариқи саҳнаҳои ҷолиб дар асоси барномаи мобилии “Маро сер кун” меомўзад. Барномаи дуюми телевизионӣ “Вақти хониш” унвон гирифтааст. Барномаи мазкур хеле муваффақ баромад ва лоиҳа дар ҳамкорӣ бо Телевизиони “Баҳористон” 136 барномаро таҳия ва намоиш дод. Ҳамаи барномаҳо бо тарҷумаи имову ишора намоиш дода шуданд.

Илова бар ин, дар ҳамкорӣ бо радиои “Ватан” силсилабарномаҳоро бо унвони “Биё, ҳамроҳ бихонем” ҳар бегоҳ ба самъи шунавандагон расонд. Дар раванди барномаҳо як китоби лоиҳа бо овози баланд хонда мешуд. Сипас, кўдакон имконият доштанд, ки ба студия занг зада, ба саволҳои баранда оид ба ин китоб посух диҳанд. Дар ҳар барнома як нафар ғолиб дониста мешуд. Ғолибони барнома бо Ифтихорномаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва лоиҳаи USAID “Ҳамроҳ бихонем”, инчунин, бо бастаи китобҳои лоиҳа сарфароз гардонида мешуданд.

Дастгирии марказҳои минтақавии методӣ ба мақсади рушди роҳбаладии омўзгорон

Ба мақсади устувор гардондани барномаи роҳбаладии омўзгорон, моҳи июни соли гузашта лоиҳа гурўҳи кориро аз ҳисоби кормандони Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маркази ҷумҳуриявии таълимиву методӣ ҷиҳати таҳияи низомнома дастгирӣ кард. Низомномаи мазкур тартиби ба роҳ мондан ва ташкили роҳбаладиро дар сатҳи ҷамоат муайян карда, мақсад ва вазифаҳои онро аниқ месозад. Марказҳои минтақавии методӣ муассисаҳои таълимие мебошанд, ки дар маркази ҷамоат ҷойгир шуда, ба муассисаҳои атрофи он ҳамчун хадамоти минтақавии методӣ хизмат мерасонанд. 27 июли соли 2020 Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Низомномаи мазкурро тасдиқ карда, фаъолияти марказҳоро ба таври расмӣ шинохта, ба онҳо дар системаи маориф мақом дод. Низомномаи сохтор раванд ва тартиби фаъолияти МММ-ро муайян мекунад.

Терри ҶАЙЛЗ,

 роҳбари лоиҳаи USAID “Ҳамроҳ бихонем”


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Доштани дӯстони ҳақиқӣ замони зиёде металабад.
Бернард Шоу

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш