Нашрияи Омӯзгор

Мактаб дар Сағирдашт

Сана: 2021-09-23        Дида шуд: 783        Шарҳ: 0

 

Ҷамоати деҳоти Сағирдашт яке аз дурдастарин ҷамоатҳои деҳот ва зеботарин гўшаҳои ноҳияи Дарвоз маҳсуб ёфта, дар ҳудуди он 14 муассисаи таълимӣ фаъолият мекунад.

Соли 2016 зимни сафари корӣ ба ВМКБ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маркази Ҷамоати деҳоти Сағирдашт баробари сохтмони иншооти ҳаётан муҳим дар зербинои сохтмони муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами  2 санги асос гузоштанд. Ин муассисаи таълимӣ, ки барои 450 ҷой пешбинӣ гардидааст, мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд. Фармоишгари сохтмон Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, он аз 16 синфхонаи таълимӣ, синфхонаи лингофонӣ, кабинетҳои биология, физика, химия бо озмоишгоҳ, синфхонаи компютерӣ, синфхонаи технология, утоқи фаъолияти директор, толор барои маҷлиси падару модар, китобхона ва толори хониш, маҷлисгоҳ барои 250 ҷойи нишаст ва толори варзишӣ иборат мебошад.

Ҷ.Қозибеков,

 «Омўзгор»


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Муҳимтарин вазифаи мо дар назди мардумон ростӣ дар гуфтору кирдор аст.
Ҳегел

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш