Нашрияи Омӯзгор

Донишгоҳи зодаи истиқлол

Сана: 2021-09-23        Дида шуд: 788        Шарҳ: 0

 

Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи М.Назаршоев зодаи замони соҳибистиқлолии кишвар буда, айни ҳол дорои 8 озмоишгоҳи фаннӣ, 6 синфхонаи компютерӣ бо 443 компютер, 115 принтер, 14 тахтаи электронӣ, 13 сканер ва дигар таҷҳизоти муосир мебошад.

Дар таълимгоҳ чор ҳазор донишҷў таҳсил дошта, 70 фисади онҳо аз деҳоти дурдасти вилоят ва минтақаҳои дигари кишваранд. Беш аз 240 нафар имсол ба Донишгоҳи давлатии Хоруғ дохил шуданд.

Боиси сарфарозӣ аст, ки дастпарварони риштаи омўзгории донишгоҳ дар аксари таълимгоҳҳои вилоят ба таълиму тарбияи насли наврас машғул буда, шогирдони онҳо имсол дар олимпиадаи ҷумҳуриявӣ ширкат намуда, 81 ҷои ифтихориро соҳиб шуданд.

Ҳоло дар ин мактаби олӣ як нафар узви вобастаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, ду нафар дорандаи ҷоизаи Президентӣ дар соҳаи маориф, се нафар барандаи Ҷоизаи ҷавонон ба номи Исмоили Сомонӣ, 53 нафар «Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон», ду нафар узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон буда, 30 нафар рисолаи номзадию докторӣ ҳимоя намудаанд.

Ҷ.Қозибеков,

 «Омўзгор»


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Тарс афродеро, ки метавонанд дӯстат бошанд, бегона месозад.
Бернард Шоу

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш