Нашрияи Омӯзгор

Рейтинги муассисаҳои олӣ муайян гардид

Сана: 2018-08-02        Дида шуд: 750        Шарҳ: 0

Соли дуюм аст, ки Хадамоти давлатии назорат дар соҳаи маориф рейтинги муассисаҳои таҳсилоти олии касбиро аз рӯйи 34 нишондод баҳогузорӣ ва муайян менамояд.

Тавре ки аз натиҷаи рейтинги нимсола маълум гардид, дар фаъолияти муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ҷумҳурӣ вобаста ба нишондодҳо дар шаш моҳи охир, хусусан дар самти миқдори ташрифоварандагон дар сомонаи таълимгоҳ, мавҷудияти технопаркҳо, шумораи компютерҳое, ки танҳо барои истифодаи донишҷӯён муайян карда шудаанд, номгӯи зиёди китобҳои дарсии электронӣ, мавҷудияти системаи дохилидонишгоҳии идора ва мониторинги сифати таълим, сатҳи сифати таҳсилот, шумора ва арзиши грантҳо, шумораи ҷойҳои ишғолнамудаи донишҷӯён дар озмунҳои фаннии ҷумҳуриявӣ, ба ҷойи кор таъмин будани хатмкардагон, миқдори ҷойи нишаст дар китобхонаи электронӣ, мавҷуд будани филиали кафедраҳо дар назди дигар муассисаҳо ва ташкилотҳо пешравиҳо дида мешавад.

Тибқи хулосаи комиссия ҷойи якум ба Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, ҷойи дуюм ба Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино, ҷойи сеюм ба Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров дода шуд.

Роҳбарияти Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино, Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров, Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи  Шириншоҳ Шоҳтемур, Донишгоҳи молия ва иқтисоди Тоҷикистон баҳри пешбурди фаъолияти илмию таълимии муассисаҳо корҳои назаррасро ба сомон расондаанд. Онҳо дар муддати шаш моҳи охир дар самти миқдори рисолаҳои номзадӣ ва доктории ҳимояшуда, миқдори мақолаҳои илмии дар маҷаллаҳои комиссияи олии аттестатсионӣ (КОА) нашршуда,  миқдори ихтироъ, навоварӣ ва пешниҳоди илмӣ-назариявӣ, мавҷудияти институтҳои илмӣ-тадқиқотӣ, миқдори монографияҳои илмии чопшуда, маърӯза дар конфронсу семинарҳои илмии байналмилалӣ, миқдори омӯзгорони доимие, ки барои таълим додан ба дигар таълимгоҳҳои хориҷи кишвар даъват шудаанд, миқдори омӯзгорони хориҷие, ки барои таълим додан ба таълимгоҳҳои ҷумҳурӣ даъват шудаанд, натиҷаҳои дилхоҳро ба даст овардаанд.

Дар қисме аз муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишвар дар шаш моҳи охир ҳимояи рисолаҳои номзадӣ ва докторӣ, миқдори ихтироъ, навоварӣ ва пешниҳоди илмӣ-назариявӣ, миқдори монографияҳои илмии чопшуда, миқдори барномаҳои таълимие, ки аз аккредитатсияи байналмилалӣ гузаштаанд,  шумораи ҷойҳои ишғолнамудаи донишҷӯён дар озмунҳои фаннии ҷумҳуриявӣ, маърӯза дар конфронсу семинарҳои илмии байналмилалӣ суст ба роҳ монда шуда, ҳеҷ натиҷаеро соҳиб нашудаанд.. Роҳбарияти муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ҷумҳуриро зарур аст, ки ба ин масъалаҳо таваҷҷуҳи бештар зоҳир намоянд. Дар баҳогузории рейтингӣ аксари муассисаҳо аз ин нишондодҳо холи аз ҳама пастро соҳиб гардидаанд.

Қисме аз муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ҷумҳурӣ аз рӯи нишондоди миқдори рисолаҳои номзадӣ ва доктории ҳимояшуда, миқдори ихтироъ, навоварӣ ва пешниҳоди илмӣ-назариявӣ, мавҷудияти институтҳои илмӣ-тадқиқотӣ, шумора ва арзиши грантҳо, миқдори омӯзгорони доимие, ки барои таълим додан ба дигар таълимгоҳҳои хориҷи кишвар даъват шудаанд, миқдори омӯзгорони хориҷие, ки барои таълим додан ба таълимгоҳҳои ҷумҳурӣ даъват шудаанд, таҷрибаомӯзии донишҷӯён ва омӯзгорон дар хориҷи кишвар ягон холро соҳиб нагардиданд.  

Фаъолияти технопаркҳо, хусусан, дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.Осимӣ, Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур, Донишгоҳи технологии Тоҷикистон, Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд, Донишкадаи иқтисод ва савдои  Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд, ва Донишкадаи технология ва менеҷменти инноватсионӣ дар шаҳри Кӯлоб нисбат ба дигар муассисаҳои таълимӣ хуб ба роҳ монда шудааст. Ин муассисаҳо барои татбиқи илм ва ҷорӣ кардани технологияи нав дар истеҳсолот кӯшиш ба харҷ додаанд.

Дар шаш моҳи охир ҳимояи рисолаҳои номзадӣ (аз миқдори умумии омӯзгорони доимӣ) дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Донишгоҳи тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино,  Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷи-кистон ба номи Садриддин Айнӣ, Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон, Донишгоҳи технологии Тоҷи-кистон ва Донишгоҳи молия ва иқтисоди Тоҷикистон нисбат ба дигар муассисаҳои таълимӣ беҳтар ба роҳ монда шудааст. Муассисаҳои номбаршуда  дар тайёр кардани  кадрҳои илмӣ-педагогӣ кӯшиш ба харҷ додаанд.

Бояд зикр кард, ки аз рӯи 34 нишондоди рейтинг натиҷаи аз ҳама баланд мебоист 310 холро дар бар мегирифт. Аммо натиҷаи баҳогузории радабандии  муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ҷумҳурӣ нишон дод, ки азхудкунии холи баланд аз 17,4% то 65,4 %- ро ташкил намудааст.

Аз 27 муассисаи таҳсилоти олии касбии дар рейтинг ширкатварзида, танҳо 7-тои он зиёда аз 50% нишондиҳандаҳои рейтингиро  ноил гаштанд.  Холи баланди онҳо 158  аз 50,9% то 203 ё ин, ки 65,4%-ро ташкил намуд. Ҳол он ки мебоист аз 70 фоиз зиёдро ташкил намояд. Ин ҳолат раёсати муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ҷумҳуриро водор менамояд, ки дар ин самт корҳоро вусъат бахшида, камбудиҳоро бартараф намоянд.

Ҳамагӣ 20 муассисаи таҳсилоти олии касбии дигар аз 117 хол (17,4%) то 153 хол (49,3%)  нишондодҳои рейтингиро аз худ карданд.

Ҳамин тавр, гузаронидани баҳогузории рейтингӣ, пеш аз ҳама, мавқеи муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ҷумҳуриро дар баланд бардоштани сатҳу сифати таҳсилот ва тайёр кардани мутахассисони баландихтисос барои иқтисодиёти миллии кишварамон муайян намуда, мақоми муассисаҳоро дар тайёр намудани мутахассисони соҳа нишон медиҳад.

 

 

Ҷойи ишғолнамуда

 

 

 

Номи муассиса

Ҷамъи холҳо

Холи умумӣ  бо % аз  310 хол

1

Донишгоҳи миллии Тоҷикистон

203

65,4

2

Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино

177

57,1

3

Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б.Ғафуров

172

56,9

4

Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон

170

54,8

5

Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур

165

165

53,2

6

Донишоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С.Осимӣ

160

51,6

7

Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон

158

50,9

8

Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С.Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд

153

49,3

9

Донишоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С.Айнӣ

150

48,3

10

Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон

133 

42,9

11

Донишгоҳи славянии Россия-Тоҷикистон

130

41,9

12

Донишгоҳи технологии Тоҷикистон

125

40,3

13

Донишгоҳи давлатии Қӯрғонтеппа ба номи Носири Хусрав

122

39,3

14

Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ

121

39,0

15

Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

119

38,3

16

Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода

117

37,7

17

Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмат

115

37,1

18

Донишкадаи иқтисод ва савдои Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд

114

36,8

19

Донишкадаи кӯҳӣ-металлургии Тоҷикистон дар шаҳри Бӯстон

113

36,4

20

Донишкадаи технология ва менеҷменти инноватсионӣ дар шаҳри Кӯлоб

112

36,1

21

Донишгоҳи давлатии Данғара

108

34,8

22

Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар шаҳри Панҷакент

104

31,2

23

Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи М.Назаршоев

93

30,0

24

Донишкадаи исломии Тоҷикистон ба номи Имоми Аъзам Абӯҳанифа Нуъмон ибни Собит

76

24,5

25

Донишкадаи энергетикии Тоҷикистон

73

23,5

26

Филиали Донишгоҳи технологии Тоҷикистон дар шаҳри Исфара

71

22,9

27

Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар ноҳияи Рашт

54

17,4

 

 

 

Хадамоти давлатии

 назорат дар соҳаи маориф


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Зиндагии беҳуда марги зудҳангом аст.
Гёте

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш