Нашрияи Омӯзгор

Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сана: 2021-09-24        Дида шуд: 793        Шарҳ: 0

 

барои ишғоли вазифаҳои холии зерин озмун эълон менамояд

Маркази ғизои мактабӣ дар назди Вазорати маориф ва илм

Мутахассис оид ба рушди зарфият - 1 ҷой.

Мутахассис оид ба мониторинг ва маъхази ахборот -1ҷой.

 Талабот ба довталабон

Ҳуҷҷатҳои зарурии пешниҳодшаванда:

- ариза ба унвони роҳбари мақомоти давлатӣ бо шакли дар замимаи 1 пешбинигардида;

- варақаи шахсии баҳисобгирии кадрҳо (бо 2 дона акси андозаи  4х6);

- тарҷумаи ҳол;

- нусхаи ҳуҷҷатҳо дар бораи таҳсилот;

- нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ;

- маълумотнома  оид ба вазъи саломатии шакли 038;

- нусхаи гувоҳномаи рақами мушаххаси андозсупоранда;

- маълумот дар бораи даромад ва вазъи молу мулк;

- нусхаи шиноснома;

- нусхаи билети ҳарбӣ (барои шахсоне, ки хизмати ҳарбиро иҷро намудаанд).

Талаботи тахассусӣ барои ишғолкунандагони

вазифаҳои холӣ

1. Талаботи тахассусӣ барои вазифаи мутахассис оид ба рушди зарфият - таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба вазифаи ишғолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мазкури маъмуриро таъмин карда метавонад;

-  5 сол собиқаи корӣ.

-малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла, маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ;

-малакаи озодона ҳарф задан ва навиштан бо забонҳои тоҷикӣ ва русӣ (донистани забонҳои хориҷӣ афзалият дорад);

-малакаи кор  бо компютер, аз ҷумла, барномаҳои Microsoft Office (Word, Power point, Excel).

2.Талаботи тахассусӣ барои мансаби мутахассис оид ба мониторинг ва маъхази ахборот -таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба  вазифаи ишғолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;

- 3 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;

-малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла, маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ;

-малакаи озодона ҳарф задан ва навиштан бо забонҳои тоҷикӣ ва русӣ (донистани забонҳои хориҷӣ афзалият дорад);

 

Нишонии қабули ҳуҷҷатҳо: шаҳри Душанбе, кўчаи Нисормуҳаммад-13А, Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон,  то 30 сентябри соли 2021 (ҳар рўз аз соати 14:00 то 17:00)  дар раёсати кадрҳо ва корҳои махсус - ҳуҷраи 400, 412, сомона: www.maorif.tj, суроғаи электронӣ: mort@maorif.tj телефон: 227-67-07, факс: 221-70-25

Озмун  рўзи 4 октябри соли 2021,

соати 10:00 баргузор мегардад.


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Муҳимтарин тарбият тарбият аз ҷониби модар аст.
Ҳегел

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш