Нашрияи Омӯзгор

Ҷавонон ва истиқлол

Сана: 2021-09-23        Дида шуд: 799        Шарҳ: 0

 

Дар Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши ҷавонони соҳаи хизмати давлатӣ ва дастпарварони академия таҳти унвони “Нақши ҷавонон дар 30 соли соҳибистиқлолӣ: дастовард ва дурнамо” баргузор гардид.

Ҳамоишро директори Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷумъа Давлатов ифтитоҳ намуд.

Ректори Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор Ғафурзода Абдухалил Давлаталӣ қайд намуд, ки: “Ҷумҳурии Тоҷикистон дар баробари ба даст овардани истиқлоли хеш зарурати ногузирии ташаккул ва амалӣ намудани сиёсати давлатии ҷавононро пазируфт, зеро такя бар неруи ҷавонон дар ҳама давру замон яке аз рукнҳои аслии пешрафти ҷомеаҳо будаасту хоҳад монд. Ба ҳамин тартиб, дар кору пайкори қишри аз ҳама нерумандтарини ҷомеа, яъне ҷавонон тағйироти куллие ба вуҷуд омад ва ин дигаргунӣ, хушбахтона, тавонист, ки дар пешрафт ва рушди ҷомеа заминаҳои хуби ташкилӣ, ҳуқуқӣ ва амалиро ба бор оварад.

Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳмонзода Абдулло Қурбоналӣ зимни суханронии хеш аз дастоварди ҷавонон дар солҳои соҳибистиқлолӣ ёдовар шуда, иброз намуд, ки бо баргузории мулоқотҳои мунтазами Пешвои муаззами миллат бо ҷавонон (санаҳои 2 феврали соли 1993, 17 марти соли 1994, 23 майи соли 1997, 16 майи соли 1998, 21 майи соли 2005, 23 майи соли 2013 ва 23 майи соли 2017) дар ҳаёти иқтисодиву иҷтимоӣ ва фарҳангии сиёсии ҷавонон як қатор дастовардҳои беназир, иқдомҳои нек ва созанда рўи кор омад, ки дар идомаи татбиқи босамари сиёсати давлатии ҷавонон ва дар устуворгардонии ин соҳаи афзалиятноки Ҳукумати кишвар нақши муассир гузоштанд.

Ҳамзамон, раиси Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон Маликшо Неъматзода аз дастгириҳои давлатии ҷавонон, имконияту шароитҳо ва тадбирандешиҳои давлату Ҳукумати кишвар дар самти дастгирии қишри ҷавони ҷомеа ҳарф зад.

Дар фарҷоми ҳамоиш ба як қатор устодону кормандони фаъол Сипосномаи Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тақдим гардид.

 

Раҳматулло КАРИМОВ,

рўзноманигор


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Як шохаи гули ток метавонад бӯстони ман бошад, як дӯст - дунёи ман.
Бернард Шоу

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш