Нашрияи Омӯзгор

Литсейи №1 - пешсаф

Сана: 2021-09-23        Дида шуд: 798        Шарҳ: 0

 

- Литсейи давлатии №1-и шаҳри Бохтар аз ҷумлаи муассисаҳои таълимии пешсафе мебошад, ки шогирдони он дар озмуну олимпиадаҳои ҷумҳуриявию байналмилалӣ ҷойҳои намоёнро ишғол менамоянд, - гуфт мудири шуъбаи маорифи шаҳри Бохтар Шамъигул Шарифзода ва афзуд, ки имсол хонандагони литсей дар олимпиадаи ҷумҳуриявӣ соҳиби 28 медал гардиданд. Ин боис гардид, ки роҳбари муассисаи мазкур Шоиста Абдуназарзода ба гирифтани мукофот ва Ифтихорномаи раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода сарфароз гардад.

Директори литсейи мазкур Шоиста Абдуназарзода қайд кард, ки имрўз дар литсей 51 нафар омўзгор кор мекунанд, ки 33 нафарашонро занон ташкил медиҳанд. Дар муассиса 1340 таълимгиранда таҳсил мекунанд. Дар самти пешрафти кори литсей, ишғоли ҷойҳо дар олимпиадаҳо ва гузоштани қадамҳои устувор нақши омўзгорони кордону ботаҷриба ва тахассусманд бузург аст. Дар ин муассиса омўзгорони пешгом, ба монанди Ҷамила Ризоматова, Зинатгул Шобалхиева, Бахтовар Ҳукуматов ва Шералӣ Илёсов фаъолият карда, дар таълиму тарбияи шогирдон саҳмгузорӣ мекунанд.

С.АЗИЗӢ,

“Омўзгор”

 


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Барои он ки сифатеро қадр созӣ, худ каме бояд аз он сифат дошта бошӣ.
Шекспир

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш