Нашрияи Омӯзгор

Монографияи олим ба табъ расид

Сана: 2021-09-23        Дида шуд: 805        Шарҳ: 0

 

Муассисаи давлатии нашриявии «Ирфон»- и Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон монографияи мудири кафедраи ҳуқуқ ва идораи давлатии Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, Сиёвуш Абдураҳимовро таҳти унвони «Муассисаи таълимӣ ҳамчун субъекти ҳуқуқи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо теъдоди 500 нусха дар зери таҳрири Раҳимзода Маҳмад Забир, Арбоби илм ва техникаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, узви вобастаи Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор ба чоп расонид.

Монографияи мазкур нахустин таҳқиқоти илмӣ оид ба мавзўи муассисаи таълимӣ ҳамчун субъекти ҳуқуқи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Тоҷикистон ба шумор меравад, ки дар заминаи таҳлили қонунгузории амалкунандаи дохилӣ ва хориҷӣ, санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, таҷрибаи мақомоти судӣ, таҷрибаи фаъолияти мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи маориф ва таҷрибаи фаъолияти муассисаҳои таълимӣ, инчунин, таълимоти илмӣ-назариявӣ омода карда шудааст.

 

«Омўзгор»


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Виҷдон омӯзонандатарин китоб аз китобҳои дастраси мост:онро бештар бояд хонд.
Паскал

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш