Нашрияи Омӯзгор

Муаррихи барҷаста ва шуҳратманд

Сана: 2021-09-23        Дида шуд: 816        Шарҳ: 0

 

Профессор Мансур Бобохонов дар тарбия ва омода намудани кадрҳои баландихтисоси хоҷагии халқи ҷумҳурӣ, алалхусус, муаррихону сиёсатшиносон, фарҳангшиносону дипломатҳо, файласуфону минтақашиносон ва ғайра саҳми бориз ва арзанда гузоштааст. Солҳои охир мавсуф ба кафедраи таърихи нав ва навини кишварҳои хориҷии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ҳамкорӣ намуда, ба донишҷўён ва муаррихони ҷавон аз масъалаҳои мубрами таърихи тоҷикони ҷаҳон ва курси ихтисос, аз ҷумла, «Тоҷикони Русия», «Тоҷикон дар Ҷумҳурии мардумии Чин» ва ғайра сабақ омўхта, дар омода намудани мутахассисони ҷавон саҳми калон гузоштааст.

Донишҷўёну коромўзон, аспирантону муаррихони ҷавон аз дарсҳои тадрисиву ихтисосии профессор М. Бобохонов маъниҳои маониву бикр бардошта, миннатдории худро нисбат ба ин устоди моҳиру кордон борҳо баён намудаанд. Чунин арзи сипос ва миннатдорӣ аз ҷониби аксарияти шогирдону ҳамкасбони эшон, ки худ имрўз бо дараҷаи устодӣ, номзади илми таърих, дараҷаи доктори илм, корманди хадамоти гуногуни давлатӣ, соҳаҳои маорифу фарҳанг ва ғайра расидаанд, бештар садо медиҳанд.

Танҳо зикри он кифоят мекунад, ки таҳти роҳбарии бевоситаи ў қариб 20 нафар аспиранту донишёр ва муҳаққиқони ҷавон рисолаҳои номзадӣ ва докторӣ дифоъ намуда, масъалаҳои мубраму ҳалталаби таърихи халқи тоҷик ва таърихи тоҷикони ҷаҳонро ҳаллу фасл намуданд ва дар таърихнигории муосири таърихи ватанӣ саҳми арзанда гузоштанд.

Устод дар тўли беш аз 16 сол роҳбарии факултети таърихи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон (солҳои 1966-1982)-ро ба уҳда доштанд ва давраи роҳбарии устод М. Бобохонов «давраи тиллоӣ»-и факултети таърихи ДМТ маҳсуб меёбад. Зеро устод ҳамчун роҳбари оқилу кордон ва дурандеш омили асосии пешрафти корро танҳо дар интихоби дуруст ва ҷо ба ҷогузории кадрҳои баландихтисос ва ҳушёру зирак ва амсоли он медиданд. Кадрҳоро на аз рўи маҳалу минтақа, балки аз рўи қобилияту истеъдод ба кор интихобу тавсия ва таъйин мекарданд.

Як ҷанбаи муҳимми тадқиқотҳои олим аз он иборат аст, ки муҳаққиқ аз маҷмўаи васеи маъхазу сарчашмаҳо, хотираву ёддоштҳои шоҳидону муосирон, адабиёти таърихӣ ва навгониҳои илми таърихшиносии муосир ва ғайра моҳирона ва эҷодкорона истифода мебурд. Ин омилро танҳо дар мисоли таълифи шоҳасари «Таърихи тоҷикони ҷаҳон» ва мазмуну муҳтавои он эҳсос кардан мумкин аст. Аз мутолиаи ин асар бармеояд, ки тафсири таърихнигории масъала, бандубасти қисматҳои таркибии он, ҷо ба ҷогузории маводу санадҳо, ҳуҷҷатҳои нодири бойгонӣ ва ғайра комилан эҷодкорона ва мустақилона ҳаллу фасл ёфтаанд, аз ин хотир, рисола пурмазмун ва пурмуҳтаво баромадааст.

Мансур Бобохонов олими ҷўянда ва навовар буда, дорои мактаби хоси илмиву тадқиқотӣ мебошад. Хосатан, пас аз ба даст овардани Истиқлолияти ҷумҳурӣ, дарҳол ин марди дурандешу ояндабин ба кори басо пурхайру ояндасоз машғул шуд. Мавсуф ба коре оғоз намуд, ки дар даврони Шўравӣ омўзиши таърихи тоҷикони ҷаҳон мавзуи комилан мамнуъ ба ҳисоб мерафт. Кори хайр, ба роҳ мондани таълими фанни нав – «Таърихи тоҷикони ҷаҳон» ба шумор меравад, ки онро бори нахуст дар таърихи ҷумҳурӣ - академик Мансур Бобохонов ба миён гузошта, ҳамчун мактаби ҷадид ва тавоно, ба он рўҳу равони наву тоза бахшидааст. Аксарияти намояндагони аҳли илму адаби ҷумҳурӣ хидматҳои бузурги ин устоди равшанзамирро эътироф карда, аз он шоду мамнун гаштанд. Тавре профессор Ниёз Мирзоев таъкид месозад, «Истиқлолият худшиносии моро афзуда, дар омўзиш ва тарғиби ғояҳои миллӣ заминаи мусоидро фароҳам овард. Мансур Бобохонович бо дарки масъулияти ватандорӣ дар шароити нави таърихӣ масъалаи омўзиши таърихи тоҷикони ҷаҳонро ба миён гузошта, пайгирона дар ин росто талош варзиданд…».

Имрўз мо гуфта метавонем, ки китоби пурарзиши «Таърихи тоҷикони ҷаҳон»  дастоварди бузург ва беҳамто аст. Дар аҳди Шўравӣ дар бораи тоҷикони бурунмарзӣ сухан рондан мамнуъ буд, дар чунин шароит фанни «Таърихи тоҷикони ҷаҳон» бо кадом роҳу усул ба миён омада метавонист?! Бесабаб нест, ки муҳаққиқи тозабаёни тоҷик Амиршоҳи Ёрмуҳаммад дар ин хусус ибрози назар намуда, таъкид месозад: «Дар замони Шўравӣ хондани фанни «Таърихи тоҷикони ҷаҳон» аз ҳар ҷиҳат мамнуъ буд. Зеро ҳукумати Шўравӣ дар симои тоҷикони бурунмарзӣ душмани ашаддии худро медид. Мавзуи мазкур дар марҳилаи Шўравӣ на ҳамчун илм, балки сиёсат дониста мешуд». Муаллиф дар ибтидо барномаи таълимии фанни «Таърихи тоҷикони ҷаҳон» (Душанбе, 1994)-ро мураттаб сохта, сониян, китоби хонданбобу пурмуҳтавои «Таърихи тоҷикони ҷаҳон» (Душанбе, 1999, 2001, 2011)-ро ба майдон овард.

Профессор Мансур Бобохонов зарурат ва аҳамияти илмиву амалии таърихи тоҷикони бурунмарзиро воқеъбинона дарку эҳсос намуда, пас аз соҳибистиқлол гардидани Тоҷикистон баҳри дастёбӣ ва расидан ба ваҳдат ва худшиносии миллӣ дар ҷомиаи имрўзии тоҷикон ба душворӣ ва мураккабии таҳқиқу пажўҳиши он нигоҳ накарда, як асари мукаммал ва дастҷамъона таълиф намуд. Тавре ки профессор Ҳомид Аҳмадов қайд кардааст, «Таърихи тоҷикони ҷаҳон» китоби ниҳоят хонданбоб ва рўимизии ҳар як тоҷику тоҷикпараст ба шумор меравад...». Аз рўи ақидаи дотсенти Донишгоҳи давлатии Кўлоб, Аълочии маорифи ҷумҳурӣ Қаюм Сангов «... бо боварии том гуфтан мумкин аст, ки ин асар дар оянда яке аз китобҳои дўстдошта ва рўимизии ҳар як хонандаи соҳибзавқи тоҷик, махсусан, ҷавонон хоҳад гашт». Бесабаб нест, ки ин асар аз ҷониби хонандагони сершумори дохилӣ ва хориҷи кишвар чун дастоварди ҷиддии илмӣ ва фарҳангӣ пазируфта шуда, ҳамчун китоби расмии таълимӣ дар факултаҳои таърих, фалсафа, муносибатҳои байналхалқӣ ва шуъбаҳои он ҷорӣ гардиданд.

Самтҳои асосии фаъолияти илмиву татқиқотии олим ба баррасӣ ва омўзиши таърихи тоинқилобии халқи тоҷик ва умуман, кишвари Осиёи Марказӣ дар садаи нуздаҳ ва ибтидои қарни бист, таърихи тоҷикони ҷаҳон ва чандин масоили даврони Шўравӣ равона шудаанд. Танҳо ҳаминро таъкид кардан ҷоиз аст, ки аз рўи тадқиқотҳои чандинсолаи муҳаққиқ аён мегардад, ки теъдоди тоҷикон ва форсизабонон дар ақсои олами мутамаддин беш аз 50 миллион нафарро ташкил медиҳанд. Дар «Таърихи тоҷикони ҷаҳон» дар ин хусус санаду маводи наву тоза оварда шудаанд.

Бесабаб нест, ки Пешвои миллат, Президенти ҷумҳурӣ, мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар хусуси осори тоҷикшиносии профессор Мансур Бобохонов изҳори ақида намуда, чунин ҳақиқатро иброз медорад: «Масъалаи муҳоҷирати тоҷикон ва тарки Ватан кардани онҳо, ба назари ман, яке аз масъалаҳои муҳимест, ки илми таърихшиносии муосир бояд ба он рў оварад. Чанде пеш мақолаи муаррихи намоёни тоҷик Мансур Бобохоновро (манзур мақолаи «Фирори тоҷикон: сабабҳо ва оқибати он») хонда будам, ки масъалаи муҳоҷират ва тарки Ватан кардани тоҷиконро ба чанд давраҳо тақсим карда, оғози онро аз овони истилои араб гирифтааст».

Соли 2006 ба мақсади васеъу фарох ва густурдатар тадқиқу баррасии таъриху фарҳанги тоҷикони бурунмарзӣ, бо ташаббуси бевоситаи Мансур Бобохонов дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Маркази илмиву тадқиқотии тоҷикон ва форсизабонон таъсис ёфт, ки кормандони он ба тадқиқу омўзиши масъалаҳои тадқиқталабу мубрами таърихи тоҷикони ҷаҳон, дирўзу имрўз ва фардои он машғул мешуданд. Ин марказ се конференсияи бонуфузи ҷумҳуриявию байналмилалӣ доир карда, дар он ширкати олимони номдору маъруфи ватаниву хориҷиро таъмин намудааст. Соли 2010 маркази мазкур дар мавзуи «Саҳми олимони Олмон дар омўзиши таърихи фарҳанги тоҷикон ва форсизабонони ҷаҳон» симпозиуми байналмилалӣ доир намуд, ки дар он олимону мутахассисон аз мамолику кишварҳои гуногун ширкат намуда, 28 маърўзаи илмӣ мавриди муҳокима ва баррасӣ қарор дода шуданд. Инчунин, маркази мазкур дар шаҳри Душанбе соли 2011 дар мавзуи «Истиқлолияти Тоҷикистон ва диаспори тоҷикон: таърихи ташаккул, дастовард ва мушкилоти он» конференсияи илмиву амалии байналхалқӣ доир намуда буд, ки дар он олимон аз Фаронса, Ҷумҳурии Федеролии Олмон, Федератсияи Россия, Эрону Афғонистон ва манотиқи дигар ширкат намуда, беш аз 30 маърўзаи проблемавиро мавриди муҳокима қарор доданд. Ширкаткунандагон доир ба масъалаҳои мубраму баҳсталаб ва рўзмарраи тоҷикони бурунмарзӣ фикру мулоҳизаҳои ҷолиб баён намуда, роҳу усулҳои ҳалли онро пешниҳод карданд. Аз ин имконияти мувофиқ истифода бурда, чанд таклифу пешниҳоди худро нисбат ба тақвият бахшидани омўзиш ва таълими таърихи тоҷикони ҷаҳон баён кардан мехоҳем, ки онҳо ба манфиати пешрафти таълиму тарбияи насли наврас ва омода намудани мутахассисони баландихтисос равона гардидаанд:

1) Имрўз вақти он фаро расидааст, ки таълими фанни «Таърихи тоҷикони ҷаҳон» на танҳо дар донишгоҳҳо ва донишкадаҳои ҷумҳурии соҳибистиқлоламон, балки мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, гимназияву коллеҷҳо ва ғайра ба роҳ монда шавад. ҳол он ки ин фан дар факултети таърих ҳамчун фанни интихобӣ (яъне фанни асосӣ не), таълим дода мешаваду халос. Ин омил яке аз нишонаҳои асосии соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор меравад. Китобҳои таълимӣ доир ба таърихи тоҷикони ҷаҳон ҳам ба забонҳои тоҷикӣ ва ҳам русӣ мавҷуданд, ки он дастоварди бузург маҳсуб меёбад. Ба назар чунин мерасад, ки дар тўли сӣ сол ин фан ба майдон омада, ташаккул ва такомул ёфта, ба фанни мустақили таълимӣ табдил ёфтааст. Вале таълиму табриси фанни нави таълимӣ ба талаботи замони соҳибистиқлолӣ ҷавобгӣ нест;

2) Ҳарчанд дар ин муддат фанни мазкур тавассути «Маркази илмиву тадқиқотии тоҷикон ва форсизабонони ҷаҳон» ба баъзе пешравиҳои назаррас ноил гардида бошад ҳам, вале баъдтар дар роҳи барору пешомадҳои фаъолияти он монеаҳои сунъӣ ба амал омаданд, ки дар оянда ба рушду нумўи он роҳ кушодан ба мақсад мувофиқ аст. Ба андешаи мо, азбаски доираи тадқиқу пажўҳиши ин масъалаи муҳиму мубрам ниҳоят фароху доманадор аст, бо назардошти он ки теъдоди тоҷикон ва форсизабонон дар ҷаҳон беш аз 50 миллион нафарро ташкил медиҳанду онҳо дар зиёда аз 30 мамолику кишвари олам сукунат доранд, дар ҷумҳурӣ, хусусан Донишгоҳи миллии Тоҷикистон кафедраи нави «Таърихи тоҷикони ҷаҳон» таъсис дода шавад. Умед дорем, ки ин чорабиниҳо ба пешрафту такомул ва фароху доманадор гардидани тадқиқу пажўҳиши таърихи тоҷикони бурунмарзӣ мусоидат хоҳанд намуд.

Холмаҳмад САМИЕВ,

декани факултети муносибатҳои байналмилалии ДМТ, н. и. т. , дотсент,

Юсуфи ШОДИПУР, дотсенти кафедраи таърихи

халқи тоҷики ДМТ


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Инсон фақат замоне метавонад шод бошад, ки фарз накунад ҳадафи зиндагӣ танҳо шодӣ аст.
Оруэлл

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш