Нашрияи Омӯзгор

Модар муқаддас аст

Сана: 2021-09-24        Дида шуд: 786        Шарҳ: 0

 

Модар ганҷи ноёб, меҳрубонтарин ва наздиктарин шахс барои фарзандон буда, ҳастии хешро фидои онҳо месозад. Дар ҷисму ҷони мо муҳаббати модар ончунон ҷой гирифта, ки ҳаргиз зудуда нахоҳад гашт.

Модар ягона олиҳаи ҳусну зебоӣ, меҳр, муҳаббат, азизи дилу дида, оромбахши ҷону тан, волотарин инсонест барои ҳар як фард. Чун кас қалам ба даст мегирад, симои нуронии модар пеши назараш намудор мегардад. Он лаҳзаҳо забон мехоҳад модар гўяд, дил мехоҳад фарёд бизанад. Чашмон мехоҳанд ўро бубинанд, дастон мехоҳанд ба оғўшаш бигиранду сар ба зонуяш ниҳанд. Ҳамон лаҳза фикр мекунӣ, ки тамоми бори зиндагӣ аз дўши кас меафтад. Ҳар замон мехоҳам ситоиши модарро кунам, гуфтори ў, рафтори ў, меҳри бепоёнаш, заҳматҳои шабонарўзии кашидаашро ба риштаи сухан оварам. Қалбам мехоҳад доимо дар борааш бинависам, эҷод кунам, то заррае бошад ҳам, бо суханони хубу ширин дили пурҳарораташро, ки баҳри фарзандон доимо дар ташвиш аст, шод созам.

Ягона дилсўзу меҳрубони фарзанд модар аст. Ў офтоберо мемонад, ки бо нурҳои зарҳалину ҷонбахши хеш ба қалбу рўҳи фарзандон гармӣ мебахшад. Модар дарёи пурганҷеро мемонад, ки аз баракаташ замини умеди фарзандон шодоб мегардад. Кўҳеро мемонад, ки бо салобаташ ба фарзандон ғуруру сарбаландӣ меомўзад. Абреро мемонад, ки аз файзаш меваҳои боғи умедашро самар мебахшад.

Зиндагӣ бо ҳама шукўҳу шаҳоматаш зебост, вале зебоии асосии он модар аст,  модаре, ки ҳимоятгару ҳидоятгар ва рўшанкунандаи манзилу макони мост.

Модарон чӣ қадар заҳмат ба харҷ медиҳанд, то фарзандонаш шахсони соҳибмаърифат ва ватандўст шаванд ва боз баҳри он мекўшан, ки азизони дилу дидаашон ҳеҷ гоҳ аз таълим дур намонанд.

Зулфия Ҳайдарова,

омўзгори  МТМУ №42,

ноҳияи Фирдавсӣ


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Бузургон ҳеҷ гоҳ носипос набудаанд.
Гёте

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш