Дар баробари дӯстии халқҳо ё ду халқи алоҳида қиссаҳои бисёре шунидаем. Аммо дар саҳифаҳои таърих амсоли дӯстие, ки байни халқҳои тоҷику ӯзбек вуҷуд дошт, кам ба чашм мерасад.
Чуноне ки Асосгузори сулҳу вахдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вохӯри бо Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон, муҳтарам Шавкат Мирзиёев таъкид намуданд, дӯстии халқҳои тоҷику ӯзбек аз дӯстии Навоию Ҷомӣ оғоз гардида, то ба имрӯз чун нишонаи ибрат аҳамият дорад.
Халқҳои тоҷику ӯзбек бо амри тақдир боз паҳлуи ҳам зиста, нисбат ба фарҳангу анъанаҳои миллӣ эҳтироми хоса доранд. Дар бораи дӯстии ин халқҳо дар адабиёти ҳар ду кишвар маълумотҳои зиёде омадааст. Ҳанӯз дар асри XV Мир Алишери Навоӣ ва Абдураҳмони Ҷомӣ муносибати хосае доштанд, ки натанҳо дӯстӣ, балки муносибати шогирдию устодиро мемонд.
Дӯстии сардафтари адабиёти муосири тоҷик Садриддин Айнӣ ва адиби ӯзбек Ғафур Ғулом ин натаҳо дӯстии халқҳо, балки дӯстии ду адабиёт, дӯстии ду фарҳанги асилро тарандум мекард.
Ҳамин гуна қаробат дар байни олимони ситорашиносу риёзидонҳо низ ба вуқӯъ пайваста буданд, ки боиси пешрафти илму шуҳрати олимони Осиёи Миёна гардид.
Вақте ки аввали асри XV Амир Улуғбек дар Самарқанд мактаби илмии – равияи риёзию табиӣ кушод, олимони забардасти замонро ҷамъ намуд. Аксари олимони даъватшуда тоҷикзабон (форсзабонон) буданд.
Аз ҷумла, олимони машҳури замон Қозизодаи Румӣ ва Ғиёсиддини Кошонӣ ба ин мактаби илмӣ ҷалб шуда, ба ҷавонон нозукиҳои илмро меомӯхтанд.
Заҳмати ин олимон буд, ки шогирде чун Алии Қушчиро ба майдони илми риёзӣ овард. Алии Қушчӣ кори устодонашро давом дода, шуҳрати илми риёзӣ – табиатшиносии Осиёи Миёнаро то ба Аврупои Ғарбӣ бурд.
Саҳми олимони мактаби илмии Самарқанд дар инкишофи илми риёзии ҷаҳонӣ аз ҷанбаҳои зерин иборатанд, ки навгонӣ дар илм буданд.
- Ихтирои касрҳои даҳӣ дар математика.
- Бунёди системаи шастии ҳисоб.
- Якчанд тарзи аз решаи квадратӣ баровардани адад.
- Бо ҳарфи П (пи) ишора кардани нисбати дарозии давра бар диаметр.
- Саҳеҳтар ҳисоб кардани синуси як градус.
- Ҳалли тақрибии муодилаи кубӣ.
Ин бозёфтҳо натиҷаи он буд, ки дар ин мактаб муносибати ҷиддию аниқ ҳукмфармо буд. Дар пештоқи мадрасаи Улуғбек навиштаҷоти зерин гувоҳи ин гуфтаҳоянд. “Кӯшиш барои азхудкунии дониш вазифаи ҳар як мард ва зани мусалмон аст”.
Бо роҳбарии бевоситаи Улуғбек ва ташаббуси Қозизодаи Румӣ, Ғиёсиддини Кошонӣ ва Алии Қушчӣ расадхонае бунёд гашт, ки аҳамияти ҷаҳонӣ дошт.
Дар ҳамин расадхона ҳамроҳи ин олимон ҷадвали астрономии машҳури “Зичи Курагонӣ” сохта шуд, ки саҳеҳтарин нақша дар ҷаҳон маҳсуб меёфт. Ин ҷадвал натиҷаҳои муҳими ҳаракати ҷисмҳои осмониро тавсиф мекард.
Дар муддати 30 соли мавҷудияти ин мактаби илмӣ ҷавонони зиёде ба майдони илмии риёзию ситорашиносӣ омаданд, ки дар пешрафти ин илмҳо саҳми босазо гузоштанд. Бо ин мактаб Абдураҳмони Ҷомии наврас низ ҷалб шуда буд, ки лаёқати риёзидонии устод Алии Қушчиро ба ҳайрат оварда буд.
Пас аз устод Алии Қушчӣ ҷадвали тартибдодаи ин мактабро дар Англия ба чоп расонд. Соли 1853 ин ҷадвал дар Фаронса, соли 1917 дар Америка ба чоп расид ва шуҳрати илму олимони Осиёии Миёнаро боз ҳам афзун гардонд. Ин пешравиҳо натиҷаи дӯстию ҳамкории ду халқи ҳамсоя буд, ки то ҳанӯз аҳамияти худро гум накарданд.
Абдулазим Исмоилов, омӯзгори риёзии мактаби
№ 43, шаҳри Ваҳдат
Иловакунӣ
Иловакунии фикр