Гулназар Келдӣ аз шоирони маъруфу тоҷик аст. Эҷодиёти ў басо гунонгунжанру серпаҳлу ва пурмуҳтавост. Бо ин ҳама, дар нигоштаҳои ў мавзуъҳои ватандўстӣ, ифтихори миллӣ ва ситоиши ваҳдату ҳамдилӣ бартарӣ доранд. Шоири ватанпарвар самимона ва бо ҷаҳоне меҳру эътиқод нидо дармедиҳад:
Ширинии ҳарфи даҳанам, ҷон Ватанам,
Атри нафаси ҳар суханам, ҷон
Ватанам.
Номи ту бас аст дар радифи шеърам,
То пеши фалак ноз кунам, ҷон
Ватанам!
Барои Гулназар волотар аз Ватан дороие, шарафмандие нест. Ў бо имону эътимоди пок Ватанро мепарастад ва ҳар фарди Ватанро азиз медонад:
Эй ҷон Ватанам, номи ту унвони ман аст,
Покии рухат покии имони ман аст.
Ҳар чашмаи гирёни ту армони ман аст,
Ҳар тоҷики зинда Тоҷикистони ман аст.
Ва чун амри табиӣ ба назар мерасад, ки шоире чунин бо тамоми ҳастӣ ва бо самимияти том бо Ватан пайваста, дар озмуни Суруди миллии Тоҷикистон ғолиб омадаву муаллифи ин шаҳсуруди ҷумҳурии соҳибистиқлоли тоҷикон гардидааст. Нақароти Суруди миллӣ бо муҳтавои тамоми эҷодиёти Гулназар ва аз ҷумла, бо ду рубоии боло қаробати қавӣ дорад:
Зинда бош, эй Ватан,
Тоҷикистони азизи ман!
Муаллифи Суруди миллии Тоҷикистон, устод Гулназар 20 сентябри соли 1945 дар деҳаи Дардари ноҳияи Айнӣ чашм ба олами ҳастӣ кушодааст. Соли 1961 мактаби деҳаро бо нишони тилло ва соли 1966 факултаи таъриху филолгияи Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро бо дипломи аъло хатм намудааст.
Фаъолияти меҳнатияшро аз кор дар идораи рўзномаи маъруфи «Ҷавонони Тоҷикистон» оғоз намуда, ин ҷо дар вазифаҳои ходими адабӣ, мудири шуъба ва ҷонишини муҳаррир кор кардааст. Солҳои 1975-1977 дар Афғонистон ифои вазифа намудааст. Сипас, ба Ватан баргашта, дар маҷаллаи бонуфузи «Садои Шарқ» идомаи фаъолият менамояд. Соли 1991 устод Гулназар сармуҳаррири ҳафтаномаи «Адабиёт ва санъат» таъйин мешавад. Соле чанд дар нашрияҳои «Ваҳдат» ва «Пайванд» низ кор кардааст.
Шоири маҳбуби миллат солҳои 2006-2010 вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон буд ва фаъолияти густурдаву бобарор дошт. Солҳои охири ҳаёт ба сифати узви ҳайати комиссияи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абуабдуллоҳи Рўдакӣ кор кард.
Аввалин шеърҳои Гулназар ҳанўз дар айёми мактабхониаш дар рўзномаҳои ҷумҳурӣ ба нашр расидаанд. Китоби нахустинаш «Расми сарбозӣ» соли 1969 чоп ва аз ҷониби ҳаводорони каломи бадеъ хуш пазируфта шуд. Минбаъд пайиҳам китобҳои дигараш «Ағба», «Дастархон», «Нардбон», «Пайи дарё», «Чашми нигин», «Фариштаи бомдод», «Шуълаи барқади сўзони муҳаббат», «Ойинаи ташна», «Фасли оғоз» дастраси хонандагон гардиданд. Китоби ҳикояҳояш «Таъми тути балхӣ» низ аз ҷониби хонандагон гарм пазируфта шуд. Пйесаҳои Гулназар «Мансури ҳаллоҷ», «Муҳаммад Ғазолӣ», «Пурсиши нотамом», «Дуои кампир» дар озмуни ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ ба дарёфти ҷоизаҳо мушарраф гардида. Мақолаҳои таҳқиқотияш, ба вижа, китоби «Лоиқе чун Лоиқе» дар байни алоқамандони адабиёт маҳбубият доранд.
Гулназар муаллифи як силсила филмномаҳо низ мебошад. Шеърҳои шоир ба бисёр забонҳои дунё тарҷума шудаанд. Аз ҷумла, чанд китобаш дар Масква ба забони русӣ ба табъ расидааст. Соли 1999 дар Эрон гулчини ашъори шоир ба номи «Забони ошиқӣ» чоп шуд ва сазовори эътирофу баҳои баланди ошиқони шеъри форсӣ гардид. Гулназар дар тарҷумонӣ низ чирадаст аст. Ў ашъори Пушкин, Лермонтов, Светаева, Светлов, Рождественский, эҷодиёти шоирони араб ва Фаронсаро ба тоҷикӣ баргардон намудааст. Устод Гулназарро ҳамчун шоири гимнсаро низ метавон муаррифӣ кард. Ў Суруди миллии Тоҷикистон, Суруди Анҷумани тоҷикони ҷаҳон ва Суруди ҳарбиёни тоҷикро навиштааст.
Шоири маҳбуб, устод Гулназар соҳибунвони Шоири халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи Комсомоли Тоҷикистон, Ҷоизаи адибии Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода ва Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абуабдуллоҳи Рўдакӣ мебошад.
Шоири ватанпарвар зимни аксар навиштаву суҳбатҳояш самимона арз намудааст: «Барои ман муҳим он аст, ки мардуми мо бо ҳам қарину бародар бошанд, дар зери парчами ваҳдат қадам зананд, ҳисси ифтихори миллӣ ва шавқи бунёдкорӣ дар дилашон ҳамеша дар туғён бошад.
Эй халқи азизи ман, саломат бошӣ,
Парвардаи номусу шарофат бошӣ.
Аз ҷон гуфтам Суруди миллии туро,
То ҷўр ба ҳам бошию миллат бошӣ!»
Ёди неки ин адиби номвару ватанпарвари тоҷик пояндаву ҷовидонӣ бод!
(Аз китоби «Суруди миллии Тоҷикистон»)
Иловакунӣ
Иловакунии фикр