Нашрияи Омӯзгор

Мактаби хусусии бо номи Абуабдуллоҳи Рўдакӣ

Сана: 2021-09-23        Дида шуд: 779        Шарҳ: 0

 

Дар шаҳри Панҷакент бо иштироки раиси шаҳр Абдухолиқ Холиқзода, масъулони шуъбаи маориф ва омўзгорону муҳассилин ифтитоҳи муассисаи таълимии умумии хусусӣ барпо гардид.

Тавре дар ин тантана иброз доштанд, муассисаи таълимӣ бо ибтикори сарвари ҶДММ “ Андарзи Рўдакӣ” Ҷовид Холиқов таъсис шуда, бинои маъмурии собиқ бо харҷи 500 ҳазор сомонӣ пурра таҷдид ва таъмир шудааст ва ҳоло дорои 16 синфхона, толори маҷлис, ошхона, майдончаи варзишӣ мебошад.

Айни замон 50 нафар ба синфҳои 1-3 қабул гардида, омўзгорон ба тариқи озмун ба кор ҷалб гардидаанд. Ба ҳар синф, ки барои 24 нафар хонанда пешбинӣ шудааст, омўзгори фаннӣ ва ёвари ў дарс мегузаранд.

Таълим дар ин муассисаи хусусӣ ба забони русӣ тибқи барномаи Петерсон ва ба забони англисӣ аз рўйи барномаи Донишгоҳи Кембриҷ ба роҳ монда шуда, аз синфи якум омўзиши ин забонҳо ба таври густарда ба роҳ монда мешавад.

Барномаи таълимӣ ба он нигаронида шудааст, ки хонандагон синфи чорумро бо фарогирии пурраи забони англисӣ хатм намоянд. Аз синфи панҷум таълими фанҳои дақиқ низ ба забони англисӣ ба роҳ монда мешавад.   Ҳамчунин, хонандагони муассиса ба маҳфилҳои гуногун ҷалб гардида, бо хўрок таъмин карда мешаванд.

Волидон аз тариқи маҷаллаи электронии “Эдупейҷ” метавонанд аз рафти таҳсили фарзандонашон пайваста огоҳ бошанд.

«Омўзгор»


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Дар оғози корҳоят ҳақро риоя кун, идомаи корҳо хуб мешаванд.
Гёте

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш