Нашрияи Омӯзгор

Ҳидоятгари ҷодаҳои фурўзон

Сана: 2021-09-24        Дида шуд: 804        Шарҳ: 0

 

Ҳодисаву падидаи хеле хушоянду мақбул аст, ки дар ҷомеаи мо меҳр ба китоб, ки даврае коҳиш ёфта буд, аз нав устувор мешавад, китоб дар ҷомеа мавқеи шоистаи дерини худро ишғол менамояд. Дар ин раванди дилпазир, пеш аз ҳама, дастуру ҳидоятгариҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нақши муҳим доранд. Сарвари кишвар зимни суханрониҳояшон аз минбарҳои баланд, ҳангоми вохўрию мулоқотҳояшон  бо мардум ва дар давоми сафарҳояшон дар манотиқи гуногуни мамлакат дар қатори масоили дигар сухан аз аҳамияту моҳияти китоб мегўянд, ҳамагонро ба китобхонӣ тарғиб менамоянд ва таъкид месозанд, ки маҳз тавассути китобхонӣ мо ба пирўзиҳои шоиста  мерасем, соҳиби илму ҳунар мегардем ва аз кулли навгониҳои ҷаҳон бохабар мешавем. Президенти муҳтарами мо худ ба китоб муҳаббати беандоза доранд ва муаллифи як силсила китобҳое мебошанд, ки дар онҳо мавзуъҳои таърихи диёр, Ватан ва ватандўстӣ, ваҳдату сулҳпарастӣ, ифтихори миллӣ ва парастиши муқаддасоти Ватан дар мадди аввал қарор доранд. Бо дастуру супориши Сардори давлатамон ба ифтихори 30-солагии  Истиқлоли  давлатии Тоҷикистон ба ҳар як хонадони кишвар китоби «Тоҷикон»-и Бобоҷон Ғафуров, Қаҳрамони Тоҷикистон, тақдим карда шуд. Акнун ҳар як шаҳрванди диёри арҷмандамон метавонад ҳар гоҳ ин шоҳкитоби миллатро варақ зада, вориди таърихи пурифтихори ниёгони хеш шаваду ифтихор намояд. Ҳамчунин, соли сеюм аст, ки дар мамлакат озмуни «Фурўғи субҳи доноӣ китоб аст» роҳандозӣ мешавад. Ин озмун марҳилаи наверо дар олами маърифати мардуми тамаддунпарвари мо боз намуд ва ҳамагонро бо китоб, бо ин сарчашмаи донишу фарҳангу маърифат бештар қарину ҳамнишин кард. Мардум ба асли маънии ин  ҳикмати ҳидоятгар бештару амиқтар сарфаҳм рафтанд:

Бе китоб, эй дўстон, дунёи мо норавшан аст,

Тираву торик ҳамчун хонаи беравзан аст.

Ҳамасола доираи иштирокдорони озмуни мазкур васеътар мешавад, ки ин ҳодисаи басо фараҳбахш аст.

Маълум, ки маъвои асосии китоб мактаб мебошад  ва ин ҷо ҳама рўз устодону шогирдон китоб рўи даст доранд ва фаъолияти худро тавассути он роҳандозӣ менамоянд. Солҳои охир имкони муассисаҳои таълимӣ вобаста ба дастрасӣ ба китобҳо (аз ҷумла, китобҳои бадеӣ) боз ҳам афзудааст. Вазифаи ҳар як алоқаманди таълиму тарбияи насли наврас аст, ки бештар тарғиби китоб намояд ва бар он бикўшад, ки китоб ҳамсафари доимии ҳар як хонанда бошад. Дар назар бояд дошт, ки маҳз китоб калиди дари комёбиву хушбахтиҳост. Ҳамдамӣ бо китоб маънои бо ҷодаи росту дуруст, ба сўи ояндаи мунаввар рафтанро дорад.

 

Давлаталӣ Накимов,

омўзгори МТМУ №26-и ноҳияи    Исмоили Сомонӣ

 


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Барои он ки сифатеро қадр созӣ, худ каме бояд аз он сифат дошта бошӣ.
Шекспир

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш