Ғолибони даври шаҳрии озмуни ҷумҳуриявии “Фурўғи субҳи доноӣ китоб аст” барои иштирок дар даври вилоятӣ омодагӣ мегиранд.
Дар толори Кохи Ватани шаҳри Бохтар бо ҳузури Наргис Қурбонзода, муовини раиси шаҳри Бохтар, Шамъигул Шарифзода, мудири шуъбаи маориф ва дигар аъзои ҳакамон даври шаҳрии озмуни мазкур доир гардид. Шумораи довталабон нисбат ба соли гузашта зиёд гардидааст.
Таври маълум, озмун аз рўйи панҷ номинатсия - адабиёти кўдакону наврасон ва осори шифоҳӣ, адабиёти классикӣ, адабиёти муосир, адабиёти ҷаҳон ва эҷоди назму наср баргузор гардид.
Дар дигар шаҳру навоҳии вилояти Хатлон низ озмуни даври шаҳриву ноҳиявӣ баргузор гардид.
С. АЗИЗӢ,
“Омўзгор”
Иловакунӣ
Иловакунии фикр