Нашрияи Омӯзгор

Мулоқоти судманд

Сана: 2021-09-23        Дида шуд: 784        Шарҳ: 0

 

Дар муассисаи таълимии №3-и шаҳри Бохтар бо иштироки намояндагони раёсати маорифи вилояти Хатлон, мақомоти маҳаллӣ, намояндагони мақомоти қудратӣ, ҳифзи ҳуқуқ, шуъбаи маорифи шаҳр, намояндагони бахшҳои кор бо ҷавонон ва варзиш, омўзгорону хонандагони муассисаҳои таълимӣ ва падару модарони толибилмон вохўрӣ доир гардид.

Вазъи таассуфовари давлати Афғонистон, пойдории истиқлолият, рў овардан ба китобу китобхонӣ аз мавзуъҳои асосии вохўрӣ буда, баромадкунандагон роҷеъ ба он табодули афкор карданд. Қайд гардид, ки хурду бузурги кишварро зарур аст, ки доиман ба қадри сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ бирасанд.

Шамъигул Шарифзода, мудири шуъбаи маорифи шаҳри Бохтар изҳор дошт, ки имрўз барои ҷалби наврасон ба китобхонӣ корҳои зиёде анҷом дода мешавад. Аммо, боиси таассуф аст, ки дар ин росто қисман мушкилӣ ҷой дорад ва аз китобхона дида, бештар наврасон ба интернет машғул мешаванд. Инро ба инобат гирифта, дар муассисаҳои таълимӣ маҳфилҳои дўстдорони китоб ва озмуни «Китобхони беҳтарин» ташкил карда мешаванд.

С. АЗИЗӢ,  “Омўзгор”

 


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Дар оғози корҳоят ҳақро риоя кун, идомаи корҳо хуб мешаванд.
Гёте

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш