Бо мақсади иҷрои банди 9 Протоколи ҷаласаи 18-уми Шӯрои машварати назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ дар соҳаи маориф дар толори Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи 2-юми гурӯҳи корӣ оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ дар соҳаи маориф баргузор гашт.
Ҷаласаро Ф. Усмонзода-муовини вазири маориф ва илм ифтитоҳ намуд. Сипас, Б. Музаффаров-сардори раёсати иқтисод, банақшагирӣ дар соҳаи маориф ва илм барномаи «Заминаҳои ҳуқуқӣ ва иқтисодии рушди соҳибкорӣ дар соҳаи маориф дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро муаррифӣ намуд. Масъалаҳои доир ба афзоиши демографӣ, зиёдшавии шумораи кӯдакони синни аз 3 то 6-сола, фарогирии кӯдакон ба муассисаҳои томактабӣ, инноватсия ва салоҳият, ҷалбкунӣ ба раванди таълими бахши хусусӣ, иштироки волидайн дар раванди таълим, идоракунии самарабахш дар асоси алоқаи мутақобила, алоқаи зич бо бахши воқеии иқтисодиёт аз мавзӯъҳое буданд, ки дар нишаст муаррифӣ гардиданд.
Мушовири иқтисодии Котиботи Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон А.Ҷӯраев даъват намуд, ки гурӯҳи корӣ ҳисоботро оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ дар соҳаи маориф ва илм, басти тавсияҳо ва лоиҳаи Нақшаи чорабиниҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин самт таҳия ва ба ҷаласаи ояндаи Шӯрои машварати назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намоянд.
Заминаҳои ҳуқуқӣ ва иқтисодии рушди соҳибкорӣ дар соҳаи маориф яке аз самтҳои муҳим буда, дар доираи татбиқи Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолӣ мусоидат мекунад.
Саймуҳаммади
ИЗЗАТУЛЛО,
корманди Маркази
матбуоти Вазорати
маориф ва илм
Иловакунӣ
Иловакунии фикр