Нашрияи Омӯзгор

Заифнолии дурўғин

Сана: 2021-09-23        Дида шуд: 801        Шарҳ: 0

 

Дўст доштани Ватан, миллат, ҳифзи марзу буми он яке аз вазифаҳои муқаддаси ҳар шаҳрванди кишвар дониста мешавад. Ватандориву миллатдўстӣ аз гўшаи имон аст. Нафаре, ки худро соҳибимон ва даст ба сина зада, мусулмони комил метарошад, бояд ватану меҳани худро беандоза дўст дорад. Ба Ватан содиқ бошаду доим дар фикру зеҳнаш обод кардани он бошад.

Аммо, дар шароити имрўз, ки сулҳу осоиштагӣ ва оромиву тинҷӣ ба ганҷи бебаҳо мубаддал гаштааст, баъзе ашхоси нохалафе дар симои саркардаи фирории ташкилоти террористии наҳзати исломӣ ва дигар аъзои он мавҷуданд, ки дар пайи халалдор кардани вазъи муътадили ҷумҳурӣ мебошанд. Новобаста аз он ки худро мусалмони асил ва ватандори воқеӣ ҷилва медиҳанд, дар асл на ба дину мазҳаб эътимодманданду на ба миллату на ба давлат. Ватанро ба ҷавлонгоҳи бозиҳои сиёсии аҷнабиён табдил додан мехоҳанд ва дар куҷое минбаре ёбанд, аввалин ҳарфашон гила кардан аз Ватане, ки дар он таваллуд шудаанду ба воя расидаанд, мебошад. Мудом дар пайи фитнаангезию ҳаммиллатони худро бар зидди якдигар ҷанг андохтан мебошанд.

То замоне ки ташкилоти террористии наҳзатӣ ҳамчун ҳизби расмӣ дар Тоҷикистон фаъолият дошт, дар дохили кишвар амалҳои тахрибкорона аз ҷониби аъзои он ба амал меомад. Баъдан бо мақсади расидан ба ниятҳои нопоку душманонаи худ онҳо ба исёни мусаллаҳона баҳри амалӣ намудани табаддулоти давлатӣ даст заданд. Вале тирашон хок хўрду баъди шикаст саркардаи фирории ташкилоти террористии наҳзати исломӣ бо чанд нафар ҳаммаслақаш ба хориҷи кишвар фирор намуд.

Ҳоло саркардаи фирории ташкилоти террористии наҳзати исломӣ ва дигар аъзои он аз ниятҳои муғризонаашон даст накашида, тавассути шабакаҳои интернетӣ боз ба интиқод ва сиёҳ кардани миллату давлати тоҷик оғоз намудаанд. Гўё бо ин корашон ниқор гирифтан мехоҳанд, аммо ниқор аз кӣ ? Аз Ватан, аз миллат?!

 Рўз барин равшан аст, ки наҳзатиҳои ифротӣ дасти ятимеро нагирифтаанд, роҳеро обод накардаанд, пуле насохтаанд, вале бо суханҳои пучу бемаънӣ лофи ватанхоҳӣ мезананд. Дар ҳоле саркардаи фирории наҳзатӣ бо пайравонаш аз давлат гила мекунанд, ки волидайну хешовандони наздики ин хиёнаткорони наҳзатӣ то имрўз, дар диёри озоду обод зиндагӣ доранд, аз ҳавои ватан нафас мекашанд. Аммо ҳамаи ин омилҳоро наҳзатиҳои муфтхўр фаромўш кардаанд, гўё намедонанд ё аниқтараш донистан намехоҳанд.

Имрўз дар Аврупо саркардаи фирории ташкилоти террористии наҳзати исломӣ ва дигар аъзои он бо мақсади пинҳон намудани ақидаҳои ифротӣ-террористии худ пайваста аз дунявият, демократия лоф мезананд. Худро «адолатпеша» ва ҳимоятгари мардум вонамуд мекунанд. Вале ба ҳамагон маълум аст, ки дар ниҳоди ин тоифа заррае ё бўе аз адолату мардумсолорӣ мавҷуд нест.

Ф. ҒАФФОРЗОДА,

омўзгори МТМУ №15,

шаҳри Душанбе

 


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Ҳар чӣ бидурахшад, барои ҳамон лаҳза ба дунё омадааст.
Гёте

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш