Нашрияи Омӯзгор

Таълимгоҳи нав дар Лахш

Сана: 2021-09-23        Дида шуд: 793        Шарҳ: 0

 

Дар доираи сафари кории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Лахш, бо иштироки Маҳмадтоҳир Зокирзода - Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Муҳаммадюсуф Имомзода – вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия бинои нави муассисаи таҳсилоти умумии №9-и деҳаи Ҷиргатол мавриди истифода қарор гирифт.

Мактаби мазкур барои  таҳсили 420 нафар хонанда дар ду баст пешбинӣ шуда, дар он 41 нафар омўзгори соҳибтаҷриба ба хонандагон дарс мегўянд. Муассисаи мазкур дорои  9 синфхонаи барҳавои таълимӣ, аз ҷумла, кабинети кимиё, физика, математика, биология, география, забон ва адабиёти тоҷик, забони англисӣ, синфхонаи компютерӣ, китобхона ва дигар ҳуҷраҳои ёрирасон мебошад. Синфхонаҳои ҳунаромўзӣ барои соҳибкасб гардидани духтарони деҳоти мазкур метавонад нақши калон дошта бошад.

Маркази матбуоти

Вазорати маориф ва илм

 


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Бикӯшем, то нек биандешем ҳамин аст оғози ахлоқ.
Паскал

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш