Нашрияи Омӯзгор

Ифтитоҳи бинои нави мактаб

Сана: 2021-09-23        Дида шуд: 779        Шарҳ: 0

 

20-уми сентябри соли равон дар деҳаи Шулонаки Ҷамоати деҳоти Қалъаи Сурхи ноҳияи Рашт бо иштироки Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоҳир Зокирзода, муовини вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Нуралӣ Собирзода ва намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия бинои муассисаи таълимии №12 мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.  Муассисаи таълимии мазкур 2-ошёна буда, барои таҳсили 240 нафар хонанда дар як баст сохта шудааст ва 30 нафар омўзгори ботаҷриба ба таълимгирандагон дарс мегўянд. Инчунин, муассиса дорои 8 синфхона, 4 кабинети фаннӣ, аз ҷумла, технологияи иттилоотӣ, технология, забони рўсӣ ва забони англисӣ мебошад.

Маркази матбуоти

Вазорати маориф ва илм

 


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Доштани дӯстони ҳақиқӣ замони зиёде металабад.
Бернард Шоу

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш