Нашрияи Омӯзгор

Мактаб дар деҳаи Шул

Сана: 2021-09-23        Дида шуд: 785        Шарҳ: 0

 

22 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари корӣ дар ноҳияҳои водии Рашт, дар деҳаи Шули деҳоти ба номи Боқӣ Раҳимзодаи ноҳияи Рашт муассисаи таҳсилоти рақами 35-ро, ки дар майдони умумии 720 метри мураббаъ бунёд гардидааст, ба истифода доданд.

Иншооти мазкур аз ду ошёна иборат буда, бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Президенти мамлакат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби соҳибкори ватандўст Файзиддин Зиёвудинов бунёд шудааст.

Сохтмони бино моҳи ноябри соли 2019 оғоз гардида, моҳи сентябри соли ҷорӣ ба анҷом расидааст.

Дар ошёнаи якуми муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №35, 6 синфхона, ошхона, ҳуҷраи омўзгорон, ҳуҷраи кории директор, озмоишгоҳҳои  кимиё ва физика ва дар ошёнаи дуюми он 5 синфхона ва 2 синфхонаи компютерӣ, маҷлисгоҳ бо 135 ҷойи нишаст ва китобхона ҷойгир мебошад.

Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 35 барои таҳсили 340 нафар хонанда дар як баст пешбинӣ шудааст. Муассисаи мазкур бо мизу курсиҳои истеҳсоли ватанӣ таъмин мебошад.

Бо бунёд гардидани чунин як иншооти муосири таълимӣ 10 нафар омўзгори маҳаллӣ бо ҷои корӣ доимӣ ва маоши хуб таъмин гардиданд. Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин ҷо бо омўзгорону хонандагон суҳбати озоду самимӣ анҷом дода, онҳоро барои таълиму тарбияи насли наврасу ҷавон дар рўҳияи худогоҳиву худшиносӣ, ватандўстиву ватанпарастӣ ва омўхтани илмҳои муосир ҳидоят намуданд.

President.tj


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Ҳар зард агар зар будӣ, қадри тилло гард шудӣ.
Сервантес

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш