Нашрияи Омӯзгор

Оғози сохтмони кўдакистони «Калидчаи заррин»

Сана: 2021-09-23        Дида шуд: 804        Шарҳ: 0

 

20 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи сафари корӣ дар ноҳияи Сангвор ба бунёди муассисаи томактабии замонавии «Калидчаи заррин» оғози расмӣ бахшиданд.

Кўдакистони замонавӣ дар маркази ноҳияи Сангвор барои 100 нафар дўстрўяк дар асоси ҳидоятҳои ҳамешагии Сарвари маорифпарвари мамлакат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо иқдоми Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Зарринк» бунёд карда мешавад.

Фармоишгари муассисаи нави томактабӣ Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Сангвор буда, лоиҳаи иншооти зебо аз ҷониби Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Меъморӣ ва шаҳрсозӣ»-и шаҳри Душанбе таҳия гардидааст.

Президенти мамлакат, муҳ-тарам Эмомалӣ Раҳмон пас аз шиносоии пурра бо лоиҳаи бунёди Муассисаи томактабии «Калидчаи Заррин» дар ҳамин ҷо бо имконоти фаъолияти Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Заррин» дар ноҳияи Сангвор шинос гардиданд.

Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Зарринк» аз корхонаҳои пешқадами саноатӣ дар мамлакат буда, дар рушди иқтисоди миллӣ ва саноатикунонии босуръати кишвар саҳми намоён дорад.

Сарвари давлат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба роҳбарияти корхона барои дастгирӣ аз иқдомҳои созандаи давлат ва Ҳукумати мамлакат дар самти таъсиси ҷойҳои нави корӣ, коркарди ашёи хоми ватанӣ изҳори сипосу миннатдорӣ намуда, ба масъулон ҷиҳати дастгирӣ аз ташаббусҳои неку бобарор дар рушди иқтисоди миллӣ дастуру супоришҳои мушаххас доданд.

President.tj

 


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Барои он ки сифатеро қадр созӣ, худ каме бояд аз он сифат дошта бошӣ.
Шекспир

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш