Нашрияи Омӯзгор

Президенти Эрон – узви ифтихории Шўрои олимон ва доктори фахрии ДМТ

Сана: 2021-09-23        Дида шуд: 800        Шарҳ: 0

 

17-уми сентябри соли равон Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Сайид Иброҳим Раисӣ, ки бо сафари расмӣ ва ҷиҳати иштирок дар ҷаласаи 20-умин солгарди таъсисёбии Созмони Ҳамкории Шанхай ба Ҷумҳурии Тоҷикистон омада буд, ба Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ташриф оварда, бо ҳайати устодону кормандони донишгоҳ вохўрӣ намуд.

Меҳмони олимақом – Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Сайид Иброҳим Раисиро вазири маориф ва илми ҷумҳурӣ Муҳаммадюсуф Имомзода, ректори Донишгоҳи Миллии Тоҷикистон Қобилҷон Хушвахтзода ва дигар намояндагони сохторҳои дипломатии ҷумҳурӣ истиқбол гирифта, ба тамошои дастовардҳои илмию техникии донишгоҳ, ки масъулин дар саҳни донишгоҳ бо тарроҳии наву замонавӣ намоиш дода буд, даъват намуданд. Намоишгоҳ аз гўшаҳои китобҳои таълифнамудаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон,  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, китобҳои тозанашри илмию таълимии устодону кормандони донишгоҳ, таҳқиқотҳои илмие, ки аз ҷониби шаҳрвандони Ҷумҳурии Исломии Эрон дар самтҳои гуногун пажўҳиш шудаанд, дастгоҳҳои замонавии таълимӣ-истеҳсолӣ, китобҳои нодири таърихӣ, дастовардҳои Маркази биотехнология ва Парки технологии донишгоҳ, Институти илмӣ-тадқиқотӣ, таҷҳизоти муосири фанҳои табиию риёзӣ, маҷаллаҳои илмӣ-таҳқиқотӣ ва ғайра иборат буд, ки он хеле таъсирбахш ва ҷолиби диққат буд.,

Баъд аз тамошои дастовардҳои донишгоҳ меҳмони олимақом – Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Сайид Иброҳим Раисӣ ҳамроҳ бо намояндагони сохторҳои дипломатии ҳар ду кишвар - Тоҷикистону Эрон дар толори калони донишгоҳ бо ҳайати устодону кормандони донишгоҳ вохўрӣ анҷом доданд.

Нахуст ректори ДМТ Қ. Хушвахтзода ташрифи Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Сайид Иброҳим Раисӣ ва тамоми меҳмонони олиқадрро ба ДМТ  хайрамақдам гуфта, ро-ҷеъ ба муҳиму саривақтӣ будани вохўрии мазкур ва ҳамкориҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ҷумҳурии Исломии Эрон дар бахши маориф, дар мисоли ДМТ суханронӣ намуд. Дар идомаи суханронӣ қарори Шўрои олимони Донишгоҳи миллиро дар робита ба узви ифтихории Шўрои олимон ва доктори фахрии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон интихоб гардидани Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Сайид Иброҳим Раисӣ ироа намуд. Ректори донишгоҳ зимни супоридани дипломи доктори фахрӣ ва пўшонидани либоси махсус (манти)-и узви ифтихории Шўрои олимони ДМТ қайд кард, ки Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Сайид Иброҳим Раисӣ барои саҳми босазояш дар рушди ҳамкориҳои илмиву таълимӣ бо чунин унвон сазовор шуд.

Меҳмони олимақом - Сайид Иброҳим Раисӣ дар суханронии хеш бо изҳори сипос аз роҳбари давлат, Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ ва раёсати Донишгоҳи миллии Тоҷикистон нишасти мазкурро яке аз самтҳои муҳими таҳкими дўстӣ ва боварӣ миёни мардуми фарҳангдўсти Эрону Тоҷикистон унвон кард. Меҳмони олимақом аз натиҷаи нишаст ва доктори фахрӣ ва узви ифтихории Шўрои олимони ДМТ интихоб шуданаш изҳори сипос намуда, дар робита ба саҳми илму таълим дар густариши ҳамкориҳои дуҷониба суханронӣ намуд.

Вохўрии мазкур бо супоридани туҳфаи хотиравӣ аз ҷониби ректори ДМТ Қобилҷон Хушвахтзода бо меҳмони олиқадр Сайид Иброҳим Раисӣ ба анҷом расид. Зимни вохўрӣ эҳсос гардид, ки ин вохўрии таърихӣ дурнамои нави ҳамкориҳоро муайян хоҳад намуд.

Ёдовар мешавем, ки зимни сафар Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Сайид Иброҳим Раисӣ ба Донишгоҳи миллии Тоҷикистон чанд навъи дастгоҳои наву замонавӣ барои самтҳои илми химияву биотехнология, аз қабили «Электроспиннинги якнасоса», «Спитеринг», «Инфиҷори электрикӣ», «Спектрофотометри нури дугона» ва китоби «Донишномаи забон ва адабиёти форсӣ» иборат аз 12 ҷилдро   тақдим карданд.


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Он чӣ аз дӯсти ҳамфикр дармеёбем, тақрибан ҳамонест, ки худ дармеёфтем.
Гёте

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш