Нашрияи Омӯзгор

Ақл, шараф ва виҷдони ҷомеа

Сана: 2021-09-30        Дида шуд: 807        Шарҳ: 0

 

Аз суханони Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ситоиши омўзгор

Ман пештар ҳам борҳо гуфтаам ва боз такрор мекунам: то замоне ки мо барои аҳли илму маориф, зиёиён, онҳое, ки офаранда, парваришдиҳанда ва муҳофизи маънавиёт, ахлоқ ва маърифати ҷомеа ҳастанд, зиндагии сазовору шоистаеро муҳайё накунем, мақому мартабаи онҳоро, чунонки мебояд, баланд набардорем, ба пешрафт умед бастанамон душвор аст.

***

Баланд гардидани обрў ва эътибори омўзгор ва мактабу маориф аз бисёр ҷиҳат ба худи шумо, устодону омўзгорон, вобаста аст.

Ҳар қадар ки шумо худро эҳтиром кунед, савияи донишу маърифати худро баланд бардоред, ба ҳамон андоза эҳтирому эътиқоди аҳли ҷамъиятро сазовор мегардед.

***

Гузаштагони бузурги мо беҳуда нагуфтаанд, ки равшанкунандаи хиради башар ва афрўзандаи машъали илму донишу тавоноӣ омўзгор, муаллим ва устод аст. Таъмини пешравӣ ва рушду нумўи ҷомеа низ ба маҳорати касбии шумо вобастагӣ дорад. Тақдири хушбахтии мардум, ободии кишвар ва афзоиши сарвати маънавии ҷомеа дар дасти шумост. Мо ба қудрату тавоноии шумо бовар дорем.

***

Рисолати бузургтарини ҳар фарде, ки худро зиёӣ мешуморад ва дар соҳаи маорифу фарҳанг ва илму маърифат заҳмат мекашад, бо талошҳои пайгирона сатҳи донишандўзӣ ва тафаккури илмию технологии насли наврасро баланд бардоштан аст.

***

Муаллим ақл, шарафу виҷдони ҷомеа ва симои асосии он мебошад. Вай донишу заковат, гармии дили худро бедареғ ба шогирдон – фарзандони миллат медиҳад ва хешро аз он хушбахт мешуморад. Имрўз масъулияти омўзгор боз ҳам афзудааст.

***

Тарбия ва ташаккули хислатҳои ҳамидаи инсонӣ дар насли наврас, насле, ки пояи илму фарҳанги миллатро ба силсилаи пешқадами тамаддуни ҷаҳонӣ пайваст менамояд, ба устодону омўзгорон вобаста аст.

***

Пешаи омўзгорӣ муқаддастарин касби рўи олам аст. Бедории фикр, покизагии ахлоқ ва ташаккули ақлонии инсон маҳсули ранҷу машаққати омўзгорон мебошад. Гузаштагони бузурги мо фармудаанд, ки равшанкунандаи хиради башар ва афрўзандаи машъали илму донишу тавоноӣ омўзгор, муаллим ва устод аст.

***

Дар татбиқи ҳар амали хайру савоб нақши омўзгорон бисёр бузург мебошад, чунки омўзгорон мураббӣ ва ҳидоятгари роҳи ростӣ ҳастанд.

Шумо – омўзгорон ва мураббиёни мушфиқ кори басо пурсавобро пешаи худ кардаед.

***

Маҳз муаллим аст, ки доимо меомўзад ва он чӣ андўхтааст, ба дигарон таълим медиҳад. Миллате, ки омўзгори асил надорад, ҳеч гоҳ ба ягон мартаба намерасад. Ифтихор ва сари баланди мост, ки тоҷикон аз қадим соҳиби китобу қалам, илму маърифат ва олиму омўзгор буданд, ҳастанд ва дар оянда низ хоҳанд монд.

 


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Муҳимтарин вазифаи мо дар назди мардумон ростӣ дар гуфтору кирдор аст.
Ҳегел

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш