Паёми навбатии Асосгузори сулҳу вахдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайғоми неки насли имрӯз ба наслҳои фардо ва садои баланду созандаи давлату миллат ба ҷомеаи ҷаҳонӣ мебошад. Ин Паём дар даврае пешниҳод гардид, ки“ Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо вуҷуди тағйирёбии вазъи сиёсиву иқтисодӣ ва амниятии ҷаҳон, дар роҳи пешрафти бемайлони иқтисод, расидан ба ҳадафҳои стратегӣ ва ба ин васила, таъмин намудани зиндагии шоистаи аҳолӣ бо қадамҳои устувор пеш меравад”.
Дар Паём Пешвои миллат ба вазъи умумии ҷаҳон, аз ҷумла, масъалаҳои моҳияти умумиҷаҳонидошта, аз қабили мусаллаҳшавии бошитоб, пайдоиши нишонаҳои марҳалаи нави «ранги сард”, таҳдиду хатарҳои глобалӣ, торафт доман паҳн намудани ҷуғрофияи нооромиҳо, таҳдиду хатарҳои сиёсиву иқтисодӣ, амниятӣ ва башариву фарҳангӣ дар минтақаҳои гуногуни олам, раванди афзоиши амалҳои номатлуби терроризму ифротгароӣ ва дигар таҳдидҳои замони муосир изҳори нигаронӣ намуда, дар як вақт мавқеи Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар ин давраи ниҳоятан ҳассоси ҷаҳони муосир ба таври зайл нишон додаанд: “Мо ҷонибдори низоми ҷаҳонии одилона, бидуни ҷангу низоъ, густариши ҳамкориву шарикии баробар ва судманди ҳамаи кишварҳои олам, таъмини амниятии ҷаҳониву минтақавӣ бо роҳи созишу муколамаи созанда бар асоси Оинномаи Созмони Милали Муттаҳид мебошем”
Қисмати дигари Паём сиёсати хориҷии кишварро дар бар гирифтааст, ки дар ин самт бартарият ва дурусту судовар будани сиёсати “ дарҳои кушода” чун меҳвари аслии муносибатҳо бо ҷаҳони муосир арзёбӣ гардидааст. Вобаста ба ин нукта дар Паём омадааст:
“Мо ин сиёсатро идома медиҳем ва дар ҷодаи таҳкими ҳамкориҳо бо ҳамаи кишварҳои ҷаҳон минбаъд низ чораҳои зарурӣ меандешем”.
Дар сиёсати хориҷии кишвар татбиқи пайгиронаи дипломатияи ҳамкорӣ дар соҳаи об мавқеи муҳимро касб намуда, имкон фароҳам овард, ки Тоҷикистон ҳамчун ташаббускори ҷаҳонии ҳалли масоили глобалӣ дар соҳаи об эътироф гардад. Боиси ифтихор ва сарафрозии ҳар як шаҳрванди Тоҷикистони азиз аст, ки соли ҷорӣ дар айёми таҷлили ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ ва Рӯзи ҷаҳонии об-22 март раванди татбиқи ташаббуси нави глобалии Тоҷикистон Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» расман оғоз мегардад.
Дар Паём омадааст, ки дастовардҳои сиёсати хориҷии Тоҷикистон дар даврони соҳибистиқлолӣ аз дуруст ба роҳ мондани муносибатҳои ҳасана бо давлатҳои Осиёи Марказӣ, кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва Созмони Ҳамкории Шанхай, кишварҳои Осиё, Аврупо ва Амрико, кишварҳои ҷануби Африқо ва Амрикои Лотинӣ вобаста мебошад.
Ҳамзамон, Пешвои миллат ба масъалаҳои дипломатияи иқтисодӣ, густариши ҳамкориҳои башариву фарҳангӣ бо мамлакатҳои дунё ҷиҳати расидан ба ҳадафҳои милливу давлатӣ ва ба ин васила, татбиқи уҳдадориҳои Тоҷикистон дар чаҳорчӯби созмонҳои байналмилаливу минтақавӣ ва ҷалби беҳтари ин созмонҳо ба иҷрои барномаҳо ва лоиҳаҳои муҳими кишвар, аз ҷумла, Стратегияи миллии рушд барои давраи то соли 2030 ҳамчун яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати хориҷии Тоҷикистон таваҷҷуҳи хос зоҳир намудааст.
Пешвои миллат ба масъалаи иқтисодӣ дахл намуда, амалишавии сиёсати давлатиро дар ин самт бо татбиқи «Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030”тавъам дониста, қайд намуданд, ки “барои расидан ба ҳадафҳои пешбинишуда дар ин давра аз ҳисоби буҷети давлатӣ зиёда аз 36 миллиард сомонӣ ҷудо гардида, дар солҳои 2018-2020 ба ин мақсад равона сохтани қариб 70 миллиард сомонӣ ба нақша гирифта шудааст.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҷеъ ба бахшҳои дигари муҳими хоҷагии халқ- сармоягузорӣ, соҳибкорӣ, саноат, энергетика, коммуникатсия изҳори назар намуда, раванди инкишофи минбаъдаи онҳоро нишон дода,барои фароҳам овардани шароитҳои боз ҳам беҳтари рушд имтиёзҳо муқаррар намудаанд.
Барои ду соли минбаъда эълон кардани мораторий ба ҳама гуна санҷишҳои фаъолияти соҳибкорони истеҳсолӣ аз ҷумлаи иқдомоти навбатии созандаи Роҳбари давлат аст.
Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон кардани соли 2018, аз имтиёзҳо бархурдор намудани ширкатҳои сайёҳӣ ва аҳолӣ аз иқдомоти навбатии дурбинонаи Пешвои миллат маҳсуб меёбад, ки тавасути он Тоҷикистон ба ҷаҳониён хубтар муаррифӣ гардида, ҳунарҳои мардумӣ рушд ёбанд ва садҳо ҷойҳои нави корӣ муҳайё гашта, имконияти ғанӣ гардидани буҷаи ҳар як оила фароҳам оварда шавад.
Масъалаҳои маориф, илм, тандурустӣ, фарҳанг, ҷавонон ва варзиш дар Паём ҳамчун масъалаҳои калидиӣ мавриди назари хоси Роҳбари давлат қарор гирифта, дастовардҳои ин соҳаҳо нишон дода шуда, масъалаҳои ҳалталаб мавриди таҳлил қарор дода шудааст.
Муллоҷон Аҳмадов,
ноҳияи Рашт
Иловакунӣ
Иловакунии фикр