Симон Соловейчик
Вожаи “муаллим” сермаъност. Муаллим-пешаи одамонест, ки иродаи мустаҳкам доранд. Касби аҷибест: ба Донишгоҳи омўзгорӣ ҳуҷҷат супорида, ҷавони 17-18 - сола бо худ уҳдадорӣ мегирад, ки барои шогирдони ояндааш идеал бошад.
Муаллимро лозим аст, ки нақши инсони накукорро бибозад. Ин нақш як маротиба интихоб шуда, дар тўли солҳо сайқал меёбад. Инсони муқаррарӣ ба инсони ғайриодӣ, ба муаллим табдил меёбад. Одамро на Донишгоҳи омўзгорӣ, балки муносибати бисёрсола бо шогирдон ба муаллим табдил медиҳад, зеро барои онҳо ба ў лозим аст, ки беҳтарин инсони рўи Замин бошад.
Муаллим ҳунармандест, ки тамошобинонаш барояш қарсак намезананд. Пайкарасозест, ки сохтаҳояшро касе намебинад. Табибест, ки беморони шифоёфтааш кам андар кам ташаккураш мегўянд
Муаллим мисли падару модар аст, аммо аз муҳаббате, ки фарзандонаш барояш бидиҳанд, маҳрум аст.
Корҳои рўзмарра-нақша, барнома, дафтари синф, баҳо, волидон, директор, нозири маориф, - фарогираш мешаванд ва ҳамаи инро бояд пушти дар гузошта, бо рўҳи баланд вориди синф шавад.
Муаллими хуб ҳамеша шахси ҳалиму нармгуфтор аст. Чунин муаллим бо оҳанги гуфтор, бо маданияти сухан, нигоҳи пурмеҳри худ дар тарбияти шогирдон нақши мусбат хоҳад гузошт.
Муаллими хуб будан чӣ маъно дорад? Муаллими хуб, пеш аз ҳама, шахсест, ки фанни таълимиашро хуб медонад, онро дўст медорад, уфуқҳои онро-кашфиёт, тадқиқот ва комёбиҳояшро медонад. Муаллими хуб хеле бештар аз он чизеро медонад, ки барномаи таълимӣ дар назар дорад. Фанни таълимӣ барояш мисли алифбои илм аст. Дониши амиқ, ҷаҳонбинии васеъ, шавқу завқ ба масъалаҳои илмӣ-ин ҳама ба муаллим барои он лозим аст, ки ба шогирдон неруи ҷозибаи фанни таълимӣ, илм ва раванди омўзишро нишон диҳад.
Шогирд бояд дар симои муаллим инсони хирадманд, донишманд, боақлу боҳуш, дўстдори илму донишро бинад. Ҳар қадар донишҳо амиқ бошанд, ҳар қадар ҷаҳонбинӣ васеъ бошад, ҳар қадар таҳсилоти илмии муаллим серпаҳлу бошад, ба ҳамон андоза ў на танҳо омўзгор, инчунин, тарбиятгар ҳам мебошад.
Муаллими хуб шахсест, ки педагогика, психологияро хуб медонад, мефаҳмад ва эҳсос мекунад, ки бе донистани илм дар бораи тарбия бо шогирдон кор кардан имконпазир нест.
Муаллими хуб шахсест, ки ба таври комил дорои маҳорати кор дар ин ё он соҳаи фаъолиятӣ корӣ буда, устоди касби хеш аст. (В. Сухомлинский)
Тарҷумаи Азимхон Малахов,
омўзгори мактаби миёнаи №45-и ноҳияи Рўдакӣ
Иловакунӣ
Иловакунии фикр