Нашрияи Омӯзгор

Забондонӣ – калиди мушкилот

Сана: 2021-09-30        Дида шуд: 779        Шарҳ: 0

 

Забони русӣ аз маъруфтарин ва паҳншудатарин забонҳои дунёст, бо ғановатмандии луғавӣ ва адабиёти ҷаҳоншумулаш.

Дар ҷумҳурии мо шавқмандону ихлосмандони каломи адабиёти рус зиёданд ва ҷидду ҷаҳди волидони дурандешу бомулоҳиза низ барои мо, омўзгорони забони русӣ, аз назар дур намемонад. Ман, ки ҳамчун омўзгори забони русӣ солҳои тўлонӣ фаъолият дорам, дар роҳи омўзиши ин забон иқдоми ҷиддӣ намудани наврасонро дарк менамоям.

Мехоҳам аз ҳаёти хонандагони муассисаамон, ки дар озмунҳои шаҳрию ҷумҳуриявӣ иштирок менамоянд, мисолҳо биёрам. Хонандагони болаёқати муассисаи мо, ки забондону забономўзанд, дар озмуну олимпиадаҳо иштирок намуда, сазовори ҷойҳои намоён гардида, миллату давлатамонро дар ҷаҳон муаррифӣ мекунанд. Ба андешаи ман, яке аз роҳҳои асосии омўзиши забони русӣ, муҳити хуб ва шавқу завқ доштани хонандагон ба ин забон мебошад. Дар шаҳри Душанбе муассисаҳои таҳсилоти умумии таълимашон бо забони русӣ зиёданд. Инчунин, кўдакистонҳое, ки дар онҳо бо забонҳои англисӣ ва русӣ таълим дода мешавад, талаботи ҷамъиятро баҷо оварда метавонанд. Роҳи асосии таълими босамари фарзандон, ба омўзгорони пуртаҷрибаи забони русӣ, ки дар муассисаҳои тасилоти умумии шаҳр фаъолияти хуб доранд, такя кардан маҳсуб меёбад.

Ба ақидаи ман, яке аз методҳои судманди таълими забони русӣ луғатомўзӣ ва луғатдонии шогирдонро хуб ба роҳ мондан мебошад. Дар ҷараёни таълим ба талаффузи дурусти калимаю ибораҳо ва хушоҳангии ҷумлаҳо эътибори ҷиддӣ додани омўзгорон ҳатмист. Мо – омўзгорони фанни забони русӣ бояд ҳар як дарсро мақсаднок, таъсирбахш ва омўзанда гузаронем. Аслан забономўзӣ бо амри дил ва хоҳиши самимӣ бояд сурат бигирад. Хонандае, ки аҳамияти забономўзиро дарк мекунад, худ мекўшад, ки дар ин роҳ комёб гардад. Забондонӣ калиди мушкилот аст.

Мушоҳидаҳо нишон доданд, ки фарзандони мо - тоҷикон, ки дар муҳоҷирати меҳнатӣ, дар Россияи паҳновар аз надонистани забони русӣ азоб мекашанд. Аз ин рў, илоҷи воқеаро пеш аз вуқўъ бояд ҷуст. Барҳақ, омўзиши забони русӣ на танҳо барои кору муомила ва муошират, балки барои пешаи хуб ва ихтисоси муҳимро соҳиб гардидани шахс мусоидат мекунад.

Манзура АМИНҶОНОВА,

омўзгори забони русии мактаби №78-и ноҳияи Фирдавсӣ


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Бузургон ҳеҷ гоҳ носипос набудаанд.
Гёте

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш