Нашрияи Омӯзгор

«Ганҷури Меҳроб»-и падарам

Сана: 2021-09-30        Дида шуд: 781        Шарҳ: 0

 

Шомгоҳон, баъд аз омодагӣ ба машғулиятҳои рўзи дигар (таҳияи нақшаи дарсӣ ва фишурдаи муҳтавои мавзуъҳои нав) чун одат ба ҳуҷраи падарам, ки он ба китобхонаи бузурге табдил дода шудааст, ворид мешавам. Аз китобхона китобҳои зарурии илмиро, ки бароям дар гузарондани машғулиятҳо аз фанҳои забон ва адабиёти тоҷик, ки ҳамчун сарчашмаи муътамад хидмат мерасонанд, истифода мекунам. Воқеан, барои омўзиши иловагӣ дар тафсиру тавзеҳи мукаммали мавзуъҳои дарсӣ дар китобхона тақрибан ҳамаи китобу адабиёти илмӣ мавҷуданд.

… Дар девори ҳуҷра сурати калони падари марҳумам овезон аст, ки ҳар шаб ба он бо меҳру муҳаббати бепоён дида медўзам. Падари соҳибмаърифату бофазилатам, шодравон Абдулҳамид Валиев чиҳил соли умри худро сарфи омўзгорӣ намуда, ба хонандагони муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №25-и ноҳияи Сино аз фанҳои забон ва адабиёти тоҷик сабақ меомўзонданд. Падарам солиёни тўлонӣ дар шуъбаи маорифи ноҳияи Сино ба сифати нозир низ фаъолияти пурсамар анҷом дода буданд. Аз хурдӣ, аз давраи хонандаи мактаб буданам амиқу неку ёд дорам, ки падарам ба китоб меҳру рағбати зиёд доштанд. Ҳамеша дар хона ғарқи мутолиаву омўзиши осори бадеию илмӣ буданд. Барои мо, фарзандон, амали неку хотирмони падарамон он буд, ки ў ҳамвора аз фурўшгоҳу дуконҳои китоб рўз дар миён се-чаҳор китоби нав харида, ба хона меоваранд. Ба мо ба таври мукаррар панд медоданд, ки китоб баҳри ороишу зеби хона набуда, онро бояд бо диққат ва амиқу ҳаматарафа мутолиа карду омўхт.

Рўз ба рўзу моҳ ба моҳ китобҳои харидаи падарам зиёд мегардид, аз ин рў, падарам тасмим гирифт, ки яке аз ҳуҷраҳои манзили зистамонро ба китобхона табдил медиҳанд . Ва ҳамин тавр ҳам кард. Дар ҷевонҳои махсус китобҳои харидаи худро вобаста ба ҳар як соҳа дар рафҳои ҷудогона ҷой дода, китобхонаи бошукўҳе таъсис доданд. ҳоло китобхонаи падарам дорои тақрибан 1500 нусха китоби гуногуни илмӣ, оммавӣ ва бадеӣ буда, ҳамчунин, дар он рўзномаю маҷаллаҳои дар солҳои мухталиф нашргардида, ба хусус, нашрияҳои соҳавӣ, аз қабили «Омўзгор», «Маорифи Тоҷикистон», «Маърифати омўзгор» ва ғайра ҷой дода шудаанд. Падарам дар тарбияи фарзандон заҳмати зиёд кашида, мо – панҷ писару як духтарро тарбия намуда, ба воя расониданд, ки имрўз ҳар кадоме дар соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ баҳри ояндаи дурахшони кишвар софдилона меҳнат мекунем. Оташи меҳри омўзгориро дар ошёни қалбам қиблагоҳам афрўхтанду ман бо ҳидояту дастгирии эшон аз пайи касби падар рафтам ва инак, 25 сол мешавад, ки дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №89-и ноҳияи Сино ба мактабиён аз забон ва адабиёти тоҷик сабақ меомўзонам. Тавре ки медонем, соли сеюм аст, ки дар ҷумҳурӣ озмуни «Фурўғи субҳи доноӣ китоб аст» баргузор мегардад. Хонандагони мактаби №89, шогирдони банда, дар озмуни мазкур муваффақона иштирок менамоянд ва ба таври мунтазам аз китобхонаи падарам баҳри мутолиаи асарҳои бадеӣ истифода мекунанд. Соли гузашта се нафар шогирдам дар озмуни зикршуда иштирок намуда, сазовори ҷойҳои намоён гардиданд. Шогирдонам ҳамасола дар олимпиадаҳои сатҳи ноҳиявию минтақавӣ ва ҷумҳуриявӣ низ фаъолона ширкат меварзанд. Китобхонаи шахсии мо ҳамеша серхонанда аст. Падарам дар вақти дар қайди ҳаёт буданашон китобхонаро ба исми набераашон Меҳроб бо ифтихор «Ганҷури Меҳроб» ном гузошта буданд. Афсўс, ки марги нобаҳангом падари меҳнатқарину соҳибдиламонро аз байни мо рабуд, аммо номи неки ўро китобхонаи ба ёдгор гузоштаашон ҳамеша зиндаву поянда медоранд.

Малоҳат ВАЛИЕВА,

омўзгори мактаби №89, ноҳияи Сино


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Дар табиат мавҷуде ваҳшитару дурушттар аз инсони бекор нест.
Ҳессе

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш