Ба ифтихори 110-солагии устод Сотим Улуғзода аз ҷониби доктори илмҳои филологӣ, профессори кафедраи назария ва адабиёти навини форсии тоҷикии факултети филологияи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Сироҷиддини Эмомалӣ китоби нав таҳти унвони «Арзишҳои миллӣ дар насри бадеии Сотим Улуғзода» (Душанбе: «Эр-граф», 2021. – 132 с.) ба нашр расид, ки аз беҳтарин пажўҳишҳо дар масъалаи шинохти арзишҳои миллӣ мебошад. Китоб аз 4 боб иборат буда, паҳлуҳои гуногуни фаъолият ва эҷодиёти устод Улуғзодаро барои хонанда ба таври шоиста муаррифӣ менамояд.
Боби аввали китоб «Муруре ба бархе вижагиҳои аҳволу осори Сотим Улуғзода» унвон дошта, дар асоси ёддошту хотирот ва асарҳои илмӣ, зиндагию осор ва фаъолияти эҷодии адиб баррасӣ гардидааст. Муаллиф ҳаёти пуршебу фарози нависандаро бо такя ба ҳуҷҷат ва асарҳои муътамад ба таври муассир таҳлил намудааст. Устод Сотим Улуғзода дар зинда нигоҳ доштани таърихи халқ, шинохти таъриху фарҳанги ғании миллати тамаддунофари тоҷик хидмати арзанда кардааст. Нависандаи заҳматпеша баъд аз устод Айнӣ аз пуркортарин адибонест, ки тавониста миллати тоҷикро ба таври воқеӣ ба оламиён шиносонад. Асарҳои эҷоднамудааш саҳифаи тозаи таърихи миллатро равшан менамояд. Ба таъбири С. Эмомалӣ, «Сотим Улуғзода бо осори таърихии худ дар насри тоҷик роҳу равиши тозаи муносибат бо воқеаҳои таърихиро тарҳрезӣ карда, бо ҳамин ҷанбаи миллӣ ва маърифатии насри таърихии халқи тоҷикро тақвият бахшид. Асарҳои таърихии нависанда, чи хеле ки аз муҳтавои қиссаи «Ривояти суғдӣ» бармеояд, дар офариниши воқеии образҳои таърихӣ саҳми муносиб мегиранд, инчунин, як давраи мукаммали таърихи фарҳангӣ ва иҷтимоии халқи тоҷикро басо асоснок ва боварибахш ба хонанда пешкаш менамоянд».
Дар ин боб муҳаққиқ фаъолияти тарҷумониву драматургии Сотим Улуғзодаро низ мавриди таҳлил қарор дода, асарҳои дар ин самт таълифнамудаи ўро тавзеҳ мебахшад ва нақши ин осорро дар рушди театру кинои тоҷик муҳим арзёбӣ мекунад. Овардани лаҳзаҳои ҷолибу ибратбахш аз зиндагии Сотим Улуғзода дар ин боб басо воқеиву таъсиргузор мебошанд ва симои устод Улуғзодаро ҳамчун фарзанди баруманду фидоӣ ва хештаншиносу ватандўст нишон медиҳад.
Ҳамчунин, хидматҳои Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар қадрдониву арҷгузорӣ ба ин шахсияти таърихӣ басо ҷолибу воқеӣ қаламдод шудааст.
Боби дуюми китоб «Шахсиятҳои адабию фарҳангӣ дар насри Сотим Улуғзода» ном дорад, ки бевосита ба масъалаи шинохти арзишҳои миллӣ бахшида шудааст. Ин боби китоб аз давраи таҳсил намудани Сотим Улуғзода дар Дорулмуаллимини Тошканд оғоз меёбад, ки ба гуфтаи «Халқи худро шинос»-и профессори рус Михаил Степанович Андреев оғоз меёбад ва нависанда аз ҳамин давра ба масъалаи омўзиши таъриху фарҳанги халқи тоҷик камари ҳиммат мебандад. Ҳамчунин, вохўриву суҳбатҳояш бо устодон Садриддин Айнӣ ва Абулқосим Лоҳутӣ дар рўҳу равони С. Улуғзода такони ҷиддӣ мебахшанд, ки ба мутолиаву омўзиши васеъ мепардозад. Ҳамин сабаб мешавад ва ў бевосита ба муаррифии чеҳраҳои илмиву фарҳангии тоҷик даст зада, драмаҳои «Рўдакӣ», киноповести «Ҷавонии Ибни Сино», «Аллома Адҳам», асари илмии «Пири ҳакимони Машриқзамин», ҳикояи «Марги ҳофиз», асарҳои «Ривояти суғдӣ», «Восеъ», «Фирдавсӣ» ва дигаронро таълиф мекунад. Бо таълифи ин асарҳо нависанда тавониста таъриху фарҳанг ва фарзандони баруманди тоҷикро ба ҷаҳониён муаррифӣ намояд. Муаллифи китоб Сироҷиддини Эмомалӣ қайд мекунад, ки «Романи «Фирдавсӣ»-и С. Улуғзода асари ҳамосӣ буда, мавзую масъалаҳои гуногуни ҳаёти халқи тоҷикро дар охири асри X ва ибтидои асри XI фаро гирифтааст. Асари мазкур дорои мазмуни баланди ғоявию таърихист ва аз лиҳози бадеӣ ибратомўз мебошад. Ҷавҳари асосии асаррро худшиносиву худогоҳӣ ва инсонпарастию ватанпарастӣ ташкил додааст».
Бояд гуфт, ки асарҳои Сотим Улуғзода рўҳи миллӣ доранд ва ба хотири зиндаву поянда нигоҳ доштани арзишҳои милливу фарҳангӣ нависанда дар асарҳояш тасвири воқеаҳоро бо кушоиши гиреҳҳо ва бозтоби характерҳо, нозукию паҳлуҳои гуногуни муҳити фарҳангӣ хеле олӣ инъикос намудааст. Ҳамчунин, навиштаҳои С. Улуғзода дар бораи устод Айнӣ низ хеле воқеӣ ва ибратбахш мебошанд. Нависанда перомуни фаъолият ва эҷодиёти устод Айнӣ мақолаҳои «Аз дафтари ёддоштҳои ман», «Садриддин Айнӣ», «Саёҳати Бухоро бо ҳамроҳии устод Айнӣ», «Асосгузори адабиёти советии тоҷик», «Субҳи ҷавонии мо» ва «Дар бораи якчанд қайди устод Айнӣ»-ро таълиф намудааст. Шинохти Сотим Улуғзодаро дар бораи устод Айнӣ метавон дар ин чанд ҷумла, ки дар китоб оварда шудааст, зикр намуд: «Донишҳои ў (устод Айнӣ дар назар аст – Н. Н., Н. О.), пуркорӣ ва меҳнатдўстии фавқулодаи ў, ҳофизаи тавонои ў дар ҳақиқат ҳайратангез буданд, Айнӣ якумин муаллим, якумин журналист, якумин шоир ва насрнавис, якумин таърихшинос ва олими советии тоҷик буда, дар охирин солҳои умраш якумин президенти Академияи навбунёди фанҳои ресбпублика гардид. Аввалин китобҳое, ки ман хондам, китобҳои Айнӣ буданд. Қаҳрамонҳои асарҳои ў – Одина, Ёдгор, Гулнор дўстони бачагӣ ва рафиқони ҷавонии мо буданд. Ин нависандаи бузург ҳам бо китобҳояш ва ҳам бо шахсияти аҷоибаш ба зиндагонии насли мо дохил гардид».
Масъалаи хонавода дар эҷодиёти Сотим Улуғзода мавқеи намоён дорад. Муҳаққиқ С. Эмомалӣ ба масъалаи меҳру муҳаббату садоқат ва арзишҳои хонавода дар эҷодиёти Сотим Улуғзода таваҷчуҳи махсус зоҳир намудааст. Дар китоби мазкур аввалан, мафҳуми хонавода дар фарҳангу луғоти тафсирӣ ва ба ин минвол, дар адабиёти бадеӣ таҳлил карда шудааст. Бояд гуфт, ки зиндагии инсон низ ба устувории оила дар асоси меҳру муҳаббат ва ҳамдигарфаҳмиву садоқат пойдор мебошад. Муҳаққиқ зимни таҳлили текстологии асарҳои нависанда ба натиҷаҳои назарраси илмӣ расидааст ва порчаҳоеро интихобан овардааст, ки воқеан муҳаббату садоқат ва пайванди мустаҳками зиндагии қаҳрамонҳои асарҳои адибро нишон медиҳанд. Ин нуктаро нахуст дар қиссаи «Ёрони боҳиммат», ки асари психологии нависанда маҳсуб меёбад, пай бурдан мумкин аст. С. Эмомалӣ масъалаи мазкурро чунин тавзеҳ мебахшад: «Нависанда дар ин қисса сарнавишти иштирокчии ҷанг Ҷўрабек ва ҳамсари ў Зайнабро тасвир мекунад. Аз сюжети асар маълум мегардад, ки Ҷўрабек ва Зайнаб ҳамдигарро дўст дошта, оила барпо кардаанд. Ва баъди чанд муддати зиндагиашон ҷанг оғоз гардид ва Ҷўрабек ба ҷанг даъват мешавад. Вале дере нагузашта аз фронт хатти сиёҳи Ҷўрабекро барои Зайнаб мефиристанд…» Ҳамин тавр, лаҳзаҳову эпизодҳои ҷолибро интихобан оварда, манзалати хонаводаро тасвир менамояд. Ин мавзуъ дар қиссаву романҳои «Ривояти суғдӣ», «Субҳи ҷавонии мо», «Восеъ» ва «Фирдавсӣ» низ мавриди тасвир қарор гирифтааст. Масалан:
«– Доғ кардӣ маро, Восеъ, диламро об кардӣ, – оҳ кашид Аноргул. – Илоҳӣ сиҳат – саломат, хушу хуррам гашта биёӣ. Хонаи манғит бисўзад, ки ба сари мо ин аламу кулфат, ин зиндаҷудоиро овард. Аммо ту хаёл накун, ки ман аз ту гиламандам, Восеъ. Не, ман агар мард мебудам, дар ҷойи ту ман ҳам ба манғит теғ мекашидам. Ман туро барои шердилӣ, мардонагӣ, ростқавлиат дўст доштам, ҳозир аз пештара ҳам дўсттар медорам, дар куҷо, ки бошӣ, ба сарат ҳар чӣ ки биёяд, хоҳ ғам бошад, хоҳ шодӣ, ту маро ҳамроҳи худат бидон. Тани зори ман дар ин ҷо ё дар дар Баландсар мемонад, аммо дилам, ҷонам бо туст. Ман ҳам аз ту розиям, Восеъ, сад бор розӣ…». Ҳамин гуна саҳнаҳои хонаводагӣ ва меҳру муҳаббати оилавӣ дар асарҳои Сотим Улуғзода зиёд аст.
Шоистаи таъкид аст, ки насри устод Улуғзода насри андеша мебошад ва хонандаро ба фикр кардан водор мекунад. Ин гуна таъсирноку пурмуҳаббат суханронӣ намудани қаҳрамонҳои асарҳои Улуғзода иддаеро ҳамчун адолатҷўю ҷасуру нотарсу ватандўст ва қисми дигарро ҳамчун донишманду мутафаккири сатҳи ҷаҳонӣ бозтоб менамояд. Тасвири муҳити хонавода ва арзишҳои миллии хонавода дар осори устод Улуғзода бобҳои сеюму чоруми рисолаи мазкурро фаро гирифтаанд.
Воқеан ҳам, донишманди тоҷик Сироҷиддини Эмомалӣ дар рисолаи «Арзишҳои миллӣ дар насри бадеии Сотим Улуғзода» бо таҳқиқи фарогиру густурда, ки дар заминаи таҳлилу васею ҳамаҷонибаи арзишҳои миллӣ, баланд бардоштани маърифати худшиносӣ, эҳтироми хонавода, садоқату вафодорӣ баррасӣ гардидааст, маҳорату ҳунари нигорандагии нависандаро бармало сохтааст. Сабку шеваи навишти асар низ ҷолиб буда, иқтибосҳову истилоҳот ва порчаҳо аз китобҳои нависанда бамаврид оварда шудаанд. Ба муҳаққиқ муяссар гардидааст, ки симои устод Сотим Улуғзодаро ҳамчун нависандаи ватандўсту вафодори Ватан нишон диҳад.
Ноилшоҳ НУРАЛИЗОДА,
Насриддин ОХУНЗОДА,
«Омўзгор»
Иловакунӣ
Иловакунии фикр