Нашрияи Омӯзгор

Фазилатҳои Фазиламоҳ

Сана: 2021-09-30        Дида шуд: 781        Шарҳ: 0

 

Сухан гуфтан дар бораи онҳое, ки дилу равонашон саршори муҳаббат ба касби омўзгорӣ, садоқат ба халқу диёр ва таълиму тарбияи фарзандон аст, бароям ҳамеша боиси ифтихору сарбаландии бепоён мебошад. Муаллима Фазиламоҳ Зарифова аз ҷумлаи онҳост. Вақте ки ман бори аввал аз муаллима Фазиламо пурсидам: «Чӣ водор намуд, ки шумо касби омўзгориро пеша намудед?» муаллима чунин посух дод: «Ман ҳамеша аз ҳаёти худ шукргузориҳо менамоям, ки тамоми зинаҳои камолотам, шурўъ аз муҳити хонадонам дар деҳаи Лағмони ноҳияи Кўлоб, айёми талабагӣ дар мактаби таҳсилоти умумии рақами 10 ва дар даврони донишҷўӣ дар Донишгоҳи давлати омўзгории шаҳри Кўлоб то имрўз аз фазои ахлоқӣ ва тарбияи инсон ҷудо набудам. Маҳз тарбияи падару модар ва сабақҳои додаи муаллимони мактаби деҳаи азизам дар интихоби касби ман нақши бузург гузоштаанд».

 Муаллима бо фазилатҳои некуи инсонӣ ва фаъолияти пурмаҳсули худ дар раванди таълиму тарбия, таҳияи нақшаҳои таълимӣ, интихоби мавзуъҳо барои баланд бардоштани мазмуннокии машғулиятҳо, натиҷаҳои таълим, низоми таълимию тарбиявӣ, сифати дарсҳо, татбиқи сиёсати давлатӣ, корҳои ташкилотчигӣ дар соҳаи таълиму тарбия намунаи ибрати ҳамкоронаш мебошад. Вай ҳамчун мутахассиси ботаҷрибаи фанни педагогика ва психология мақоми хешро дар мактаб ва ҷамъият ба хубӣ мешиносад, қадр мекунад, ҳамеша ҳуқуқҳо, шаъну шарафи омўзгорӣ ва дастпарваронашро ҳифз менамояд. Хонандагонро дар рўҳияи инсондўстӣ, ватанпарастӣ, накукорӣ, эҳтироми калонсолон, анъанаҳои миллӣ ва фарҳангӣ таълим додан ва тарбия намудан самтҳои афзалиятноки фаъолияти педагогии Фазиламоҳ Зарифоваро ташкил медиҳанд. Аз рафтору гуфтор ва кирдорҳои муаллима бармеояд, ки ў ба хислатҳои бепарвоӣ нисбат ба камолоти фарзандон, сифати пасти таълиму тарбия ва қадру манзалати худро нашинохтани омўзгорон оштинопазир буда, ҳадафҳои инсондўстонаву ватанхоҳонаашро ҳангоми суханрониҳо дар маҷлису ҷамъомадҳо ва суҳбатҳои хоса таъкид менамояд. Дастовардҳои асосии муаллима  Фазиламоҳ Зарифова, бахусус, дар он зоҳир мешавад, ки вай усулҳои фаъолияти омўзгорӣ ва муносибатҳои эҷодиашро дар алоқамандӣ бо чунин шаклҳои таъсирбахши таълиму тарбия пурсамар истифода мебарад: риояи талаботи умумибашарии ахлоқу арзишҳои маънавӣ бо дарназардошти ҳолатҳои равонии шогирдон ва дар ҳамкории қавӣ бо падару модарон; муайян намудани қобилияти зеҳнии хонандагон; фароҳам овардани шароиту имкониятҳо барои рушди камолоти онҳо; мусоидат намудан ба иштироки фаъолонаи шогирдон дар корҳои ҷамъиятӣ, маҳфилҳои илмию адабӣ, озмунҳо ва ғ.

Дар ҷомеаи муосир кам нестанд ашхосе, ки соҳаи педагогикаро хатм карда, ҳамагӣ як-ду сол омўзгорӣ карда, тарки ин пешаи наҷибу пурифтихор менамоянд ва аз пайи тиҷорату савдои бозор ё ягон шуғли сердаромад мешаванд. Аз ин рў, метавон гуфт, ки фаъолияти касбии муаллима Фазиламоҳ Зарифова баринҳо, ки бидуни проблемаҳои иҷтимоӣ ҳаргиз намехоҳанд аз шуғли дўстдоштаашон ҷудо шаванд, намунаи ибрат ва шоёни таҳсину офаринҳост. Фазиламоҳ баъди хатми Донишгоҳи омўзгорӣ тайи 16 сол дар мактаби таҳсилоти умумии №10-и шаҳри Кўлоб, дар ҳамон мактаби азизи таълимгирифтаи худ ба ҳайси муаллими синҳои ибтидоӣ бенуқсон кор карда, шогирдони зиёдеро ба камол расонидааст. Сипас, ў аз соли 1995 то соли 2000-ум ба фаъолияти педагогиаш дар мактаб-интернати №1-и шаҳри Душанбе идома бахшид. Айни замон муаллимаи мактаби таҳсилоти умумии №50-уми шаҳри Душанбе буда, дар байни ҳамкорон, шогирдон ва падару модарон обрўю нуфузи баланд дорад.

 Боз як хислати ҳамидаи муаллима Фазиламоҳро мехостам махсус таъкид намоям. Вай аз сиёсати давлатӣ дар соҳаи маориф, дурнамо, консепсия, стратегия ва барномаҳои давлатии рушди соҳаи маориф ба хубӣ бархурдор буда, ҳамчунин, вазифаю уҳдадориҳои худро дар сатҳи зарурӣ медонад ва тамоми донишу малака ва таҷрибаи меҳнатиашро пайваста ба иҷрои ҳамин вазифаю уҳдадориҳо сафарбар менамояд.

 

Азизмурод ШАРИФОВ,

корманди Вазорати фарҳанги

Ҷумҳурии Тоҷикистон


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Виҷдон омӯзонандатарин китоб аз китобҳои дастраси мост:онро бештар бояд хонд.
Паскал

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш