Нашрияи Омӯзгор

Бонуи ҳикматэъҷоз

Сана: 2021-09-30        Дида шуд: 793        Шарҳ: 0

 

Мунзифа Ғаффорова  ҳамчун яке аз саромадони ҷабҳаи нави маънавиёти миллати тоҷик, донишманди шинохта, доктори илмҳои фалсафа, профессор дар ҷумҳурӣ шинохта шудааст.

Далели хайрхоҳии мардуме, ки дар оғози фаъолияти меҳнатии устоди азиз саҳмгузор буданд, аз забони ў дар ёддоштҳояш чунин омадааст: «дар хотир дорам, чӣ тавр ман донишҷўи факултети коргарии назди Донишкадаи омўзгории ш. Ленинобод ба номи С.М. Киров (ҳоло ДДХ ба номи Б.Ғафуров) гардидам. Ба ин факултет бо маълумоти синфи 7 ва синни 14-15 солагӣ қабул мекарданд. Ман бошам, айёми дохил шудан ба ин маскани дониш танҳо мактаби ибтидоиро хатм карда, ба сенздаҳ қадам гузошта будам...»

Мунзифа  Қаҳҳоровна аз ҷумлаи он толибилмони ташнаи донишомўзӣ буд, ки дар солҳои вазнини Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ Донишкадаи омўзгории шаҳри Хуҷандро ба итмом расонида, ба арсаи фаъолияти мустақилона ворид гардид.

То  оғози солҳои 50-ум вай ба ҳайси омўзгор ва корманди мақомоти комсомолу ҷавонон фаъолият мекунад. Бо  мақсади амалӣ гардонидани орзуи хеш, устод соли 1952 ба аспирантураи АУ ҶШС Тоҷикистон дохил шуда, ба омўзиши илми фалсафа камар мебандад. Ба хушбахтии худи устод, роҳбарии илмиашро поягузори мактаби фалсафаи муосири тоҷик А.М. Баҳоваддинов ба уҳда доштанд. Дар ин самт М. Ғаффорова бо маслиҳату пешниҳоди ин донишманди барҷаста амал карда, ба таҳқиқу омўзиши яке аз масъалаҳои муҳимтарини ҳаёти иҷтимоӣ – сиёсии Тоҷикистони Шуравӣ – масъалаи озодии занон даст заданд.

Дастовардҳои таҳқиқу омўзиши мавзуи М.Ғаффорова дар рисолаи номзадӣ бо унвони «Роли роҳбарикунандаи Партияи Коммунистӣ дар озод намудани занони Шарқи Шуравӣ» ҷамъбаст гардиданд. Бо дифои рисолаи номзадӣ таҳқиқу омўзиши ин мавзўъ ба охир нарасид. Таваҷҷуҳи донишманди серғайрату пурмаҳсулро акнун паҳлўи дигари мавзуъ – симои маънавии зани тоҷик ва умуман, занони Шарқи Шўравӣ ба худ ҷалб кард.

Беҳтар намудани вазъи зиндагии зан, роҳнамоии вай ба сўи дарки ҳаёти маънавию рўҳонияш яке аз масъалаҳои муҳим ва мубрами ҷомеа ба шумор мерафт. Ҳамин ҳолат боис гардид, ки олими умедбахши тоҷик бо маслиҳати устодаш А.Баҳоваддинов таҳқиқу омўзиши  проблемаи мазкурро идома дода, дар ҷустуҷўи иллатҳои навини заъфи ин масъала камар баста, дар корҳои анҷомдодаашон навовариҳои навини илмиро ворид намуданд.

Натиҷаи ин меҳнати пурсамари донишманд имконият дод, ки М.Ғаффорова соли 1968 рисолаи доктории хешро дар мавзуи «Ташаккули симои маънавии занони Шарқи Советӣ» дар яке аз марказҳои бонуфуз ва маъруфи Академияи илмҳои ИҶШС – Институти фалсафа ҳимоя намуд.

Минбаъд таваҷҷуҳи тадқиқотии М.Ғаффороваро, инчунин, масъалаи муҳими назарияи фалсафӣ  дар бораи шаклҳои шуури ҷамъиятӣ, моҳиятҳо ва хусусиятҳои  табаддулоти ў дар шароити гуногуни ҳаёти инсон ҷалб мекунад.

Умуман, хирмани омўзишу навиштаҷоти донишманд бой, рангоранг, пурмазмун ва ҳаётӣ мебошад. Ў муаллифи зиёда аз 200 асар – рисола, монографию дастурҳо ва  мақолаҳои илмӣ, китобҳои дарсӣ, дастурҳои таълимии фалсафа барои мактабҳои олӣ ва ғайраҳо мебошанд. Охирин китоби дарсӣ бо номи «Асосҳои фалсафа» таҳия ва нашр гардида, бо қарори мушовараи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳои баланд гирифта, барои макотиби олӣ тавсия гардид.

Китоби умри бобаракати ў серпаҳлўю пур аз саҳифаҳои рангин  аст. Зиёда аз 10 сол дар вазифаҳои масъули комсомолӣ ҳизбию давлатӣ, ягона бонуи тоҷик аст, ки солҳои зиёди даврони Шуравӣ ду донишгоҳи муътабари ҷумҳуриро сарварӣ намудааст: Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо  Турсунзода ва Донишгоҳи давлатии омўзгории ба номи Т.Г.Шевченко (ҳозира ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ) – ро.

Аз соли 1952 то вопасин лаҳзаҳои ҳаёташ як паҳлуи фаъолияти М. Ғаффорова бо Академияи улуми Ҷумҳурии Тоҷикистон низ иртибот дошт. Яке аз аввалин аспирантони шуъбаи фалсафа, узви ҳайати таҳририяи аввалин энсиклопедияи тоҷик, муаллифу муқарризи як зумра мақолаҳои соҳаи фалсафа дар энсиклопедия, узви комиссияи навтаъсиси АУ  Тоҷикистон доир ба пешниҳод ба Ҷоизаи давлатии ба номи Абуалӣ ибни Сино (раиси сексияи илмҳои ҷомеашиносӣ), узви фаъоли Шўрои илмии диссертатсионии фалсафа аз давраи таъсис ёфтанаш то лаҳзаҳои охири умри хеш мансуб меёфт.

М.Ғаффорова  ҳамчун ташкилотчии бомаҳорат ва масъулиятшинос солҳои зиёд вакили Шўрои Олии Ҷумҳурӣ, узви ҷамъияти робитаҳои дўстӣ ва мадании СССР бо мамлакатҳои хориҷӣ, узви Правленияи ҷамъиятии фалсафавии СССР узви Шўрои илмӣ  - техникии Вазорати маорифи СССР, узви Комитети занони Шуравӣ, раиси шуъбаи ҷумҳуриявии ҷамъияти робитаҳои дустӣ ва мадании СССР – Бангладеш, муовини раиси Кумитаи якдилии халқҳои Осиё ва Африқо ва ғайра буданд.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хизмати арзандаи устодро ба инобат гирифта, ўро бо мукофотҳои давлатӣ қадр намудааст: «Ходими хизматнишондодаи илми Ҷумҳурии Тоҷикистон», ду ордени «Байрақи Сурхи Меҳнат», ордени «Дўстии халқҳо», ордени «Дустӣ»-и Ҷумҳурии Тоҷикистон, медалҳои «Барои меҳнати бошуҷоат дар Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ», солҳои 1941-1945», «800-солагии Москав» ва дигар медалҳо, ифтихорномаҳои давлатӣ, нишонаҳои фахрии «Аълочии маорифи СССР», «Аълочии маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон».

Мунзифа Ғаффорова то лаҳзаҳои вопасини умри хеш дар пешбурди илму фарҳанги ҷумҳурӣ кушиши зиёд ба харҷ додааст.

Гуландом АБИЛЗОДА,

номзади илмҳои фалсафа, мудири кафедраи психология ва сотсиологияи идоракунии Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Як шохаи гули ток метавонад бӯстони ман бошад, як дӯст - дунёи ман.
Бернард Шоу

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш