Нашрияи Омӯзгор

Омўзиши табиати биҳиштосои Тоҷикистон

Сана: 2021-09-30        Дида шуд: 801        Шарҳ: 0

 

Табиатшиносӣ яке аз фанҳои шавқовару диққатҷалбкунанда буда, қобилияти дарки ҳодисаҳои табиатро дар ниҳоди кўдакон бедор менамояд. Ин фан ҳодисаҳои табиати атрофи мо, олами пурасрори набототу ҳайвонот, гардиши об, ба амал омадани шабу рўз,  хосиятҳои ҷирмҳои осмонӣ, ҳодисаҳои кайҳонӣ, сангҳо, кўҳҳо, боду ҳаво, раъду барқ, тирукамонеро, ки бо рангорангиаш ҳайратовар аст, меомўзонад. Ин амал бо шавқу рағбат ва то кадом андоза фаҳмонида тавонистани мавзуъҳои  фанни табиатшиносӣ аз ҷониби омўзгори синфҳои ибтидоӣ вобастагӣ дорад. Барои ҳамин ҳар як таълимдиҳанда  - бо роҳу усулҳои замонавӣ бо истифода аз васоити аёнӣ - расмҳои ҷолибу рангоранг ва дастгоҳҳои техникӣ  навгониҳои олами атрофро бо ба хонандагон расонида метавонад. Омўзиши ҷирмҳои осмонӣ агар ба кўдак писанд ояд, вай метавонад дар оянда олими бузурги соҳаи физикаю астрономия шавад ва шояд кашшофи ҷирмҳои нави осмонӣ гардад, ки то ҳанўз ба инсоният номаълум аст.

Дар раванди таълим омўзгор метавонад ба воситаи омўзонидани дарси табиатшиносӣ, табиати Ватани моро, ки биҳиштосо мебошад, ба хонандагон талқин намуда, дар ниҳоди онҳо ҳисси дўст доштани Тоҷикистонро бедор намояд.

Зулфия Ҳайдарова,

омўзгори МТМУ №42-и ноҳияи Фирдавсӣ

 

 


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Дар оғози корҳоят ҳақро риоя кун, идомаи корҳо хуб мешаванд.
Гёте

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш