Нашрияи Омӯзгор

Зи ғайрат муроди худ орӣ ба чанг

Сана: 2021-09-30        Дида шуд: 797        Шарҳ: 0

 

Кўшишу ғайрат ва талоши пайваста касро ба қуллаи мақсуд мерасонад. Омўзгори варзида Эсанқул Холмуродов аз зумраи он омўзгоронест, ки дар соҳаи таълиму тарбия талошу кўшишҳои зиёде ба харҷ додаву дар ин самт ба комёбиҳои назаррас ноил гардидааст. Фаъолияташ созгор ба мазмуни ин байти Саъдии Шерозист:

Зи ғайрат ба даст оядат ному нанг,

Зи ғайрат муроди худ орӣ ба чанг.

Самараи ҷаҳду талоши муаллим комёбии шогирдонаш дар озмуну олимпиадаҳои сатҳи умумииттифоқӣ (дар даврони Шўравӣ), ҷумҳуриявӣ, вилоятӣ ва ноҳиявӣ мебошад. Соли 1986 яке аз шогирдонаш Баҳром Қулов дар озмуни умумииттифоқии “Кимиёдонҳои ҷавон” дар шаҳри Уфа ширкат намуда, соҳиби мукофот гардидааст. Дастпарварони Э. Холмуродов беш аз 80 маротиба ба мукофотҳо сарфароз шудаву 11 маротиба ба дарёфти медалҳои тилло, нуқра, биринҷӣ ва дипломи умумииттифоқӣ ноил гардидаанд.

Қисми бештари фаъолияти омўзгории Э.Холмуродов дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №11-и деҳаи Шинги шаҳри Панҷакент сипарӣ шудааст. Феълан дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №72-и шаҳраки Саразм идомаи фаъолият дорад.

Дар даврони Шўравӣ дар таълимгоҳи деҳоти дурдаст фаъолият намудану ба дастовардҳои баланд ноил гардидан кори осон набуд. Аммо дар натиҷаи омўзиш, заҳмати шабонарўзӣ, ҷустуҷўҳои пайваста ў ба ҳайси як омўзгори муваффақ дар ҷомеа шинохта шуд. Муҳимтарин усули фаъолияти омўзгор ворид шудан ба ҷаҳони ботинии шогирд мебошад. Чунин усул имкон медиҳад, ки шогирдони сатҳи фаҳмиш ва донишашон гуногун ба таҳсили самаранок ҷалб шаванд.

 Аз соли 1997 то кунун беш аз 10 дастури методии худро ба нашр расондааст, аз ҷумла: “Ҳазору як масъалаи кимиё”, “Тарзи нави ҳалли масъалаҳо доир ба омехтаҳо”, “Ҳалли масъалаҳо доир ба маҳлулҳо”, “Ҳалли масъалаҳо доир ба олеум”, “Кори хаттии санҷишӣ аз фанни химия барои синфи 8”, “Корҳои хаттии санҷишӣ аз фанни химия барои  синфи  9”, “Олами  табдилотҳои химиявӣ”... Мақолаҳои илмӣ-методии Э.Холмуродов, дар сафаҳоти нашрияву маҷаллаҳои “Химия в школе”, “Мактаби советӣ” (ҳоло “Маърифати омўзгор”), “Омўзгор” ба чоп расидаанд. Дар озмуни умумииттифоқии омўзгорони Иттиҳоди Шўравӣ дар соли 1986 ғолибият ба даст оварда, бо Ифтихорномаи Ҷамъияти умумииттифоқии “Химикон”-и ба номи Менделеев ва мукофоти пулӣ қадрдонӣ гардидааст. Э. Холмуродов вакили Анҷумани 7-уми омўзгорони Тоҷикистон (соли 1987) ва Анҷумани 4-уми умумииттифоқии омўзгорони собиқ Иттиҳоди Шўравӣ (соли1988) будааст. Дар хонишҳои педагогии шаҳрӣ, вилоятӣ ва ҷумҳуриявӣ солҳои зиёде фаъолона ширкат намудааст.

 Омўзгори ҷўянда ва пуркор имрўз низ фаъолияти босамар ва густурда дорад. Дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 72-и шаҳраки Саразм бо роҳбарии ў маҳфили “Химикони ҷавон” амал мекунад. Бо ташаббуси бевоситаи Э.Холмуродов ба муносибати «Бистсолаи омўзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» аз фанҳои химия ва биология чорабиниҳои гуногун баргузор мегарданд, ки барои шогирдони муассисаи таълимӣ ниҳоят хотирмон ва ибратомўзанд.

 Дар соли таҳсили 2020-2021 шогирдонаш Насрина Сиддиқова ва Ҳуснулло Ҷўразода (хонандагони синфи 8) дар озмуни шаҳрӣ аз фанни химия сазовори ҷойи дуюм ва мукофоту ифтихорнома гардиданд. Шогирди дигараш Ҳуснулло Ҷўразода 14 майи соли 2021 дар озмуни шаҳрии “Илм-фурўғи маърифат” дар байни толибилмони синфҳои 8 ва 11 дар номинатсияи химия холи баландтаринро ба даст оварда, ба даври вилоятии озмун роҳхат дарёфт. Шогирди дигари омўзгор, хонандаи синфи 11 Манижа Рустамзода дар конфронси вилоятии “Эҷодкорони ҷавон” дар мавзуи “”Фосфор-элементи ҳаёт ва фикр” суханронӣ карда, соҳиби ифтихорнома гардид. 20 майи соли равон хонандаи синфи 11 Илҳом Бобомуродзода дар муколамаи илмии назди Академияи хурди илмҳо муваффақона ширкат намуда, дипломи озмунро ба даст овард. Омўзгор Э.Холмуродов дар мавзуи “Аҳамияти фосфор дар ҳаёти вуҷуди зинда (аз ҷумла, инсон ва рустанӣ)” тадқиқоти илмӣ мебарад. Тадқиқоти мазкур ба кони фосфорити соҳили рости рўди Зарафшон марбут аст, ки иктишофи геологиаш 50 сол қабл шуруъ шудааст. Тўли он 22 ҳазор метр, бараш 1500 метр ва ғафсии қабаташ 3,5 то 5 метрро ташкил медиҳад. Истихроҷ ва коркарди кони фосфорит эҳтиёҷоти соҳаи кишоварзиро бо нуриҳои фосфордор таъмин хоҳад кард.

Э.Холмуродов соли 1999 дар озмуни “Муаллими сол” иштирок карда, ғолиб дониста шуд. Барои дастовардҳояш соли 2000 соҳиби унвони «Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон» гардидааст.

 

Хушдили АБДУЛҒАФУР


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Ҳар чӣ бидурахшад, барои ҳамон лаҳза ба дунё омадааст.
Гёте

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш