Нашрияи Омӯзгор

Ҳидоятгари роҳи маърифат

Сана: 2021-09-30        Дида шуд: 811        Шарҳ: 0

 

Фаъолияти яке аз омўзгорони болаёқати ҷумҳурӣ - муаллимаи забони русии ДДТХ, Аълочии маорифи Тоҷикистон, Корманди шоистаи Тоҷикистон Валентина Андреевна Должикова сазовори ибрат ва ситоишҳост.

Должикова Валентина Андреевна  дар шаҳри  Орёли Федератсияи Россия  ба дунё омадааст.

Бояд қайд кард, ки оилаи Валентина Андреевна Должикова соли 1968  ба Ҷумҳурии Тоҷикистон омадаанд ва ҳамон сол ў ба факултети филологияи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон  (ҳоло ДМТ) дохил мешавад. Должикова Валентина Андреевна солҳои 1968-1973 дар  факултети филологияи  Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И. Ленин таҳсил намудаст. Соли 1973 баъди хатми донишгоҳ, сол дар мактаби миёнаи № 119-и ноҳияи Варзоб ба ҳайси омўзгори забони русӣ  ба кор шуруъ кардааст.

 Соли 1974 дар кафедраи забони русии Донишкадаи педагогии шаҳри Душанбе ба номи Т.Г. Шевченко (ҳоло ДДОТ ба номи  С.Айнӣ) то соли 1999 фаъолият намудааст.

Муаллима аз соли 1999 то соли 2016 дар кафедраи забони русии ДДТТ ба номи Абуалӣ ибни Сино ба хайси омўзгори калони кафедра фаъолият намуда, ҳамчун мутахассиси варзида, дар соҳаи методикаи таълими  забони русӣ дар мактабҳои олӣ борҳо дар конфронсҳои ҷумҳуриявӣ, байналмилалӣ ва донишгоҳӣ бо маърўзаҳо баромад кардааст. Таҳти роҳбарии ў ҳамасола донишҷўёни ДДТТ ба номи Абуалӣ ибни Сино дар олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ фаъолона иштирок намуда,  сазовори ҷойҳои фахрӣ мешаванд.

Муаллима аз соли 2017 бо таклифи раёсати Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон, ки дар шаҳри Данғара  мебошад, ба ҳайси омўзгори забони русӣ фаъолият намуда, аз муаллими калон то ба унвони илмии дотсент расидааст. Имрўз ў ба ҳайси профессори фахрии  кафедраи забонҳои ин донишгоҳ фаъолият дорад.

Бояд қайд кард, ки дар солҳои фаъолияташ дар ДДТТ ба номи Абуалӣ ибни Сино ў ду маротиба «Омўзгори сол»  ва дар Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон, дар шаҳри Данғара низ солҳои охир ду маротиба «Омўзгори сол»  эълон шудааст.

 Устоди  барўманд дар муддати 47 соли фаъолияташ аз фанни забони русӣ  шогирдони зиёдеро тарбия  карда,  соҳиби илму маърифат гардонидааст.

Ин бонуи собитқадам ба донишҷўён  бо маҳорати баланд машғулият мегузаронад, меҳру муҳаббати ононро  ба ин забони байналмилалӣ афзунтар ва бо  адабиёт ва фарҳанги халқи рус шинос менамояд. Муаллима аз зумраи методистонест, ки мунтазам дар конференсияҳои илмии ҷумҳуриявӣ  пажўҳишҳои  илмию методии  худро ба муҳокимаи ҳамкорону ҳамкасбон  мегузорад. Маърўзаҳои илмию методии ўро на танҳо олимону устодони Донишгоҳи  давлатии омўзгории ба номи С.Айнӣ ва ДДТТ ба номи Абуалӣ ибни Сино, балки устодони забоншиноси дигар донишгоҳҳои ҷумҳурӣ шунида, ба тадқиқоти ў баҳои  баланд додаанд.

Валентина Андреевна Должикова  айни ҳол  дар Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон ба ҳайси профессори фахрӣ фаъолият намуда, ба донишҷўён –табибони оянда аз фанни забони русӣ дарс медиҳад.

Ҳамин тариқ, бонуи  заҳматдўст Валентина Андреевна Должикова дар тўли 47 соли фаъолияти илмию омўзгориаш бештар аз 230 кори илмӣ-методӣ, мақолаю фишурдаҳо таълиф карда, ҳамчунин, дар нашри  китобҳои дарсӣ, дастурҳо ва маводи таълимӣ  саҳм гузошта, дар конфронсу симпозиумҳо, нишастҳои илмӣ  бо маърўзаҳои  пурарзиш суханронӣ  кардааст.

Хизматҳои муаллима, профессори фахрии Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон Валентина Андреевна Должикова бо мукофотҳои гуногун, аз ҷумла, ифтихорномаҳои Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино ва Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон  қадрдонӣ шуда, аз тарафи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон сазовори нишони Аълочии маорифи Тоҷикистон гаштааст. Барои хизматҳои пурсамараш дар таълиму тарбияи насли наврас дар ҷумҳурӣ Валентина Андреевна Должикова бо унвони Корманди шоистаи Точикистон (2015) мукофотонида шудааст.

Дар  ин фасли пурфайзи тирамоҳ, дар арафаи иди муаллимон, устоди азиз ва меҳрубон Валентина Андреевна Должиковаро табрику таҳният гуфта, ба ў умри дароз, саломатӣ, дили беғам ва комёбиҳои нав ба нави илмӣ ва методӣ  таманно дорем.

Манижа ЮЛДОШЕВА,

омўзгори кафедраи акушерӣ ва

гинекологии ДДТТ

ба номи Абуалӣ ибни Сино,

номзади илмҳои тиб,

Саидаҳмад Одинаев,

мудири кафедраи забонҳои 

ДДТХ, номзади илмҳои филологӣ,

Муниса ЮЛДОШЕВА,

омўзгори кафедраи эндокринологияи

ДДТТ ба номи Абуалӣ ибни Сино,

Раънохон КАМОЛОВА,

омўзгори кафедраи забони русии ДДТТ ба номи Абуалӣ ибни Сино

 


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Доштани дӯстони ҳақиқӣ замони зиёде металабад.
Бернард Шоу

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш