Нашрияи Омӯзгор

Ситоиши муборизон

Сана: 2021-09-30        Дида шуд: 799        Шарҳ: 0

 

Нашриёти «Адиб» маҷмўаи шеърҳоеро ба нашр расонид, ки ба ҷонибдории Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон дар Панҷшер иншо шудаанд.

Китоб «Ҳамосаи Панҷшер» ном дошта, дар он маҷмўаи ашъори шоирони гуногуни форсизабон мавҷуд аст ва дар муқовааш расми Қаҳрамони миллии Афғонистон Аҳмадшоҳи Масъуд ва писараш Аҳмад Масъуди хурдӣ оварда шудааст.  Маҷмўа бо ташаббуси муовини вазири фарҳанги Тоҷикистон, шоир ва публитсист Давлат Сафар омода шуда, аз ҷониби шоир Беҳрўзи Забеҳулло таҳрир шудааст.

Ин дувумин маҷмўаест, ки барои дастгирии Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон дар  Панҷшер аз чоп баромад. Қаблан дар Душанбе китоби «Мактуб ба Панҷшер» низ нашр шуд, ки он паёми зиёиён ва ҷавонони созандаи Тоҷикистон ба Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон, таҳти раҳбарии Аҳмад Масъудро дар бар мегирад.


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Ҳар чӣ бидурахшад, барои ҳамон лаҳза ба дунё омадааст.
Гёте

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш