Дар ҳошияи суханронии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо намояндагони ҷомеаи кишвар
Ҷаҳон бо суръати кайҳонӣ ба тағйироту дигаргуниҳо мувоҷеҳ гардида, дар ҳама соҳа пешравиҳо ба назар мерасанд. Бо вуҷуди ин, кишварҳои абарқудрат барои мустаҳкам намудани мавқеи хеш ҳамеша кӯшиш мекунанд. Инчунин, гурӯҳҳои ифротгаро одамони бегуноҳро зери хавфу хатар қарор дода, бо амалҳои террористиву экстремистии худ садҳо ҳазор нафарро ба ҳалокат расониданад.
Миллионҳо нафар ҷилои Ватан кардаанд. Дар мулоқоти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо намояндагони ҷомеаи кишвар (12.05.2018) авзои сиёсии ҷаҳон мавриди тахлилу баррасӣ қарор дода шуд. Дарвоқеъ, таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки ҳифзи истиқлолияти давлатӣ, ваҳдати миллӣ ва дигар муқаддасоти миллӣ аз мо, омӯзгорон ва тамоми ҷомеаи кишвар ҳушёрию зиракии сиёсиро талаб мекунад. Дар ҷанги Сурия 12 ҳазор нафар кӯдак ба ҳалокат расида, шумораи муҳоҷирони дохилӣ ба 7 миллиону 600 ҳазор нафар расидааст. Дар мулоқот таъкид гардид, ки танҳо дар ҷанги Сурия то имрӯз 460 ҳазор нафар кушта шудааст. Имрӯзҳо дар 40 нуқтаи олам муноқишаҳои мусаллаҳона идома доранд, ки дар онҳо тақрибан 30 давлати дунё бевосита ё бавосита ширкат мекунанд. ғайр аз ин, дар беш аз сад давлати дунё тақрибан 70 миллион нафар одамон бинобар нооромии вазъият ва амалҳои террористӣ манзили зист ва Ватани худро тарк кардаанд.
Мо, омӯзгорон, хуб дар ёд дорем, солҳои навадуми асри гузаштаро, ки кишвари мо ба ҷанги шаҳрвандии таҳмилӣ гирифтор шуд. Он солҳо иддае зери парчами ислом баромад карда, ба дасисаи хоҷагони хориҷии хеш ватанро ба гирдоби ҷанг кашиданд. Дар натиҷа Тоҷикистон зарари моддию маънавии зиёд дид. Бо талош ва заҳматҳои пайвастаи Сарвари давлат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Ватани азизи мо Ваҳдати миллӣ пойдор гардид. Имрӯз шукронаи онро мекунем, ки дар Тоҷикистон сулҳу ваҳдат пойдор аст ва мардум озодона фаъолияити пурсамар доранд. Дар як муддати кӯтоҳ Тоҷикистон ба як кишвари тараққикарда табдил ёфт.
Имрӯз, назди мо, омӯзгорон, вазифаи пурмасъулият - таълиму тарбияи насли наврас қарор дорад. Зеро дар ҷаҳони пуртазод миллату давлате рушду тараққӣ мекунад, ки насли ҷавони ӯ дар рӯҳияи худшиносиву худогоҳӣ ва ватандӯстӣ ба воя расидаанд. Инчунин, аз технологияи муосир ва забонҳои хориҷӣ бархӯрдор ва ҷаҳонбинии васеъ дошта бошанд. Дар кишвари мо тамоми шароит баҳри омӯзиши забонҳои хориҷӣ ва бархӯрдор гардидани ҷавонон аз технологияи муосир фароҳам оварда шудааст. Дар ин рӯҳия тарбия намудан маҳз вазифаи пурмасъулияти омӯзгор ба ҳисоб меравад. Дар дарсҳои тарбиявӣ мебояд ҳадафҳои созанда ва ваҳдатофаринии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба насли ҷавон фаҳмонд, то бидонанд, ки ваҳдати комили миллӣ барои халқи тоҷик ба осонӣ ба даст наомадааст. Дар ин маврид Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба маврид таъкид доштанд, ки ташаккулёбии миллати аз назари ҳувият баркамолу худшинос ва худогоҳу соҳибмаърифат кори саҳлу осон нест, балки раванди бардавому тӯлонии пешбурди корҳои тарбиявӣ дар оила, боғчаи кӯдакон, мактабу донишгоҳҳо, вазифаи доимии хизматчиёни давлатӣ, зиёиёну олимон, ҳизбҳои сиёсӣ, ҳаракатҳои ҷамъиятӣ, нависандагону шоирон ва ходимони дин мебошад, ки аз ормонҳои ҳазорсолаи халқи озодихоҳи мо, нияти неки мардуми ватандӯст ва хазинаи бузурги маънавии ниёгони некномамон сарчашма мегирад.
Мо, омӯзгорон, сиёсати пешгирифтаи созандаву бунёдкоронаи Пешвои миллатро дастгирӣ намуда, баҳри гулгулшукуфии Ватани азизамон - Тоҷикистон ҳамвора талош меварзем.
Зарина Алибоева,
омӯзгори синфҳои ибтидоӣ
Иловакунӣ
Иловакунии фикр