Нашрияи Омӯзгор

Ҷоизадор

Сана: 2021-09-30        Дида шуд: 780        Шарҳ: 0

 

Алидод Абдолбеков дар оилаи омўзгор рушду камол ёфтааст. Падари бузургвораш Гулаёз Абдолбеков аз муаллимони пешсафи фанни химия дар ВМКБ буд. То ба нафақа баромадан дар вазифаи мудири шуъбаи маорифи ноҳияи Роштқалъа кор кардааст.

Алидод аз овони мактабхонӣ дар мактаби миёнаи рақами 67 (ҳозира №26) пешаи падарро интихоб кард.

Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи М. Назаршоевро аз рўи ихтисоси биология соли 1999 бо муваффақият хатм намуда, чанд сол дар мактабҳои ноҳия ҳамчун муаллими ин фан кор кард. Ҳамзамон, мавсуф ба ҳайси роҳбари Иттиҳодияи методӣ ва мушовири фанни химия ва биология низ фаъолият кардааст.

Соли 2011 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ВМКБ дар вазъияти тантанавӣ, дар шаҳри Хоруғ мактаби Президентӣ барои хонандагони болаёқатро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд. Омўзгорони ин боргоҳи таълимиро ба тариқи озмун қабул намуданд, ки падару писар (Абдолбековҳо) аз ин озмун сарбаландона гузашта, ба ҳайси муаллими фанни химия ва биология фаъолияти худро дар ин таълимгоҳ шурўъ карданд ва муҳим ин ки, аз дасти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон калиди хонаи истиқоматиро соҳиб шуданд.

Аспиранти Пажўҳишгоҳи рушди маорифи Академияи таҳсилоти Ҷумҳурии Тоҷикистон Алидод Абдолбеков бо се забони хориҷӣ: англисиву русӣ ва олмонӣ озодона ҳарф мезанад.

 Аз январи соли 2011 то ба моҳи апрели соли 2017 дар вазифаи муовини директор оид ба корҳои таълимии муассисаи таълимии давлатии мактаби Президентӣ барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Хоруғ кор карда, айни ҳол аз фанни химия дар ин муассиса ба таълиму тадрис машғул аст.

 Муаллим, ҳамзамон, тренери ФДХТИБСКМ дар ВМКБ ва тренери Донишгоҳи Осиёи Марказӣ дар кишвар ва шаҳри Норини Ҷумҳурии Қирғизистон буда, бо ифтихорномаҳои зиёд ва соли 2014 бо нишонаи «Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон» сарфароз гардонда шудааст. Дар тўли 26 соли омўзгорӣ аз фанни химия шогирдонаш 24 медал дар арсаи ҷумҳурӣ ва 7 медал аз мамлакатҳои Туркия, Федератсия Россия ва Молдавия ба даст овардаанд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ  Раҳмон дар  арафаи ҷашни 30-юмин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон муаллими пуркору муваффақ Алидод Абдолбековро бо Ҷоизаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои олимону омўзгорони фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ сарфароз гардонд.

Ҷ.Қозибеков,

 «Омўзгор»


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Ҳар чӣ бидурахшад, барои ҳамон лаҳза ба дунё омадааст.
Гёте

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш