Нашрияи Омӯзгор

Риёзидони варзида ва донишманд

Сана: 2021-09-30        Дида шуд: 784        Шарҳ: 0

 

Омўзгорон машъалафрўзони ҷомеа мебошанд ва баҳри соҳибмаърифату донишманд гардидани насли наврас талошу пайкор менамоянд. Кору фаъолият ва заҳмати омўзгорон ҳамеша ибратбахши дигарон буда, ба муаррифии дастовардҳои онҳо дар роҳи шинохти бештар ва тарбияи насли наврас мусоидат мекунад.  Яке аз омўзгорони варзида ва фидоии соҳаи маориф, устод  Асадулло Шарифзода аст, ки наздик ба 50 сол баҳри фаро гирифтани донишҳои замонавӣ ба донишандўзон аз математика дарс мегўяд.  Мавсуф соли 1973 Донишгоҳи миллии Тоҷикистон (он вақт УДТ ба номи В. И. Ленин)-ро хатм кардааст ва аз ҳамон сол фаъолияти омўзгорияш оғоз ёфтааст. Соли 1990 дар мавзўи «Разделимость дифференциальных выражений с матричными и операторнымы потенциалами» рисолаи илмӣ дифоъ намуда, соҳиби дараҷаи илмии номзади илмҳои физикаю математика  гардид.  Инчунин, дар вазифаҳои мудирии кафедраи илмҳои умумӣ, техникӣ ва муҳандисии Донишкадаи ҳарбии Вазорати мудофиаи Ҷуҳурии Тоҷикистон, дотсенти кафедраҳои информатика, математикаи ҳисоббарорӣ ва механика, муовини декани факултети механикаю математика оид ба таълимии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, директори литсейи равияи табиию риёзии ДМТ  фаъолият намуда, аз соли 2013 инҷониб ҳамчун дотсенти ДМТ дар кори таълиму тарбияи толибилмони литсейи номбурда ва донишҷўён саҳм мегузорад.

Мавзуи тадқиқоти илмии А.Шарифзода васеъ буда, хосиятҳои сарҳадии функсияҳои голоморфии аз якчанд тағйирёбандаи комплексӣ вобаста ва назарияи операторҳои дифференсиалиро дар бар мегирад. Ҳангоми дар шаҳри Москва дар Институти ордени «Ленин»-дори ба номи В. А. Стеклови АФ СССР ба омўзиш ва таҷрибаомўзӣ машғул шуданаш ў дар ин равияи муосири илми математика дастовардҳои пурарзиши илмиро соҳиб гаштааст. Ба қалами А. Шарифзода беш аз 80 мақола, фишурда ва маърўзаҳои илмӣ тааллуқ дорад, ки қисми зиёдашон дар маҷаллаҳои бонуфузи хориҷ аз кишвар, аз ҷумла, «Доклады АН СССР», «Доклады АН России», «Успехи Математических наук», «Амerican Mathematical Society», «Mathematicfl Revyu» ва ғайра нашр шуда, дастраси аҳли илм гардидаанд. Мавсуф дар  якчанд конфронси бонуфузи илмӣ дар шаҳрҳои Москва, Новосибирск, Челябинск, Боку, Алма-Ато, Горкий иштирок намуда, дастовардҳои илми тоҷикро  муаррифӣ кардааст.

Баъди соҳибистиқлол гардидани Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаи навиштани китобҳои дарсии миллӣ ба миён омад. Дар давраи фаъолияташ дар ин донишгоҳ ў китобҳои дарсӣ ва маводи таълимию методии зиёдро таълиф намудааст. Китобҳои «Масъалаҳои шавқовари мантиқӣ», «Математика барои синфи 5», «Математика барои синфи 6», «Алгебра (китоби дарсӣ барои синфи 7)»,  «Математика барои  синфи 6», «Элементҳои  моделсозии математикӣ»,  «Масъалаҳои озмунҳо ва олимпиадаҳои математикӣ», «Донистан мехоҳам»,  «Луғати тафсирии мафҳум ва истилоҳҳои математика», «Маводи тестӣ барои омодагӣ гирифтан ба озмун ва олимпиадаҳо», «777 масъалаи олимпӣ бо ҳал, ҷавоб ё  нишондодҳояшон» аз ҷумлаи онҳо мебошанд. 

А. Шарифзода  зиёда аз 8 сол аст, ки дар Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон вазифаи ҷамъиятии раиси гурўҳи ҳамоҳангсози барнома ва китобҳои дарсии фанни математикаро ба уҳда дорад. Дар он олимони шинохтаи соҳаи омўзгории шаҳри Душанбе  шомил мебошанд. Устод Шарифзода дар ҳамаи ҷаласаҳои Шўрои миллии таҳсилот фаъолона иштирок карда, доир ба беҳтар гардидани сифати китобҳои дарсии фанни математика таклифҳо пешниҳод мекунад, камбудиҳои онҳоро хотиррасону таъкид карда, барои ислоҳашон ба муаллифон ва мураттибон тавсияҳои методӣ медиҳад. Ў, инчунин, яке аз поягузорони Стандарти давлатии таълими фанни математика буда, барномаи махсуси омўзиши фанни математикаи элементарии мактабиро пешниҳод кардааст.

Мавсуф  дар баробари кори таълиму тарбия бо васоити ахбори омма ҳамкории қавӣ дошта, навиштаҳояш мунтазам дар нашрияҳои соҳаи маориф ба табъ мерсанд.

Солҳои 1973-1987 А.Шарифзода дар ҳайати устодону мураббиёни мактабҳои тобистонаи физикҳо,математикҳо ва химикҳои наврас, ки дар давраи таътили тобистонаи хонандагон барпо мегардиданд, фаъолона иштирок карда,ба хонандагон аз фанҳои математикаи элементарӣ дарс медод ва онҳоро барои дохил шудан ба макотиби олии мамлакат ва берун аз он омода месохт. Се соли қаблӣ (2016-2018)  дар Маркази ҷумҳуриявии дарёфти рушд ва истеъдодҳои назди Вазорати маориф ва илм бо хонандагони болаёқат аз шаҳру ноҳияҳои гуногуни ҷумҳурӣ даъватгардида дар давраҳои таътили мактабиён дарс гузаронидааст. Машғулиятҳо дар сатҳи баланд барпо мегарданд ва онҳо ҳам барои хонандагону ҳам барои омўзгорони аз манотиқи гуногун омада, хеле ҷолиб ва таъсирбахш маҳсуб меёбад..

Устод  барои хидматҳои шоистааш дар рушди илму маориф ва таълиму тарбияи насли наврас ба Ҷоизаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи маориф ва нишонҳои “Аълочии маорифи Тоҷикистон», «Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон»,  «Аълочии матбуоти Ҷумҳурии Тоҷикистон» қадрдонӣ шудааст. Соли равон барои дастовардҳо дар самти фанҳои дақиқ ва риёзӣ бо Ҷоизаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои олимону омўзгорони фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ сарфароз гардид.

Н. ОХУНЗОДА,

“Омўзгор” 


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Зиндагии беҳуда марги зудҳангом аст.
Гёте

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш