Нашрияи Омӯзгор

Қимати мард на ба симу зар аст

Сана: 2021-09-30        Дида шуд: 799        Шарҳ: 0

 

Омўзгорӣ  аз қабили он касбҳоест, ки мақому мартабаи инсонро дар байни аҳли ҷомеа афзуда, худи омўзгорро соҳиби иззату ҳурмати умум мегардонад. Омўзгор дар тамоми давру замонҳо устоди маънавӣ, тарбиятгари рўҳи инсон буда, бо ин кори наҷибаш аз ҷониби ҳамагон сазовори қадршиносӣ шудааст. Ў ҳамеша бо андешаи нек, дили софу пок хидмати халқро ба ҷо оварда, ба фарзандони халқ дарси ахлоқу одоб, маърифату фазилат, инсондўстию инсонгариро омўхтааст.

Дар шароити кунунӣ низ вазифаи омўзгор бештар мураккаб гардида, дар кори азими таълиму тарбияи насли наврас, ки ояндасози миллатанд, назаррастар ба чашм мерасад. Алҳол дар ҷумҳурии соҳибистиқлоли мо шумораи омўзгорони пуртаҷрибаю эҷодкор, ташаббускору салоҳиятнок ва масъулиятшиносу навовар, ки пешрафти ҷомеа ба онҳо вобастагии муҳим доранд, зиёд  шуда истодаанд.

Як сол боз ман тибқи нақшаи кории кафедра ва дар ҳамкорӣ бо шуъбаи маорифи шаҳри Ҳисор ба омўзиш ва паҳн намудани таҷрибаи пешқадами омўзгори муасссисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 50-и шаҳри Ҳисор Нахим Мирзоев машғул ҳастам.         

Ин омўзгори фаъол пас аз хатми  Донишгоҳи давлатии омўзгории шаҳри Душанбе  ба номи С.Айнӣ фаъолияти педагогиашро аз соли 1986  ба ҳайси омўзгори таъриху ҳуқуқ дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 50-и шаҳри Ҳисор оғоз намудааст. Аз ҳамон вақт то ин ҷониб номбурда ҳамчун омўзгори эҷодкору мутахассиси варзида барои пешрафти соҳаи маориф, тарбияи насли наврас, баланд бардоштани савияи дониши шогирдон ва саодату ободии кишвари хеш  камари ҳиммат баста, кору фаъолият карда истодааст. Ҳангоми шиносоӣ ва  суҳбат ў бо ёдоварӣ ва ифтихормандӣ чунин иброз намуд: «Андешаи омўзгор шудан дар қалбам ҳанўз аз солҳои мактабхониам маъво гирифта, маро ором намегузошт. Ин орзу қалби маро пурра дар бар гирифта буд. Мехостам зудтар мактабро хатм кунаму  омўзгор шавам ва ба шогирдон аз таъриху фарҳанг,  ва адабиёти пурғановати ниёгони хеш сабақ омўзонам. Шогирдонро дар рўҳияи хештаншиносӣ, ватандўстӣ, илмдўстӣ, инсонпарастӣ ва дўст доштани меҳани худ тарбия намуда, дар оянда аз ҳисоби онҳо шахсони арзандаи ҷомеаро ба воя расонам. Имрўз, аз он шодам, ки касби омўзгориро пешаи худ  намуда  ба орзуи худ расидаам».

Роҳбарияти мактаб кордонию фаъолияти педагогии ўро ба эътибор гирифта, соли 1987- 1990 ба вазифаи ҷонишини бахши тарбия таъйинаш мекунад. Меҳру муҳаббат ба касби дўстдошта, шавқу рағбати зиёд ба мероси ниёгон ўро водор сохтааст, ки кори хайреро дар ҳаққи мактабу хонандагон ва ҳамдеҳагон  ба ҷо орад. Нахим Мирзоев соли 1987 бо дастгирии маъмурияти мактаб ва сарвари он Ашўров Маҳмадмурод як осорхонаи бою ғаниро таъсис медиҳад, ки дорои зиёда 1300 намуд номгўйи нигораҳо, маводи таърихиву кишваршиносӣ мебошад. Айни замон ин осорхонаи таърихӣ-кишваркушоӣ ҷойи дўстдоштаи толибилмону хонандагон ва устодону волидайн  гашта, мавриди истифода қарор дорад. Нахим Мирзоев дар муддати фаъолияти кориаш дар бисёр озмунҳои фаннӣ, таърихию кишваркушоӣ, адабӣ ва фарҳангии ноҳиявию ҷумҳурӣ иштирок карда, сазовори мукофотҳои хотиравӣ, аз  ҷумла, ифтихорномаҳои Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ, Ифтихорномаи шуъбаи маориф ва дигар унвонҳо гардидааст. Ў барои сайқал додани савияи дониш, малакаю маҳораташ дар курсҳои такмили ихтисос, семинарҳои мақсаднок ва  озмуни  «Муаллими сол» ширкат намуда, соҳиби ҷоиза гаштааст.

Нахим Мирзоев дар навиштани мақолаҳои илмӣ-методӣ, тақризу тавсияҳо барои омўзгорони ҷавон маҳорати хуб дорад. Зиёда аз 200 мақола ба табъ расонида, барои хонандагону омўзгорони ноҳия пешкаш кардааст.

Дар тўли 32 соли фаъолияти педагогӣ ў дар пешрафти ҳаёти ҷамъиятии мактаб, корҳои таълимию  тарбиявӣ ва тайёр намудани шогирдон ба озмуну олимпиадаҳо ва дохилшавӣ ба макотиби олию коллеҷҳо  хизмати арзанда  кардааст.   

Ҳ. Ҳалимова, 

корманди   ДҶТИБКСМ


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Одам будан мубориз будан аст.
Гёте

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш