Нашрияи Омӯзгор

Кимиёшиноси соҳибмактаб

Сана: 2021-09-30        Дида шуд: 826        Шарҳ: 0

 

18 августи соли 2021 дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба истиқболи ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба намояндагони касбу кори гуногун, ки дар фаъолияти корӣ натиҷаҳои назаррас доранд, мукофот ва унвону ҷоизаҳои давлатӣ супориданд.

Дар ин ҳамоиши тантанавӣ ба 15 нафар олиму омўзгори фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соли 2021 ҷоиза тақдим гардид. Дар қатори онҳо ҳамчунин, профессори кафедраи химияи органикӣ ва биологии Донишгоҳи давлатии омўзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ, устоди гиромӣ Сироҷиддин Бандаев низ барандаи Ҷоизаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои олимон ва омўзгорони фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соли 2021 гардид.

Сироҷиддин Бандаев кимиёшиноси маъруфи тоҷик, доктори илми кимиё (1992), профессор (1993), узви вобастаи Академияи таҳсилоти Тоҷикистон (2005), академики Академияи илмҳои байналмилалии мактабҳои олӣ (МАН ВШ) (2000), Корманди шоистаи Тоҷикистон (1998), барандаи Ҷоизаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи маориф (2012), барандаи Ҷоизаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои олимону омўзгорони фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ (2021) мебошанд.

Тадқиқотҳои илмии профессор С.Бандаев ба омўхтани қонуниятҳои (қобилияти реаксионӣ, стереохимия ва механизм) реаксияи арилсиклопропанҳо бо намакҳои симоб (II) ва модификатсияи маҳсулоти реаксия ба пайвастагиҳои алкиларилӣ ва гетеросиклии бисёрфунксионалӣ бахшида шудаанд. Дар натиҷаи тадқиқоти бисёрсолааш усули ҳосил кардани як силсила спиртҳо ва эфирҳои V-меркуриронидашудаи бисёрфунксионалиро ихтироъ карда, роҳҳо ва нақшаҳои нави истифодаи синтетикии онҳоро нишон додааст. Ихтироъҳои мазкур имконият медиҳанд, ки навъҳои васеи орто-ҳосилаҳои нитрозобензолҳо барои ҳосил кардани пайвастагиҳои алкиларилӣ ва гетеросиклии бисёрфунксионалӣ ба сифати моддаҳои аввалия синтез карда шаванд.

С.Бандаев муаллифи 2 рисола, 20 китоби дарсӣ ва васоити таълимӣ, 58 дастури методӣ ва зиёда аз 300 мақолаи илмӣ, илмӣ-методӣ ва илмӣ-оммавӣ ва таҳиягари «Стандартҳои давлатии таҳсилоти олии касбӣ» аз рўи ихтисосҳои омўзгорӣ мебошад. Иштирокчии симпозиуми ИЮПАК ш.Москва (1986) ва ш. Қоҳира (1992) буда, дар як қатор анҷуману конференсияҳои ҷумҳуриявӣ, минтақавӣ, умумииттифоқӣ ва байналхалқӣ бо мавзуъҳои илмӣ баромад намудааст. Дар тарбияи даҳҳо мутахассиси баландихтисос саҳми арзанда дорад. Бо роҳбарии ў 15 нафар рисолаи номзадӣ дифоъ намудаанд.

Дар ҷумҳурӣ тамоми китобҳои дарсӣ, воситаҳои таълимӣ ва барномаҳои таълимӣ аз фанни химия барои муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва ихтисосҳои омўзгорӣ таҳти роҳбарии профессор устод С.Бандаев таҳия гардидаанд. Аз ҷумла, китоби «Химияи органикӣ» барои синфи 10, ки муаллифи он профессор С.Бандаев мебошад, аз рўи «Натиҷаҳои экспертизаи ҷамъиятӣ оид ба сифати китобҳои дарсии барои мактабҳои таҳсилоти умумӣ нашршуда» тибқи хулосаи экспертҳо, муаллимон ва талабагон, миқдори аз ҳама зиёди холҳоро дар байни китобҳои дарсии табиатшиносӣ-математикӣ гирифтааст. Хонандагон ҳангоми арзёбии китобҳои дарсӣ бештар ба дастрасӣ ва фаҳмо будани мавод, шавқовару диққатҷалбкунанда будани услуби баёни мавод, аҳамияти омўзиши фанни таълимӣ дар ҳаёт, гуногун будани супоришҳо ва ғ. таваҷҷуҳ зоҳир кардаанд. Аз рўи ин меъёрҳо китоби «Химияи органикӣ» барои синфи 10 беҳтарин китоби дарсӣ дониста шудааст.

 Устод С.Бандаев ба ҳайси олими шинохтаву муътабар ва мавриди эътирофи умум як қатор вазифаву масъулиятҳои ҷамъиятиву расмиро ба уҳда дорад. Аз ҷумла, ў аз соли 2018 то ҳол раиси Шўрои диссертатсионӣ доир ба дифои рисолаҳои номзадӣ аз рўи ихтисоси «Назария ва усули таълиму тарбия» (химия ва биология), аз соли 1993 инҷониб узви Шўрои диссертатсионӣ доир ба дифои рисолаҳои докторӣ ва номзадии Институти химияи АИ ҶТ (ВАК-и ФР), аз соли 2017 узви Шўрои диссертатсионӣ доир ба дифои рисолаҳои докторӣ ва номзадии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва ҳамзамон, аз соли 1995 ин ҷониб раиси гурўҳи коршиносони Шўрои миллии таҳсилоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба химия мебошад.

Донишҷўён таҳти роҳбарии ў борҳо дар озмунҳои илмӣ ва олимпиадаҳои ҷумҳуриявию байналмилалӣ ғолиб омадаанд. Ў дар ҳаммуаллифӣ бо донишҷўён зиёда аз 20 мақолаи илмӣ дар маҷаллаҳои ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ чоп кардааст.

 Солҳои 1985-1990 Донишкадаи давлатии омўзгории Тоҷикистон ба номи С.Айнӣ аз ҷониби Вазорати маълумоти олӣ ва миёнаи махсуси ИҶШС ҳамчун базаи ташкил ва гузаронидани Олимпиадаи умумииттифоқии «Донишҷў ва прогресси илмӣ-техникӣ» аз химия тасдиқ гардида буд. Раиси ҳакамони ин олимпиада, бо фармони вазири маълумоти олӣ ва миёнаи махсуси ИҶШС дотсент С.Бандаев таъйин гардида буд, ки ин аз обрўю эътибори донишкада ва кафедра дар арсаи ИҶШС шаҳодат медод.

Профессор С.Бандаев яке аз собиқадорони Донишгоҳи давлатии омўзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ мебошад. Дар тўли зиёда аз 50 соли фаъолияти омўзгории хеш дар рушду нумуи ин махзани илму маърифат саҳми арзанда гузоштааст. Ҳамчун муовини ректори донишгоҳ оид ба илм (1985-1997 ва 2007-2008) ва оид ба таълим (1997-2007) барои ҷалб намудани ҷавонони лаёқатманд ба аспирантураву докторантура, ҷалб кардани омўзгорони варзида барои таҳияи китобҳои дарсӣ (барои мактабҳои олӣ ва таҳсилоти ҳамагонӣ), такмили раванди таълим дар донишгоҳ, гузаштан ба таълими бисёрзинагӣ ва амалӣ гардонидани он дар факултаҳо, муайян намудани мазмун ва мундариҷаи таълим барои ихтисосҳои омўзгорӣ, навиштани барномаву нақшаҳои нави таълимӣ барои зинаҳои бакалавр, мутахассис, магистр ва коллеҷҳои омeзгорӣ хидмати арзанда кардааст.

 

С.ҚОСИМӢ,

муовини аввали ректори

ДДОТ ба номи С.Айнӣ,

У. МИРСАИДОВ,

академики АМИ ҶТ,

А.МАНОНОВ,

Корманди шоистаи Тоҷикистон


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Бикӯшем, то нек биандешем ҳамин аст оғози ахлоқ.
Паскал

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш