Нашрияи Омӯзгор

Ба устодон

Сана: 2021-09-30        Дида шуд: 789        Шарҳ: 0

 

 

Шодам, ки устодо, ман аз ту ҳарф хондам,

Афкори неку хубат бар зеҳни худ нишондам.

Он гунае  ки гуфтӣ аз рўйи неккорӣ,

Он сон ба нафъи мардум ман ҳам қалам бирондам.

 

Дарси ту буд бар ман сад дафтари маонӣ,

Сад дафтари маонӣ дар роҳи зиндагонӣ.

Дар ҷодаҳои ҳастӣ аз ту сабақ гирифтам,

Бар хештан кушодам аз роҳи ту ҷаҳоне.

 

Устод,  гуфта будӣ, омўзгор бошам,

Дар ҷодаи дигар низ соҳиббарор бошам.

Аз касби хеш бояд нони ҳалол ёбам,

Аз дастмузди худ ман дар ифтихор бошам.

 

Имрўз  ҳар чи гуфтӣ, бо роҳи ту равонам,

Берун зи гуфтаи ту ҳаргиз қадам намонам.

З-ин рўй, аз дигарҳо болотарат гузорам,

Номи ту, устодо, умрест дар забонам.

 

Ҳар дарси ту бароям дастури  ҷовидонӣ,

Сарманшаи муҳаббат, неруи комронӣ.

Бо панду ҳикмати ту равшан кунам раҳи хеш,

То беҳтар бибинам фардои зиндагонӣ.

 

Карим Нофеӣ,

омўзгор, Аълочии маориф ва илми Тоҷикистон


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Бузургон ҳеҷ гоҳ носипос набудаанд.
Гёте

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш