Нашрияи Омӯзгор

Устод аз наҷот баҳра диҳад

Сана: 2021-09-30        Дида шуд: 865        Шарҳ: 0

 

Аҳли хирад аз қадим таърифу тавсифи ҳунар намуда, ҳунармандиро муҳимтарин фазилати инсонҳо донистаанд ва таъкид кардаанд, ки маҳз ҳунар мавқеи шахсро дар ҷомеа муайян месозад, боиси обрўю эътибор дарёфтан ва зиндагии осоишта ба сар бурдани ҳар фард мегардад. Дар ҷаҳон теъдоди касбу ҳунару пешаҳо хеле зиёд аст ва ҳар нафар  бояд мувофиқ ба шавқу завқ, дарку фаҳм ва имкону тавони худ ҷодаи шоистаеро интихоб намояду аз пайи ҳунаре ҳаёташро таъмин бикунад.

Шоиру нависандагони тоҷик бо ҳадафи ба ҳунармандӣ ҷалб намудани одамон, махсусан, наврасону ҷавонон дар эҷодиёти худ ба ситоиши пешаву ҳунарҳо эътибори махсус додаанд. Онҳо зикр намудаанд, ки ҳамаи пешаҳо муҳиму дархури зиндагиянд ва эътибори касбу ҳунар ба маҳорату малака ва меҳру садоқати соҳиби он вобастагии  қавӣ дорад. Бо ин ҳама, бузургон ба чанд пеша имтиёз қоил шудаанд, ки яке аз онҳо пешаи омўзгорист. Омўзгор инсонофар аст, соҳибони тамоми ҳунарҳо маҳз аз омўзгор сабақ гирифтаву ба ибораи маъмул, ба ҷое расидаанд.

Омўзгор шахси ифтихории ҷомеа, соҳибэътимоду баландмартаба, сазовори эҳтироми ҳамагон аст. Тамоми бузургони дунё пеши омўзгор сар фуруд овардаву беш аз падар ҳурмату эҳтиромаш кардаанд. Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ситоиши омўзгор бо камоли самимияту эътиқод гуфтаанд: «Маҳз муаллим аст, ки доимо меомўзад ва он чӣ андўхтааст, ба дигарон таълим медиҳад. Миллате, ки омўзгори асил надорад, ҳеҷ гоҳ ба ягон мартаба намерасад. Ифтихор ва сари  баланди мост, ки тоҷикон аз қадим соҳиби китобу қалам, илму маърифат ва олиму омўзгор буданд ва дар оянда низ хоҳанд монд.» Ин суханони баланду дилписанд, дар ҳақиқат, шоиста  ба унвони ҳар омўзгори асилу хирадвар аст. Ба тасдиқи муҳаққиқони соҳаи адаб, омўзгор ва пешаи наҷиби ў ҳанўз дар қадимтарин сарчашмаи таърихии тоҷикон – китоби «Авасто» тавсифу ситоиш шудааст. Ин анъана минбаъд давом ёфтаасту аксари шоирон дар васфи омўзгор самимона қалам рондаанд. Бо омўзгорон будан ва аз хираду дастури онҳо баҳраманд шуданро суханвари бузург, ҳамосасарои беназир Абулқосим Фирдавсӣ чунин таъкид намудааст:

Чу хоҳӣ, ки ранҷи тан ояд ба сар,

Аз омўзгорон мабар таби сар.

 Ба ифодаи ҳакими тавонову волосухан Носири Хисрав, шогирди устод будан шарафмандист ва оне, ки хидмати устод мекунаду аз хиради ў пайваста баҳраманд мешавад, дастури устодро иҷро менамояду дониш ба дониш зам месозад, худ рўзе ба мартабаи ў мерасад, омўзгор мешавад, иззату икром дармеёбад:

Ба шогирдӣ ҳар он, к-ў шод гардад,

Бувад рўзе, ки худ устод гардад.

Дар эҷодиёти баландпояву пурмуҳтавои шоирони барҷастаи халқи тоҷик, аз ҷумла, абармардони олами адаб Саъдии Шерозӣ, Абдураҳмони Ҷомӣ, Камолиддин Биноӣ, Бедили Деҳлавӣ, Соиб, Сайидо… ситоишномаи омўзгор дар сатҳи хеле баланд аст. Агар Саъдии Шерозӣ «Суҳбати ҷонпарвар аст суҳбати омўзгор» ва «Ҷаври устод беҳ зи меҳри падар» гуфта бошад, Камолиддини Биноӣ мавқеи омўзгорро болотар аз ҳама донистааст:

Ҳаққи устод аз падар беш аст

В-аз падар устод дар пеш аст.

Гар падар аз ҳаёт баҳра диҳад,

Устод аз наҷот баҳра диҳад.

Боиси ифтихору шарафмандист, ки ин мавзуи муборак – тараннуму ситоиши омўзгор ва пешаи наҷиби ў то ба имрўз дар адабиёти пуровозаи тоҷик идома дорад. Ин мавзуи ифтихори ҷовидонист.

 

Сангина Мародмамадова,

асистенти кафедраи фанҳои

гуманитарии коллеҷи техникии ДДТТ ба номи М.Осимӣ


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Муҳимтарин вазифаи мо дар назди мардумон ростӣ дар гуфтору кирдор аст.
Ҳегел

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш