Имрўзҳо дар матбуоти даврӣ, алалхусус, матбуоти соҳавӣ ҷиҳати ислоҳоти соҳаи маориф ва беҳтар намудани сифати таҳсилот пешниҳодҳои ҷолиб ба назар мерасад. Аксари онҳоро метавон ҳамчун як ҷузъи тадбирҳои беҳтар намудани сифати таҳсилот қабул кард. Ба андешаи мо, дар маҷмўъ, объекти асосии ин таҳаввулот худи омўзгор аст.
Донишманди номвари тоҷик, мактабшиноси маъруф, устод Муҳаммадулло Лутфуллозода дар хусуси пешаи омўзгорӣ дар китоби маъруфи худ «Педагогикаи башар» чунин мегўяд: «Воқеан, муаллимӣ касб нест, муҳаббат аст, инро дигарон ҳам гуфтаанд. Ин ишқро аз хурдӣ дар кўдакон парвардан лозим. Дар бораи Муҳаббат Маҳмудова бисёр гап мезанем, ў дар синф кўдаконро «муаллим» таъйин мекард ва худ дар як гўша нишаста наззора мекарданд. Дида мешуд, ки кўдаки синфи 3 ё 4 синфро идора мекард, нишонаи муаллими ояндаро зоҳир мекард. Ҳамон кўдакон муаллимони ояндаанд. Дида мешуд, ки кўдаке, ки синфро идора мекард, нишонаи муаллими оянда аст. Пешакӣ инро ба нақша гирифтан даркор. Шарти нави имтиҳонҳои марказонидашудаи тестӣ гапи дигар, дар ин ҷо бача аслан мувофиқи холи гирифтааш ба ин ё он мактаб шомил мегардад. Агар ишқи муаллимӣ дар дилаш бошад, ихтисосро дар ҳамон ҷо ҳатман менависад, ба шарте ки аз мактаб инро мо тайёр карда бошем ва ў ба ин чиз омода шуда бошад».
Доктори илмҳои психологӣ Шалва Амонашвили менависад, ки «Агар ба назди кўдакон бе қалби гарм равед, дарс намешавад. Технология баргузор мегардад, аммо дарс не. Дарс ин вақтест, ки кўдак аз он рўшноӣ мегирад. Агар дарсро бе дили гарм гузаронӣ, шуморо кўдакон мебинанд, (мушоҳида мекунанд), чизеро ба хотир мегиранд, чизеро месупоранд, баъдтар имтиҳон. Шумо баҳо мегузоред, ва сонитар онҳо ин донишҳоро туф карда мепартоянд.
Қалби худро кушодан лозим аст. Ва боз як масъалаи дигар – рўҳбаланд намудани шахсе, ки ба ин эҳтиёҷ дорад. Дар ў бовариро ба худ бедор намудан. Чунин педагогика мумкин аст, вай ҳақиқӣ буда, аз ҳолатҳо вобастагӣ надорад. Ман худам ташаккулдиҳандаи ҳолатҳо мебошам. Дар куҷое бошам, он ҷо педагогикаи ман – қалбам, тафаккурам бо ман аст.
Ҳар як омўзгоре, ки дарс мегўяд, дарҳол аз он худаш дарс мегирад.
Чунин омўзгорон бо хонанда - шогирдон мисли бародар, роҳнамо ва роҳбалад кор мекунанд. Сирри муваффақияти ин омўзгоронро дар муносибати хеле самимӣ ва бародаронаи тарафайн мебинем.
Садҳо маротиба муътақид ҳастем, ба бача омўзонидани чизе, аз ҷумла, маҳорати мустақилона фикр карданро, мумкин аст фақат бо роҳи муносибати ниҳоят бодиққатона доштан ба шахсияти ў амалӣ намоем.
Имрўз, ба назари мо чунин менамояд, ки мазмуни фаъолияти системаи маорифи муосир барои дар ҳаёт татбиқ намудани донишҳо не, балки барои бомуваффақият супоридани имтиҳонҳо (дар Маркази миллии тестӣ – шарҳи мо) нигаронида шудааст...
Фикри шахсии мо ин аст, ки омўзгори имрўза бояд хушмуомила, саводнок, сахтгир ва бидуни коҳилӣ касбашро дўст дорад.
Омўзгори имрўза бояд инсони ҳаматарафа саводнок бошад, мавзуи дарсро сода ва фаҳмо баён карда тавонад, компютер ва дигар воситаҳои техникии таълимро дар мактаб истифода бурда тавонад. Доираи дониши муаллими имрўза фарох буда, аз ҳисоб (арифметика) то донишҳои муҳити атрофро дар бар мегирад.
Аз ҳама мушкил дар касби омўзгорӣ он аст, ки ҳамеша кор мекунад: ба дарсҳо тайёр мешавад, дарс мегузарад, супоришҳоро месанҷад, донишҳои худро ба бачаҳо мерасонад (баён мекунад). Муаллим як ташвиш, ғамхорӣ ва дилсўзии асосӣ дорад, ки он хонандаро барои ба дониш муҳаббат доштан даъват кардан аст. Ў нисбат ба ҳар як хонанда бояд бодиққат бошад. Аксари хонандагон мефаҳманд, ки муаллимон кадом масъалаҳои мураккабро ҳал мекунанд: баҳо гузоштан, фаҳмонидани машғулиятҳо, робита бо хонандагон, омўзгорон ва волидон.
Муаллим будан – бовар доштан аст. Бовар доштан ба имконияти тағйир додани олам тавассути маърифат, бовар доштан ба одам ва ба он чи, ки боигариҳои зеҳнӣ аз ҳама боло меистанд. Таҳаммули мо, меҳрубонӣ, қобилияти аз дунболи худ бурдани хонандагон дар фатҳи қуллаҳои нав илҳом мебахшад.
Комёбӣ ва муваффақияти шогирдон барори мост.
Бигузор, таҷриба ва шуълаи ҳамешафурўзони садоқат ба касбамон барои инкишофи минбаъдаи сатҳи зеҳнӣ ва маънавии насли наврас хизмат намояд.
Маҳбуба САМИЕВА,
омўзгори забони англисии
МТМУ №38, ноҳияи Сино,
шаҳри Душанбе,
Сайидамир ВАЛИЗОДА,
собиқадори соҳаи маориф
Иловакунӣ
Иловакунии фикр