Нашрияи Омӯзгор

Сипосатро ба ҷо меорам, устод!

Сана: 2021-09-30        Дида шуд: 786        Шарҳ: 0

 

Ҳамагон шоҳиди онем, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба рушди илму фарҳанг ва маънавиёти ҷомеа, махсусан, ба таълиму тарбияи насли наврас эътибори аввалиндараҷа ва ҳамешагӣ дода, барои пешрафти мактабу маориф ва тайёр намудани мутахассисони соҳиби донишу малакаи баланди касбӣ ҳамаҷониба мусоидат менамоянд.  

Дар Паёми имсолаи Сарвари кишвар ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла, қайд гардид, ки «Дастгирии соҳаи маориф ва баланд бардоштани мақоми омўзгор, дар навбати аввал, аз он ҷиҳат муҳим мебошад, ки аҳли маориф дар рушди неруи инсонӣ саҳми бевосита дошта, яке аз қувваҳои пешбаранда ва фаъоли ҷомеаи имрўза ба шумор мераванд ва гузашта аз ин, пешрафти тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа ва давлат ба сатҳи рушди маориф вобастагии мустақим дорад.»

 Аз ҳамин нигоҳ, вуҷуди омўзгор, ки машъали илму донишро дар пайкари зиндагӣ фурўзон менамояд, болотар аз пиндор ва дурахшонтар аз таҷаллии хуршед аст. Шахсияти омўзгор намунаи баланди одамият ва таҷассуми фазилатҳои писандида эътироф шуда, тавозўъ ва хоксориаш нишони арҷмандӣ, сарбаландӣ ва хирадварии ўст. Ранҷу машаққат ва заҳмату шабзиндадориҳое, ки омўзгор барои тарбияи насли шоиста таҳаммул мекунад, сарчашмаи файзбахши зиндагист, ки қалби шогирдонро ҳар лаҳза шодоб месозад. Омўзгорӣ муқаддастарин пеша ва асоси ободии ҷомеа буда, маҳз ў ба инсон зиндагӣ кардан, дўст доштан, эҳёгарӣ, эҷодкорӣ ва шинохти оламу одамро меомўзад. Аз ин рў, бовар дорем, ки ин сатрҳо маромномаи ҳар шахс буда метавонанд:

Сипосатро ба ҷо меорам, эй омўзгори ман,

Ки ҳастӣ раҳкушою раҳнамо дар рўзгори ман.

Ту гаштӣ боиси парвози ман дар осмони бахт,

Дар ин майдони санҷиш боиси авҷу барори ман.

Омўзгор дар замири шогирдон тухми некиву накукорӣ кошта, эҳсоси баланди шинохти Ватан, Модар, Миллат, нангу номусро бедор ва тақвият мебахшад. Таҷрибаи таърихӣ шаҳодат медиҳад, ки афроди босаводу донишманд барои ҳар як давлату миллат сарвати бебаҳо ва неруи тавонои зеҳнӣ ба шумор мераванд, бинобар ин, дар асоси таҷрибаи таърихиву арзишҳои фарҳангии миллӣ тарбия намудани насли наврас ва омода намудани мутахассисони соҳибкасб яке аз вазифаҳои муҳими соҳаи маориф ба шумор меравад. Дар ин ҷода таманнои онро дорем, ки кулли алоқамандони таълиму тарбияро муваффақият ва барору комёбиҳо ёр бошанд.

Абдуҳафиз АБДУҚОДИРОВ,

н.и.т., дотсенти Донишгоҳи давлати

ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Ҳеҷ инсоне он қадар сарватманд нест, ки гузаштаашро бихарад.
Оруэлл

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш